Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори гарони "сабукӣ"-ҳои Кодекси нави андоз


Аюбҷон Солиев
Аюбҷон Солиев

Соҳибкорон аз Кодекси нави андоз шикоят мекунанд, аммо Кумитаи андоз мегӯяд, қонуни нав барои андоздиҳандагон баръакс сабукиҳои зиёд овардааст.

Муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Аюбҷон Солиев рӯзи 24 июл дар нишасти хабарии ин кумита дар Душанбе гуфт, шароите ки қонуни нав фароҳам овард, ба афзоиши теъдоди андозсупорандагон мусоидат кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ним соли гузашта шумораи андоздиҳандагон дар кишвар 7700 нафар бештар шуда, ҷамъоварии андоз дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад афзудааст.

Вале аз идомаи суханони намояндаи кумитаи андоз рӯшан шуд, ки ин афзоиш умдатан аз ҳисоби тоҷирони дар гузашта сабтношуда ба миён омадааст: «Таҳлилҳои мо тайи солҳои ахир, масалан, дар бозорҳо нишон доданд, ки дар як қисмати ин ё он бозор аз 20 то 30 дарсад бидуни ҳеҷ гуна сабти давлатӣ фаъолият доштанд ва андоз намесупурданд. Имсол пас аз ҷорӣ шудани Кодекси нав ин ҳамаро мо ошкор карда, қонунӣ намудем. Шояд аз ин онҳо норозӣ ҳастанд, аммо мо бояд андози давлатро ҷамъ орем.»

Кодекси нави андози Тоҷикистон аз моҳи январи соли равон эътибор пайдо кард ва гуфта мешавад, сабаби шикасти даҳҳо корхона гашт. Ба ақидаи коршиносон, аксари 18 000 ширкату муассисае, ки дар се моҳи аввал сол барҳам хӯрданд, қурбонии Кодекси нави андоз шудаанд. Вале мақомот ҳамеша ин нуктаро рад намуда, мегӯянд, ки барои бисёре аз корхонаҳо давраи бознигарии самт ва шеваҳои фаъолият фаро расидааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ шикоят аз ин Кодекс зиёд буд ва таҳияи тарҳи нави он бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ислоҳи вазъ сурат гирифта буд. Бонки ҷаҳонӣ дар оғози сол Тоҷикистонро аз лиҳози андозбандӣ дар байни 185 кишвар дар ҷои 175-ум гузошт, ки бештар ба сангинии вазни андоз дар ин кишвар ишора мекард. Аммо ин маълумот ба соли пеш, яъне 2012 рабт дошт ва мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъ бояд акнун тағйир карда бошад.

Ҳукумат мегуфт, ки Кодекси нав барои соҳибкорони хурду миёна сабукиҳои зиёд меорад ва аз ҷумла теъдоди андозҳо аз 21 то ба 10 навъ кам хоҳад шуд. Як нукта ҳам зикр мешуд, ки бархе аз бандҳои кодекси нав батадриҷ то соли 2017 ба иҷро медароянд. Аммо соҳибкорон мегӯянд, ки теъдоди андозҳо кам шуд, вале ҳаҷмаш - баръакс.

Соҳибкор Соима Рауфова, ки соҳиби як коргоҳи қаннодӣ ва чанд мағозаи фурӯши хӯрокворӣ дар шаҳри Душанбест, мегӯяд, дар таҷрибаи чандсолааш ҳанӯз тағйиреро дучор наомадааст, ки барои соҳибкор сабукӣ оварда бошад. Вай афзуд, то роҳандозии Кодекси нави андоз аз мақомот ваъдаву пешгӯиҳои зиёди беҳбудиро мешунид, аммо дар амал чунин нашуд: «Дар асл чизе тағйир нахӯрдааст. Буд андоз аз фурӯш – 3 дарсад, ки онро лағв карданд. Аммо андози низоми соддакардашударо, ки 4 дарсад буд, 6 дарсад карданд. Буду шуд, як дарсад кам шуд. Чӣ тавре ки буд, ҳамон тавр монд. Он қадар воҳимаву реклама карданд, ки осон шуд, ин тавр нест. Ҳамон андозҳо боз аз дигар ҳисоб ситонида мешаванд.»

Аммо Соима Рауфова мегӯяд, ин вазъ дар коргоҳи қаннодиаш, ки соҳаи тавлидотист, чунин аст. Ӯ дар бораи мағозаҳояш чунин гуфта наметавонад. Ба қавли хонум Рауфова, бино ба Кодекси нави андоз, аз 10 метр зиёд ҷои савдо бояд тағйири ном кунад, яъне ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (ҶДММ) табдил ёбад ва тамоми коргаронаш ба феҳристи андозсупорандагони ширкат ворид карда шаванд. Ин хонум мегӯяд, низоми нав воқеан даромадҳои ӯро дар мағозаҳояш хеле коҳиш дод.
XS
SM
MD
LG