"Заводи тухми кирмаки шаҳри Душанбе" соли 2007 барои сохтмони ду бинои ҳаштошёна дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ширкати "Мовароуннаҳр" қарордод имзо карда буд. Ба қавли масъулони "Заводи тухми кирмак", бо дарназардошти он, ки ҳоло ширкати "Мовароуннаҳр" тавони молиии идомаи сохтмони биноҳои ниматамомро надорад, онҳо мехоҳанд сохтмони пурраи ин биноҳо ба тавозуни корхонаи онҳо гузошта шавад.
Дар ҳамин ҳол, ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон алайҳи даъвои "Заводи тухми кирмаки шаҳри Душанбе" ариза дода, хостааст, биноҳои ниматамоми ширкатро ба тавозуни "Заводи тухми кирмак" нагузаронад. Бузургмеҳр Ёров, ваколатдори ширкати «Мовароуннаҳр» рӯзи 26июн ба радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва афзуд, ки бар асоси иддаои "Заводи тухми кирмаки шаҳри Душанбе" алайҳи «Мовароуннаҳр», мурофиаи додгоҳӣ оғоз шудааст.
Вай афзуд, ки "Заводи тухми кирмаки шаҳри Душанбе" даъво дорад, ки шартномаи якҷояи сохтмони муштараки биноҳои баландошёна, ки 30-уми июли соли 2007 байни тарафҳо баста шудааст, бекор ва биноҳои нотамом воқеъ дар деҳаи Табачнийи ҷамоати деҳоти «40 солагии Тоҷикистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба тавозуни ин корхона гузаронида шавад. Ба қавли Бузургмеҳр Ёров, то ҳабси амволи «Мовароуннаҳр», ширкати онҳо 40 миллион сомонӣ дар сохтмони ин ду бинои баландошёна воқеъ дар деҳаи Табачний сарф кардаанд ва бо аз ҳабс раҳо шудани амвол ва иҷозаи фаъолият, метавонад пурра ин сохтмонҳоро ба поён расонанд.
Дар ҳамин ҳол, як намояндаи "Заводи тухми кирмаки шаҳри Душанбе", ки худро Мавлон Зуҳуров муаррафӣ кард, гуфт, ки онҳо аз тариқи яке аз барномаҳои телевизиони ҷумҳурӣ шунидаанд, ки имконияти молии ширкати «Мовароуннаҳр» барои идома додани сохтмони ин биноҳои нотамом намерасад ва аз ин рӯ хостаанд, ки идомаи сохтмонро корхонаи онҳо бар ӯҳда бигирад. Аммо ҳамсӯҳбати ман нагуфт, ки дақиқан дар кадом барномаи шабакаи телевизионии ҷумҳурӣ чунин гузориш пахш шудааст.
Намояндагони ширкати «Мовароуннаҳр» мегӯянд, ки имкони молии ширкат сирри тиҷоратӣ маҳсуб мешавад ва ҳеҷ расонаи хабарӣ наметавонад дар робита ба ин масъала гузориш ё хабар пахш кунад. Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, «ширкати мо таҷрибаи муҳими сохтмонӣ дошта, баъди аз ҳабс озод намудани амволҳои ширкат, ба хусус сохтмонҳои биноҳои нотамоми он, ба кор шуруъ намудааст.»
Дар таърихи 20-уми майи соли 2013 бо ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе амволи ширкати "Мовароуннаҳр" аз ҳабс озод карда шуданд, ки аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст. Қарор аст, мурофиаи додгоҳии "Заводи тухми кирмаки шаҳри Душанбе" бо ширкати «Мовароуннаҳр» 8-уми июли соли равон баргузор шавад.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл "Тоҷиксодиротбонк" талаб кард, ки ширкати "Мовароуннаҳр" ҳудуди 4 миллион сомонӣ қарзашро бидиҳад, вагарна амволи ширкатро, ки дар гарави бонк аст, раҳо нахоҳад кард. Аз ин пештар ширкати «Мовароуннаҳр» аз номи Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» низ номае дарёфт кард, ки дар он таъкид шуда буд, ки ҳаҷми қарзи "Мовароуннаҳр" дар назди ин бонк бо фоизҳояш тақрибан ба 4 миллиону 983 ҳазору 668 сомонию 22 дирам, яъне ба беш аз 1 миллион доллар, расидааст.
Мушкилоти «Мовароуннаҳр», ки аз бузургтарин ширкатҳо дар риштаи хонасозии Тоҷикистон маҳсуб мешуд, соли 2010, дар пайи боздошт ва бо ҷурми қаллобӣ ба 13,5 соли зиндон маҳкум шудани раисаш Ҷӯрабек Охунов оғоз ёфт. Додгоҳи олӣ як сол пеш ҳукм баровард, ки ситонидани зарари молии муштариёни ширкат аз ҳисоби биноҳои нотамоми «Мовароуннаҳр» бароварда шавад. Иҷрои ин ҳукм ба зиммаи иҷрочиёни суди ноҳияи Сино вогузор шуд ва моҳи ноябри соли гузашта ин ниҳод эълом кард, ки биноҳои нотамоми ширкатро ба фурӯш мегузорад. Муштариёни «Мовароуннаҳр» талаб карданд, ки биноҳои нотамомро дар ихтиёри онҳо ва ширкат гузоранд, то худ сохтмонашро ба итмом расонанд.
То моҳи май мавқеи Додгоҳи олӣ рӯшан нашуд ва раҳбарият ва муштариёни «Мовароуннаҳр» рӯзи 12 май аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев хостанд, ки барои баргузории як гирдиҳамоӣ дар санаи 3-юми июн иҷоза диҳанд. Муштариёни «Мовароуннаҳр» мегуфтанд, маҳз қарорҳои норӯшани Додгоҳи Олӣ ва иҷро нашудани амри додгоҳ онҳоро водор кард, ки тасмим ба гирдиҳамоӣ бигиранд.
Гирдиҳамоии муштарёни ин ширкатро иҷозат надоданд, вале додгоҳи ноҳияи Сино билофосила бо судури ҳукми нав талаби онҳо барои дар ихтиёрашон гузоштани биноҳои нотамоми «Мовароуннаҳр»-ро қонеъ ва фурӯши амволи ин ширкати хонасозиро манъ кард. Аммо акнун «Ориёнбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва инак "Заводи тухми кирмаки шаҳри Душанбе" бо ин ширкат вориди баҳси молӣ шуда, ҳар кадом ҳаққи худро талаб доранд.