Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ ба «Радиои Озодӣ» дар шарҳи сабабҳои радди ин дархост гуфт, огоҳиномае, ки масъулон ва муштариёни ширкати сохтмонӣ фиристодаанд, ҷавобгӯи қонун нест: «Ба сабаби риоя нагардидани талаботи моддаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлиcҳо, гирдиҳамоиҳо, раҳпаймоиҳо ва расму оинҳо», зимни пешниҳоди огаҳинома гузаронидани гирдиҳамоӣ мувофиқ ба қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе манъ карда шуд. Тафсилотро таҳиякунандагони қарор хоҳанд дод.»
Сухангӯи шаҳрдорӣ аз ироаи тафсилот худдорӣ кард, аммо нуктаи дигаре, ки дар ин раддия муҷиби таваҷҷӯҳ шудааст, посухи хаттӣ ба масъулон ва муштариёни «Моваруннаҳр» аст. Дар ин посух аз ҷумла аз номи муовини шаҳрдори Душанбе Н. Хайруллоев далели радди дархости онҳо қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти рақами 286 аз 15 майи соли равон будааст, ки баргузории гирдиҳамоиро манъ кардааст.
Фозил Бӯриев, раҳбари шӯъбаи ҳуқуқӣ ва маъмурии ҳокимияти шаҳри Душанбе, ки гуфта мешавад, масъули таҳияи ин қарор аст, аз шарҳи он худдорӣ кард ва ба ҳамин минвол, номаълум мемонад, ки қарори таҳти рақами 286 умуман баргузории гирдиҳамоиҳо дар Душанберо манъ мекунад ва ё танҳо ба гирдиҳамоие рабт дорад, ки раҳбарият ва муштариёни «Мовароуннаҳр» мехоҳанд, баргузор кунанд.
Дар ҳамин ҳол, муштариёни «Мовароуннаҳр» дар суҳбат бо Радиои «Озодӣ» қарори шаҳрдории Душанберо хилофи қонунҳои кишвар мехонанд. Ширинмоҳ Неъматова, як муштарии ширкат мегӯяд, умедвор буд, ки ҳарфи онҳоро раҳбарони Тоҷикистон гӯш хоҳанд кард, аммо чунин нашуд: «Мо пурсидем, ки барои гирдиҳамоӣ иҷозат диҳанд, аммо надоданд. Мо қонунро риоят кардем, аммо онҳо накарданд. Аз ҳамин хотир, мо бо иттифоқи кӯдаку набераву абераамон ба гирдиҳамоӣ мебароем. Касе аз мо тоқат карданӣ нест.»
Қазияи «Мовароуннаҳр» се сол ба ин сӯ идома дорад. Раиси ширкат Ҷӯрабек Охунов 13, 5 сол ҳукми зиндон гирифт ва Додгоҳи Олӣ ҳукм баровард, ки ситонидани зарари молии муштариёни ширкат аз ҳисоби биноҳои нотамоми «Мовароуннаҳр» бароварда шавад. Иҷрои ин ҳукм ба зиммаи иҷрочиёни суди ноҳияи Сино, ки дар тобеияти вазорати адлия аст, вогузор шуд ва моҳи ноябри соли гузашта ин ниҳод эълом кард, ки биноҳои нотамоми ширкатро ба фурӯш мегузорад.
Муштариёни «Мовароуннаҳр» ба хашм омада, талаб карданд, ки биноҳои нотамомро дар ихтиёри онҳо ва ширкат гузоранд, то худ онҳоро ба итмом расонанд. Додгоҳи Олӣ танҳо посух дод, ки фурӯши биноҳои нотамом матраҳ нест. То моҳи равон мавқеи Додгоҳи Олӣ рӯшан нашуд ва 12 май зимни як ариза ё огоҳинома раҳбарият ва муштариёни «Мовароуннаҳр» аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев хостанд, ки барои баргузории як гирдиҳамоӣ дар санаи 3 июн иҷоза диҳанд. Муштариёни «Мовароуннаҳр» мегӯянд, маҳз қарорҳои норӯшани Додгоҳи Олӣ, иҷро нашудани дастури он ва иқдомҳои вазорати адлия онҳоро водор кардааст, ба майдон бароянд.
Тӯрабек Охунов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ширкати «Мовароуннаҳр», ки пас аз бозпурсӣ дар Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе суҳбат мекард, мегӯяд, аз ӯ далоили ба чунин иқдом даст заданашро пурсидаанд: «Ман гуфтам, ки мардум худашон имрӯзҳо ҷамъ мешаванд. Ман онҳоро ҷамъ намекунам. Худашон барои баргардонидани ҳамон пуле, ки пардохтаанд, талош доранд. Манфиаташон ҳам дар ҳамин аст. Ҳаққи худашонро талаб мекунанд.»
Дар ҳамин ҳол, Қиёмиддин Ниёзов, сарвари иҷрочиёни судии додгоҳи ноҳияи Сино мегӯяд, дар умум муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр» 531 нафар буданд, аммо аз онҳо 53 нафари мулкӣ ва 6 бонку муассиса ба додгоҳ барои баргардонидани хисороти молиявиашон аз «Мовароуннаҳр» муроҷиат карданд: «Мо дар асоси ҳукми суд амалҳои иҷрои маҷбурӣ мегузаронем. Аксарияти кулли шикояткардагон шикоятҳои худро бозпас гирифтаанд, аммо дар асоси ҳамон қисме, ки дар мо ҳаст, мо биноҳои нотамоми ширкатро ба ҳабс гирифтаем. Арзишашонро муайян мекунем ва ба андозаи ҳамон маблағе, ки барои баргардонидани хисороти молиявии 53 нафар ва 6 муассиса зарур аст, мегирем ва бақияро медиҳем. Масъалаи фурӯш ҳанӯз дар миён нест.»
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло Корхонаи воҳиди давлатии нархгузории Кумитаи амвол ва сармоягузории Тоҷикистон арзиши бинои нотамоми ширкати «Мовароуннаҳр» - ро муайян мекунад. Бархе аз нозирони вазъ мегӯянд, мушкил бояд бо роҳи қонунӣ ҳал шавад ва агар шаҳрдорӣ баргузории тазоҳуротро манъ кардааст, манзураш пешгирӣ аз беназмиҳои иҷтимоист.