Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо Русия виза шавад ё нашавад? Ҷуръати як хонанда


Пешниҳоди як хонанда бо ҳимояташ аз виза бо Русия баҳси гармеро дар сомонаи Озодӣ барангехт.

Дар поварақи мақолае дар сомонаи радиои Озодӣ бо номи “42 500 муҳоҷири ихроҷшуда куҷо раванд?” хонандае бо номи Абдуллоҳ аз Душанбе шарҳеро ҷой додааст, ки мавриди баҳси гарм қарор гирифт.

Абдулло хостори ҷорӣ кардани виза ё раводид бо Русия шуда, бо ин ҷуръати худ эътироф мекунад, ки шояд дар оғоз Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ шавад, вале он дар ниҳоят ба нафъи Тоҷикистон тамом хоҳад шуд. Абдулло чунин менигорад: “Бисёр хуб мешуд, ки Тоҷикистон муддате бо Руссия реҷаи визавиро ба пеш мемонд ва боз бо истифода аз дигар роҳҳо сари роҳи муҳоҷиратро мегирифт. Зеро халқи Тоҷикистон дар фикри ободии ватанамон мешуд, на дар фикри хизмати ким-кадом хоҷаи истисморгар. Бисёриҳо бо ман розӣ намешаванд, ба онхо гуфтаниам, ки онхо дурбин нестанд. Албатта, дар аввал хеле вазнин мешавад, шояд, ки ҷинояткорӣ ҳам афзоиш ёбад, вале ин оҳиста-оҳиста мегузарад. Халқ аз ночорӣ мағзи сарро ба кор бурда, ба созандагӣ даст мезанад.”

Абдулло дар идома менависад, ман бо чашми худ дидаам, ки ҳамватанони мо чӣ гуна дар муҳоҷират азоб мекашанд. Вай мегӯяд, тоҷикон аз дасти муҳоҷират ҳама арзиши худро аз даст додаанд, қадру номус, обрӯ, саломатӣ ва ғайра.

Шояд Абдулло аз ҷумлаи афроди камшумори тоҷик аст, ки аз ҷорӣ кардани виза бо Русия ҳимоят мекунад, ҳарчанд то ҳол баъзе ҳизбҳои Русия ва намояндагони Думаи Давлатӣ низ масъалаи ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистонро матраҳ карда буданд. Фақат тафовут ва тозагии фикри Абдулло ин аст, ки вай мехоҳад муҳоҷирони тоҷик аз истисмор ва беҳуқуқӣ дар Русия раҳоӣ ёбанд ва дар Ватани худ пояҳои рушди иқтисодро гузоранд.

Оё имкон дорад, ки дар сурати коҳиши шумораи муҳоҷирони корӣ ҷавонон дар фикри пайдо кардани кор дар дохили кишвари худ шаванд? Низомӣ Раҳимов - корманди масъули Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Душанбе мегӯяд: “Мардум гумон мекунанд, ки дар Русия кори аробакашӣ осонтар аз онест, ки дар Тоҷикистон боғдорӣ кунанд ва ё дар замин кор кунанд. Ҷои кор, албатта, ҳаст, заминҳои бекорхобида ҳастанд, баъзе корхонаҳо ба коргар эҳтиёҷ доранд. Лекин дар масъалаи ҷорӣ кардани виза ин кор ҳоло ба манфиати Тоҷикистон нест. Ин кор марҳила ба марҳила мешавад, якбора намешавад.”

Оқои Раҳимов таҳқир ва поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро қобили қабул намедонад, вале таъкид мекунад, ки агар муҳоҷир ҳуқуқи худро донад ва босавод бошад, дар чунин ҳолат нахоҳад монд.

Шаҳло аз Амрико низ ҳамин ақидаро ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд: “Бубинед, Ҳиндустон ба яке аз мамлакатҳои пешрафтаи чаҳон табдил ёфтааст, ҳол он ки иқтисодаш баробари иқтисоди Тоҷикистон ақибмонда буд. Ҷавононаш тарки ватан намуданд. Вале онҳо, ки дониши мустаҳкам доштанд, мақоми хуберо дар давлатҳои абарқудрат ишғол карданд ва аксари онҳо сармоягузорони ватани худ гаштанд. Ҳамватанони мо ҳатто кӯшиш намекунанд, ки одитарин чизҳоро бо забони кишваре, ки ба он сафар мекунанд, биомӯзанд.”

