Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ: Фаъолияти «Мовароуннаҳр» -ро манъ накардаем


Нусратуллоҳ Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷиистон.
Нусратуллоҳ Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷиистон.

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳеҷ ниҳоде то кунун фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр»-ро манъ накардааст.

Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 14-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе тавзеҳ дод, ки бо қарори додгоҳ танҳо амволи ин ширкат ҳабс гардидааст.

Ӯ ҳадаф аз ҳабси амволи «Мовароуннаҳр»-ро ҷуброни зарари муштариёну идораҳои дигар гуфт, ки ба иттилои ӯ дар маҷмӯъ 62 миллион сомонӣ ё ҳудуди 14 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Раиси Додгоҳи олӣ илова намуд, ки ҳаҷми ҳисороти расондаи «Мовароуннаҳр» аз арзиши амволи ҳабсгардидаи ин ширкат бештар аст. Нусратулло Абдуллоев таъкид кард, ки дар мавриди қазияи «Мовароуннаҳр» додгоҳ ҳукмашро баровардааст ва шеваи иҷрои он ҳамакнун аз Вазорати адлия вобаста аст.

Ин дар ҳолест, ки вазорати адлия охирҳои соли 2012 ният дошт аз ҳисоби фурӯши биноҳои нимтамоми «Мовароуннаҳр» маблағи муштариёнро бозгардонад. Бо нишони эътироз аз ин қарор, муштариёни ширкат моҳи декабри соли 2012 дар назди бинои Додгоҳи олӣ ҷамъ омада, лағви онро талаб намуда буданд. Муштариёни ин ширкат изҳор доштанд, ки маблағашонро бозпас намехоҳанд, зеро «Мовароуннаҳр» тавони анҷоми сохтмони биноҳояшро дорад.

Баъд аз ин тазоҳурот Музаффар Насимов, масъули ширкати “Мовароуннаҳр” рӯзи 7-уми январ дар сӯҳбат ба ”Озодӣ” гуфт, аз Додгоҳи олии Тоҷикистон нома дарёфт кардаанд, ки дар он мазмуни ҳукми охири ин додгоҳ дар мавриди амволи ширкат тавзеҳ дода шудааст: “Дар ин мактубе, ки мо аз Додгоҳи олӣ дарёфт кардем, омадааст, дар санадҳои судӣ дар мавриди он, ки маблағҳои депозити дар ихтиёри Прокуратураи генералӣ қарор доштаи ширкати “Мовароуннаҳр” ба фоидаи давлат мусодира шавад, ё ки биноҳои сохтмонҳои нотамом фурӯхта ва маблағи аз он ба даст омада, ба муштариён тақсим карда шавад, ягон сухан намеравад.”

Ҷаноби Насимов афзуд, ки нусхаи ин мактуби Додгоҳи олӣ ба судиҷрочиёни ноҳияи Синои Душанбе низ ирсол шудааст ва интизор меравад, ки нақшаи фурӯши сохтмонҳо амалӣ нахоҳад гашт.

Солеҳа Назарова, яке аз муштариёни гуфт, ки бо пойфишориҳои онҳо Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми охири худро шарҳ дод ва муштариёни “Мовароуннаҳр” умедворанд судиҷрочӣ зудтар биноҳои ширкатро аз ҳабс озод кунад: “ Шаш сол мешавад, ки мо интизори манзилҳои худ ҳастем. Мақомот имрӯз-пагоҳ гуфта то ҳол ба сохтмони биноҳо монеа шуданд. Аксарияти мо муштариён иҷроанишинем, пули иҷораи хона бошад то 300 доллар боло рафтааст. Мо тоқатамон тоқ шуд.”

Хонум Назарова мегӯяд, барои хариди хона 40 ҳазор доллар пардохт кардааст ва умедвор аст, ки ба зудӣ баҳсҳои додгоҳӣ хотима ёфта, сохтмони бино шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG