Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба доди муштариёни "Мовароуннаҳр" кӣ мерасад?


Ҷаласаи муштариёни "Мовароуннаҳр"
Ҷаласаи муштариёни "Мовароуннаҳр"

Муштариёни ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» мегӯянд, агар то 5 рӯзи дигар манзилҳояшонро аз ҳабс раҳо накунанд, даст ба эътироз хоҳанд зад.

Рӯзи 12 май даҳҳо тан аз муштариёни ин ширкат ба хотири ҳамоҳанг сохтани аксуламалашон дар қиболи норӯшании ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди тақдири минбаъдаи манзилҳои нимасохти ширкати «Мовароуннаҳр» ҷамъ омаданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз 13 сентябри соли 2012 ҳукм кард, ки биноҳои сохтмонаш нотамоми «Мовароуннаҳр» барои муштариёнаш «нигаронида шавад».

Аммо ибораи мазкурро иҷрокунандагони амри додгоҳ ба таври худ шаҳр дода мехоҳанд, биноҳои нимасохтаи ширкатро дар музояда ба фурӯш гузоранд. Аксари муштариёни ширкат муқобили фурӯши биноҳоянд ва талаб доранд, ки сохтмони онҳоро ширкати «Мовароуннаҳр» ба анҷом расонад.


Бузургмеҳр Ёров(аз чап) ва Мамадназар Раҳматшоев (аз рост)
Бузургмеҳр Ёров(аз чап) ва Мамадназар Раҳматшоев (аз рост)
Бузургмеҳр Ёров - вакили мудофеи ширкати «Мовароуннаҳр» мегӯяд, ҳукми Додгоҳи олиро ҳатто кормандони додситонии кулл ҳам нафаҳмидаанд ва муовини додситони кулли Тоҷикистон ҳам бо ирсоли як мактуб аз Додгоҳи олӣ хостааст, ки ибораҳои «равона шавад», «истифода шавад» ва «нигаронида шавад»-ро шарҳ диҳад: «Барои дақиқ кардани мазмуни ин ҳукм мо ба Додгоҳи олӣ бори дигар муроҷиат кардем. Умед дорем, ки дар муддати 5 рӯзи оянда ин мушкил ҳалли худро ёбад. Ҳамзамон муштариёни ширкат имрӯз қарор карданд, ки дар сурати ҳал нашудани мушкилашон бо гирифтани иҷозат аз шаҳрдорӣ даст ба тазоҳурот мезананд.»

Мамадназар Раҳматшоев - раиси кумитаи мизоҷони ширкати «Мовароуннаҳр» мегӯяд, бар хилофи ҳукми Додгоҳи олӣ, ки фурӯши биноҳои ширкатро манъ мекунад, иҷрокунандагони амри додгоҳи ноҳияи Сино аз додгоҳ варақа гирифтаанд, ки биноҳоро ба фурӯш гузошта, ба мардум танҳо пулҳояшонро баргардонанд: «Аммо мо назди вазири адлия даромада, гуфтем, ки намехоҳем биноҳо ба фурӯш гузошта шавад. Мо талаб дорем сохтмони он идома ёбад ва мо соҳиби манзил шавем. Вай машварат дод, ки рафта, аз иҷрокунандагон варақаро гиред, дар ин сурат биноҳо фурӯхта намешавад. Аз 531 муштарӣ 502 нафар, яъне 96 дарсад иҷроварақаи хешро бозпас гирифтанд. Вале бо ин вуҷуд ҳоло ҳам иҷрокунандагони амри додгоҳ мегӯянд, биноҳоро ба хотири ҳамин 4 дарсад маҷбуран ба фурӯш хоҳанд гузошт».

Хафви муштариёни «Моваруннаҳр» ин аст, ки дар сурати дар музояда ба фурӯш гузошта шудани манзилҳои сохтмонаш нотамоми эшон ба онҳо ҳамон пулеро бо асъори миллӣ бозпас медиҳанд, ки дар тӯли ин чанд сол таварум арзишашро ночиз кардааст. Ба гуфтаи эшон, бо он маблағе, ки онҳо пардохта буданд, имкони харидани хона вуҷуд дошт, вале ҳоло ғайримкон аст.


Дар ҳамин ҳол, Тӯрабек Охунов - роҳбари кунунии ширкати «Мовароуннаҳр» мегӯяд, дар сурати аз ҳабс озод шудани сохтмонҳо онҳо имкони ба анҷом расонидани онҳоро доранд: «Мо аллакай бо бархе аз ширкатҳои сармоягузор машварат доштем. Дар сурати аз ҳабс озод шудани сохтмонҳо онҳо розиянд, ки бо мо шартнома баста, сохтмони биноҳоро анҷом диҳанд.» Ҳамчунин ба таъкиди Тӯрабек Охунов, муштариён низ дар назди ширкат наздики 10 миллион доллар қарз доранд ва дар сурати аз ҳабс озод шудани ширкат тайёранд ин пулҳоро барои анҷоми сохтмон пардохт кунанд.

Мушкили муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр» дар соли 2010 ва замоне шурӯъ шуд, ки ширкати мазкур ба мушкилоти молӣ печид ва раҳбари вақташ Ҷӯрабек Охунов боздошт гардид. Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро бо иттиҳоми қаллобӣ, тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб аз худ кардани маблағҳои муштариён ба 14 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум кард. Вале бисёриҳоро сарнавишти муштариёни ширкат нигарон карда буд, ки ба умеди дарёфти манзил, маблағҳои бузургеро ба ин ширкат супурда буданд.
XS
SM
MD
LG