Чунин ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон шумори ҳарчӣ бештаре худро ба соҳили чунин мардум мезананд ва аз соҳили дигари ин дарё, яъне аз мақомот, таваққӯи зиёд надоранд. Ба ҷуз ин ки зиёд ғамаш надиҳанд. Мисли Нуралӣ, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки мегӯяд: “Барои мо фарқ надорад, кадоме ки шавад, тинҷӣ бошад. Таваҷҷуҳ кунем ё на хоҳ-нохоҳ Ҷаноб мегузарад. Барои мардуми камбағал чӣ фарқ дорад, фақат тинҷӣ бошаду имкон диҳанд, ки мардум нонашро ёбаду хӯрад.”
Навмед набояд шудан аз гардиши айём...
Хабарнигори тоҷик Раҷаби Мирзо, ки ин шабурӯз саргарми таблиғи номзадиаш дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Восеъ аст ва ҳар рӯз бо мардум мулоқотҳои рӯбарӯ дорад, низ мегӯяд, мардуми одӣ райъи худро дар интихобот заррае ҳалкунанда намешуморанд ва имрӯз барои ӯву ситодаш як масъалаи асосӣ ҳамин шудааст, ки чигуна дар зеҳни мардум ин фикри манфии шаклгирифта нисбат ба интихоботҳоро дигар кунанд: “Дар маҷмӯъ, ҳис мешавад, ки мардум як навъ рӯҳафтода шудаанд. Ва сабаби инро низ бояд дуруст фаҳмид. Мардум имрӯз дигар ба қавлу ҳарфи касе эътимод надорад ва ба хулосае расидааст, ки ҳар мушкиле, ки ба сараш меояд, танҳо ва танҳо худаш метавонад ҳал кунад, касе ҳам парвои зиндагии ӯро надорад ва ҳарфи ӯ шунида ҳам намешавад. Ва дар натиҷа фазое эҷод шудааст, ки гӯё мардумро бо тамоми мушкилоташ ба ҳоли худ партофтаанд.”
Ба бовари ҷомиашиносон, воқеиятҳое, чун фасоду ҳарчӣ бештар дар дасти як хонаводаи ҳоким мунсаҷим шудани тиҷоратҳои асосии кишвар ва барои бақия боқӣ мондани танҳо роҳи мардикорӣ ва он ҳам дар Русия, тақаллуби интихоботҳо, бебарқиву бегазӣ ва мурдани кор дар сохтмони Роғун, назорати ҳарчӣ бештари давлат ҳатто бар ҳарими зиндагии хусусиву мазҳабии мардум, чун дар мисоли танзими тӯю азо ё манъи ҳиҷоб фикреро дар зеҳнҳо шакл додааст, ки аробаи давлат аз мардум ҷудост ва ҳар кас бояд аробаи худашро худаш кашад.
Саодат Олимова аз маркази назарсанҷии “Шарқ” мегӯяд, чунин эҳсоси баланди ноумедӣ падидаи мавсимист ва хоси оғози ҳар мавсими муҳоҷират: “Назархоҳии қаблии мо моҳи декабр анҷом шуда буд, ки як вақти хеле хуб буд. Мардум ҳосили хубе ғундошта, аз Русия ҳам пули зиёд омада буд. Вале ҳоло вазъ комилан дигар шудааст. Назархоҳии нави мо ҳанӯз натиҷагирӣ нашудааст, вале бардошти ман чунин аст. Чунки пули аз Русия овардаи мардум тамом шуд ва онҳо ҳоло дар фикри пайдо кардани пули роҳу дубора ба Русия рафтан аст. Ин ҳолати асабоният то даме, ки онҳо дар Русия соҳиби кор шаванду боз ба фиристодани пул шурӯъ кунанд, давом хоҳад кард. То он замон касе ба ояндаи худ мутмаин нест. Ҳар сол ҳамин ҳолат аст.”
Ҳалқаҳои заъф
Вале боз ҳам, ба гуфтаи Саодат Олимова, бо ҳарчӣ наздиктар шудани интихоботи моҳи ноябр шиддат дар ҷомиа меафзояд ва чанд омиле ҳаст, ки метавонад ба оташи ин шиддатҳо равғани бештар бирезад: “Як масъалаи хеле ҷиддӣ Кодекси нави андоз аст, ки бисёре аз соҳибкорони хурдро муфлис мекунад. Ҳама мебинанд, ки соҳибкорон таҳти фишори сахте қарор гирифтаанд. Ва нафақат онҳо. Фишор ба дигарандешон низ идома дорад. Бо қонуни танзими расму ойин ба тӯю азои мардум сахттар часпидаанд. Ва ҳам ин баҳси аз нав зиндашудаи тарҳи қонуне, ки бояд никоҳҳои хешутабориро манъ кунад.”
Раҷаби Мирзо низ аз таҷрибаи мулоқотҳои пешазинтихоботиаш дар Восеъ мегӯяд, шикоят аз Кодекси нави андоз бахусус зиёд аст: “Бештари шикоятҳо аз мушкилоти иҷтимоист, махсусан аз камии маошу нафақа. Мо ҳатто рӯйхатеро нашр кардем, ки чигуна баъзе мансабдорон барои худ аз 8 то 11 ҳазор сомонӣ нафақа сохта буданд, дар ҳоле ки нафақаи як мӯсафеди одӣ 60, 70 ё 100 сомонист.”
Фарҳанги шукрона
Аммо маъмулан оташи норозигӣ дар ҷомиаи суннатгаро ва хеле ҷавони Тоҷикистон хеле зуд фурӯ мешинад. Саодат Олимова мегӯяд, барои рафъи ин оташ ҳатто лозим нест, ки давлат дастбакор шавад, балки ҳамин кофист, ки имсол низ аз саҳро ҳосили хуб ба даст биояд ва таҳвили пул аз Русия ҳадди ақал дар ҳадди соли гузашта ҳифз шавад. Ҷомиашиносон мегӯянд, чанд таҷрибаи табдили қудрат дар Тоҷикистон дар авоили солҳои 90-и асри гузашта, ки амалан бадро бо бадтар иваз кард ва сабақҳои талхи ҷанги шаҳрвандӣ “тормозҳо”-и то ҳол коргареанд, ки ҳар навъ ҳатто азми эътирозро дар дили мардум мекушад. Омили дигар боз ҳамон фарҳанги шукронаи мардум аст,ки ҳарчӣ ояд, аз Худо мебинанд.
Равоншиноси тоҷик Маҳмуди Кабирӣ мегӯяд: “Чизе, ки дар зеҳни мардум мебинем, як навъ хавотирист. Хавотирӣ дар бораи аз даст додани чизҳое, ки онҳо ба даст овардаанд. Яъне сохтанд, обод карданд, соҳиби хонаву дар ва ҷои кор шуданд ва ҳоло ин ҳамаро аз даст додан намехоҳанд. Изтироби мардум аз ҳамин аст, ки оё дар дасти кӣ мезанад ҳукумат ва оё ин чизҳоро аз даст нахоҳанд дод?”
Аммо ба ақидаи оқои Кабирӣ, ҳалқаҳои осебпазир дар занҷири иҷтимоии Тоҷикистон, ки метавонанд мавриди истифода ё сӯиистифодаи қувваҳои манфиатдор, аз ҷумла аз хориҷ қарор бигиранд, низ кам нест. Аз ҷумла, масоили динӣ, ки ба гуфтаи ин равоншинос, ҳам нуқтаи қувват ва дар айни замон нуқтаи заъфи мардуми мост ва бавижа дар соли интихобот метавонанд ба торҳои аъсобаш аз ин ноҳия нохун бизананд. Вале аҳли назар бурузи ошӯбҳои мусаллаҳонае ҳатто зери парчами дин дар Тоҷикистонро баъди саркӯбии гурӯҳҳои худсар дар Тавилдараву Рашт ва Хоруғ хеле ночиз медонанд. Охирин қарта аз чунин “колода” метавонад Маҳмуд Худойбердиев шавад, аммо ҳатто таҳлилгарони узбак ҳам эътироф мекунанд, ки ба майдон даровардани қартаи Маҳмуд ҳам аз нигоҳи низомӣ ва ҳам аз нигоҳи сиёсӣ барои хоҷагонаш танҳо натиҷаи баръакс хоҳад дод. Ба бовари аксар, заъфтарин нуқтаи Тоҷикистон, ки метавонад боз ҳам алайҳаш истифода шавад, 1 миллион муҳоҷирест, ки то ҳол омили асосии боздорандаи бесуботии иҷтимоӣ дар кишвар маҳсуб мешуд, вале омили ба ҳадде осебпазир, ки дар сурати эҷоди мушкилоти ҷиддие дар роҳи равуо ва кору иқомати онҳо дар Русия ё Қазоқистон метавонад хеле зуд ҷомаи баръакс ба тан намояд ва харитаи иҷтимоии Тоҷикистонро пур аз нуқоти доғ кунад.
Мусоҳибони мо муътақиданд, ки касе на дар Русия ва на дар ҳеҷ пойтахти дигар ба бозие ба ин ҳад хатарнок нахоҳад рафт, чунки қарори маълум, вақте ҷангал сӯхт, хушку тар ҳама дармегирад. Вале, мегӯянд онҳо, ин дигар вазифаи давлат аст, ки барои чунин истифодаҳо баҳона ё замина надиҳад. Онҳо мегӯянд, дасти давлати Тоҷикистон аз иҷрои барномаҳое, чун таъмини мардум бо ҷои кор, албатта, хеле кӯтоҳ аст, вале барои расидагии фаъолтар ба мояҳои дигари нигаронии ҷомиа, аз ҷумла мубориза бо фасод ё авлодгароӣ, кифоят мекунад.