Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сериали "Ҷанги Русия бо қаторҳои Тоҷикистон". Қисмати дуюм


Дмитрий Рогозин-муовини сарвазири Русия ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон
Дмитрий Рогозин-муовини сарвазири Русия ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон

Телевизиони Русия дар садади пахши як барномаи вежа дар бораи "ҷанги беҳдоштӣ" бо қаторҳои Тоҷикистон аст, ки эълони он чанд рӯз боз ба тамошобинон пешкаш мешавад.

Пахши намоиши вежа дар бораи "хатар"-и қаторҳои Тоҷикистон, ки ба гуфтаи матбуоти Русия танҳо маводии мухаддир ва вирус мекашонанд, далелест, ки танишҳои ду шарики стратегӣ ба марҳилаи нав ворид мешаванд. Ҳоло ба гуфти худи русҳо, дар бораи хатари поездҳои тоҷикӣ танҳо танбалҳо наменависанд. Баҳси роҳ надодани қаторҳои тоҷикӣ дар қаламрави Русия якҷо бо баҳси қадимии берун кардани муҳоҷирон ва ҷорӣ кардани виза интернету нашрияву маҷаллаҳоро пур кардааст.

Мақомоти тоҷик дар рӯзи рейди раҳбарони баландпояи Русия дар қатори Тоҷикистон, таври маъмул ҳама дам ба дарун заданд ва аз дасти хабарнигорон дар утоқҳо пинҳон шуданд. Ҳоло, ки хабарҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла гумонбаршудани ду чечен дар бомбгузориҳои Бостон таваҷҷуҳи мардумро ба самти дигар бурдааст, баъзе мақомоти ба рейди русҳо дар вагонҳои тоҷикӣ вокуниш карданд.

Рӯзи душанбе муовини раиси корхонаи воҳиди давлатии роҳи оҳани Тоҷикистон Усмон Қаландаров ба Радиои Озодӣ гуфт, расонаҳои Русия камбудиҳои қатори роҳи оҳани Тоҷикистонро аз ҳад зиёд нишон додаанд.

Усмон Қаландаров
Усмон Қаландаров
Усмон Қаландаров иддаои муовини сарвазири Русия Рогозинро, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бо паспорти дохилӣ бо қатор сафар мекунанд, бепояву асос хонд. Ӯ гуфт, “қабл аз вуруд ба Русия қатори роҳи оҳани Тоҷикистон Узбакистону Туркманистонро убур мекунад, ки бо Тоҷикистон режими раводид доранду мусофирони тоҷикро танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ба кишварҳояшон роҳ медиҳанд”.

Дар ҷавоб ба танқиди вазъи беҳдоштии қатори роҳи оҳан, ки раиси идораи Роспотребсоюзи Русия Геннадий Онишенко дар бораи он ҳарф задааст, мансабдори роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло мавсими сафар ба Русия асту ҳар қатори роҳи оҳан аз 850 то 860 мусофир дорад ва табиист дар давоми чору ним рӯзи сафар онҳо дар дохили вагонҳо ҳам хоб мераванд, ҳам тановули ғизо мекунанд, ки боиси пайдоиши бӯйи номатлуб дар вагонҳо мешавад. Бар илова Қаландаров мегӯяд, то ҳанӯз ягон мусофир аз ғизои ресторанҳои қатори роҳи оҳан бемор нашудааст.

Дар сӯҳбатҳои худ сиёсатмадорони Русия ҳам ғайримустақим эътироф мекунанд, ки решаи камбудиҳои қатори роҳи оҳану шиносномаҳову мушкилиҳои дигари муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия бо мақоми пойгоҳи низомиии ин кишвар дар Тоҷикистон марбут аст, ки то ҳанӯз аз тарафи парламенти Тоҷикистон тасвиб нашудааст.
Сергей Строкан
Сергей Строкан
​Сергей Строкан шореҳи нашрияи Коммерсант чопи Маскав мегӯяд, “музокироти Маскаву Душанбе рӯи пойгоҳи низомии Русия ба душворӣ пеш меравад, зеро доимо Тоҷикистон шартҳои нав мегузорад. Дар ин вазъ имкон дорад, ки ҷонибҳо баъзе бахшҳои ҳамкориро барои дарёфти шароити беҳтаре истифода баранд. Маро дуруст фаҳмед, ман намегӯям, ки ҳамин ҳодиса маҳз намунаи истифодаи вазъият аст, вале истифодаи чунин ҳолатҳо аз эҳтимол дур нест.”

Ҳамсӯҳбатҳои Радиои Озодӣ ба паҳлӯи иқтисодии баҳси роҳи оҳан зиёд таваҷҷӯҳ нишон намедиҳанд, вале иштиҳои ширкатҳои Русия ба бозори кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва ҷалби онҳо ба Иттиҳоди Гумрукии Русия, Беларус ва Қазоқистон дар маркази сиёсатҳои иқтисодии Русия қарор дорад. Барои мисол, ширкати "Газпром"-и Русия ширкати гази Беларус ва лӯлаҳои интиқоли гази ин кишварро аз худ намуда, ҳоло ба "Қирғизгаз" ва шабакаи таъмини барқи ин кишвар дида андӯхтааст.

Аммо баргардем ба ҷанги Русия бо қатор ё поездҳои Тоҷикистон. Барномаи вежа дар бораи ин қаторҳои ғайрисанитарӣ, ки ба сиҳатии мардуми рус таҳдид мекунанд ва эҳтимолан афзун шудани ҷинояткорӣ аз тарафи муҳоҷирони корӣ имрӯз ба эфир мебарояд. Аммо пахши ин барнома аз ҳама бештар муҳоҷиронро нигарон мекунад. Онҳо мегӯянд, барномаҳои монанд ба ин русҳои маъмулиро, ки бо тоҷикҳои коргар муносибати бад надоранд, ба шӯр меорад, муҳоҷирбадбин мекунад ва таҳқиру тамасхури шаҳрвандони Тоҷикистон бештар мешавад.
XS
SM
MD
LG