Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Путин аз ҷоришавии виза бо Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ кард"?


Дар ин бора сафири супоришҳои вижаи Вазорати умури хориҷаи Русия Анвар Азимов дар сӯбат бо телевизиони “Дождь” хабар додааст.

Анвар Азимов гуфтааст, ки Русия омода аст, ба хотири таъмини амнияти марзҳояш бо Осиёи Марказӣ равобит бо Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро аз тариқи раводид ба роҳ монад. Сафири супоришҳои вижаи Вазорати умури хориҷаи Русия дар сӯҳбат бо барномаи "Госдеп-3" ба ин суол ки "Оё Русия омода аст, барои Тоҷикистону Ӯзбакистон низоми виза ҷорӣ кунад?", гуфт, "Инро президенти мо гуфта буд. Ба фикрам, аз соли 2015 мо ин корро мекунем". Ин барнома, ки ба мавзӯи бекоршавии виза барои сафари шаҳрванони Русия ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ихтисос ёфта буд, шоми 13 март дар сайти интернетии телевизиони "Дождь" пахш шуд.

Анвар Азимов гуфт, Белгия нигарон аст, ки дар сурати бекор шудани низоми виза барои шаҳрвандони Русия, мавҷи шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Қирғизистон, ки дар Маскав ва вилояти Маскав ба сар мебарад, ба Аврупо мерезад. “Мо ба онҳо шарҳ медиҳем, ки ин мардум шаҳрванди Русия нестанд ва гирифтани мақоми шаҳрвандии Русия кори саҳл нест”, гуфтааст Азимов. Айни замон, ба навиштаи newsru.com, дипломати баландпояи рус нагуфт, ки оё Бруссел дар ин замина чӣ посухе додааст.





Баҳси ҷоришавии низоми раводид бо ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла бо Тоҷикистон солҳои зиёд аст, ки дар ҷомеаи Русия матраҳ аст. Ин мавзӯъро ғолибан сиёсатмадорони миллатгарову тарафдори гурӯҳҳои нажодпараст пуштибонӣ мекунанд, дар ҳоле, ки мақомоти баландпояи Кремл то ҳол мушаххасан ва ба таври ошкоро ҷонибдории худ аз ҷорикунии низоми раводидро баён накардаанд.

Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои содиркунандаи нирӯи кории арзон ба Русия маҳсуб мешавад, аз ҷоришавии виза хушоянд нахоҳад буд. Дар доираҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии ин кишвар ба ин боваранд, ки таъмини ҳузури низомии Русия дар хоки Тоҷикистон то соли 2042 бояд замонати ҳузури бемушкили муҳоҷирони кории ин кишварро дар қаламрави Русия таъмин кунад. Ҳамасола беш аз як миллион сокини Тоҷикистон ба Русия барои кор меравад ва аз ин ҳисоб зиндагии хонаводаҳои худро таъмин мекунад. Тибқи ҳисобҳои Бонки Марказии Русия, соли 2012 аз ин кишвар ба Тоҷикистон 3,6 миллиард доллар ворид шудааст, ки бахши аъзами онро ҳаққи заҳматҳои муҳоҷирон ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар суҳбат радиои "Озодӣ" рӯзи панҷшанбеи 14 март гуфт, ки масъалаи ҷорӣ кардани режими раводид ё виза бо Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти расмии Русия то ҳол матраҳ нашудааст. Танҳо Владимир Путин, президенти Русия, дар паёми хеш ба Думаи давлатӣ гуфта буд, ки баъд аз соли 2015 бояд шаҳрвандони узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи шиносномаи хориҷӣ вориди ин кишвар шаванд. Ҳоло бошад, шаҳрвандони мо бо шиносномаи дохилӣ ба Русия мераванд ва мо талош дорем, ки то соли 2015 шаҳрвандонро бо шиносномаи хориҷӣ таъмин кунем, то онҳо ҳангоми сафар ба Русия дучори мушкил нашаванд.
XS
SM
MD
LG