Аммо хонандаи дигар, ки худро Нигора муаррифӣ кардааст, ба ин фикр ва ба фикри ҷорӣ кардани виза бо Русия розӣ нест: “Агар байни Точикистону Россия виза ҷорӣ шавад, ба сари мардум бадбахтиҳои зиёд меояд. Мардуми тоҷикро Россия хӯронда истодааст. Шумо мегӯед, ки БИЗНЕС, мана, бинед бизнессменҳои моро чӣ кор мекунанд? Агар як сӯмат ду сӯм шуд, гуноҳҳои бисёрро ба сарат бор карда, пулу молатро байни худ тақсим мекунанд. Мисол меорем, Зайд Саидов, Орипов Маъруф, "ОРИМА". Канӣ мана ҳамин бизнессменҳои номдори мо?”


Боғшоҳи Лашкарбек
Боғшоҳи Лашкарбек
Боғшоҳи Лашкарбек - таҳлилгари тоҷики муқими Маскав мегӯяд, бисёр муҳоҷиронро медонад, ки бо миқдоре пул хостаанд барои ҳамеша ба Тоҷикистон баргарданд ва дар он ҷо барои худ ва аъзои хонаводаашон кор дуруст кунанд. Вале баъд аз як ё ду сол пули худро сарф кардаанд ва натавонистаанд ба истилоҳ “бизнес” дуруст кунанд. Бино бар ин онҳо дубора маҷбур роҳи Русияро пеш гирифтаанд. Давлат барои ҷалби чунин афрод барномаҳои мушаххас надорад.

Оқои Лашкарбек дар ин маврид барномаҳои хурди Бунёди Охғохон дар Тоҷикистон ва кишвари Сингапурро намуна меорад, ки чӣ гуна мардумро бояд бо кор ҷалб кард: “Дар Сингапур давлат ҳар сокини он кишварро маҷбур мекунад, ки ба тиҷорати хурд машғул шавад, яъне “бизнес”, бизнеси хонаводагӣ аз 3 то 5 нафар ва агар мушкил пеш ояд, ҳукумат барояш тамоми шароитро муҳайё мекунад. Агар Тоҷикистон ҳам бо ҳамин роҳ биравад, бисёр хуб мешавад. Масалан, Бунёди Оғохон барномаҳои хеле хурди кумак ба мардумро дорад. Фалон деҳа мегӯяд, ки мо замин надорем, худро таъмин намекунем. Бунёди Оғохон мепурсад, чӣ мушкил доред? Онҳо мегӯянд, об нест. Бунёд мегӯяд, пас биёед, канал бикобед, мо шуморо дар фалон кор кумак мекунем. Яъне бо ҳам мушкилро ҳал мекунанд.”

Ба ақидаи оқои Лашкарбек, дар сурати таҳия ва иҷрои чунин барномаҳо мумкин аст муҳоҷират коҳиш ёбад ва Тоҷикистон ҳам кам-кам заминаҳои пешрафтро фароҳам орад. Бояд барномаҳои мушаххаси кумак ба муҳоҷирони бозгашта таҳия шавад. Он вақт ҷорӣ кардани визаи Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон шояд камаҳамият шавад. Вале дар шароити кунунӣ агар виза ҷорӣ шавад, аз он ҳам Русия зарар мебинад ва ҳам Тоҷикистон. Русия нируи кории арзонро аз даст медиҳад ва Тоҷикистон аз пулҳои ҳангуфте, ки муҳоҷирон мефиристанд, маҳрум хоҳад шуд. Вале набояд ҳамеша ба умеди пули муҳоҷирон нишаст, замоне бояд чунин барномаҳоро рӯи даст гирифт, ҳатто барои ҳар ноҳия ва ё деҳа, - мегӯяд ин мусоҳиби мо.
XS
SM
MD
LG