Маскав мехоҳад, рӯёндани андоз аз муҳоҷирони хориҷиро ба як манбаъи дигари такмили будҷаи давлатӣ табдил диҳад. Ҳукумати Русия рӯзи 18 март ба Думаи давлатӣ - маҷлиси поёнии парлумони ин кишвар - тарҳи тағйирот ба Кодекси андоз ва қонун “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия”-ро ироа кард.
Ин тағйирот ҳар шаҳрванди хориҷиро, ки барои дарёфти муҷаввизи кор ба мақомоти Русия муроҷиат мекунад, ба сурати автоматӣ ба андозсупори ин кишвар табдил медиҳад. Ҳар корфармо муваззаф мешавад, дар тӯли 30 рӯз аз истихдоми атбоъи хориҷӣ ба ниҳодҳои молиётӣ хабар диҳад ва аз ин идорот барои ҳар кадоми онҳо ИНН (индивидуальный налоговый номер – шумораи инфиродии андозсупорӣ) бигирад. Хориҷие, ки ИНН надорад, метавонад ба масъулият кашонда шавад. Надоштани ИНН ҳамчунин метавонад далели радд шудани дархости тамдиди муҷаввизи кори муҳоҷирони хориҷӣ шавад.
Мақомоти Русия таҳти назорати бештари давлат овардани фаъолияти муҳоҷирони хориҷӣ ва ҷамъоварии андози бештар аз ин мардумро як ҳадафи асосии ин иқдомд ном мебаранд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, бо тасвиб шудани ин тағйирот, дасти назорати мақомоти Русия болои муҳоҷирин боз ҳам дарозтар шуда, аз он ба баъд ниҳодҳои молиётӣ низ ҳаққ пайдо мекунанд, ки бо талаби пардохтани андоз болои сари муҳоҷирони кориро бигиранд.
Назар Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи пешниҳодӣ паҳлуҳои ҳам манфӣ ва ҳам мусбат дорад. Ӯ мегӯяд, доштани ИНН ба муҳоҷироне, ки дар Русия қонунӣ кор мекунанд, имкон хоҳад дод, ки бо гузашти 10 сол собиқаи кор шаҳрвандии Русияро осонтар дарёфт кунанд. Ҳамин тавр, собиқаи кори онҳо дар Русия бо доштани ИНН расман сабт хоҳад шуд ва тибқи тавофуқоти байни кишварҳои пасошӯравӣ, онҳо метавонанд собиқаи кори худ дар Русияро бо талаби нафақа ба идороти давлатии кишвари зодгоҳи худ, яъне Тоҷикистон, низ пешниҳод кунанд. Аммо аз сӯи дигар: “Агар дар оянда Русия бо Беларусу Қазоқистон ва шояд Қирғизистон худро дар Иттиҳоди гумрукӣ аз бақия ҷудо кунанд, қурби ИНН ва имтиёзи сесолае, ки барои муҳоҷирони тоҷик дода шуда буд, аз байн меравад.”
Бино ба омори расмии мақомоти Русия, дар ин кишвар 10,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба сар мебаранд, ки 4 миллионаш барои кор ба ин кишвар омадаанд. Бино ба ҳисоби Маскав, муҳоҷирон танҳо дар соли 2012 аз Русия ба кишварҳои зодгоҳи худ 19 миллиард доллар пул фиристодаанд. Аз ҷумла то 1 миллион муҳоҷири тоҷик соли гузашта ба ватани худ аз Русия 3 миллиарду 652 миллион доллар пул роҳӣ кардаанд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баровард мешавад.
Аммо Константин Ромодановский, раиси Хадамоти муҳоҷирати Русия гуфтааст, 3,3 миллион, ё сеяки атбоъи хориҷӣ, аз ҷумла 400 000 нафар ё 40 дарсади муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо нақзи шароити кору иқомат ба сар мебаранд.
Ба ҳисоби Ирина Ивахнюк, профессори риштаи иқтисодии Донишгоҳи Маскав, агар тамоми муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия қонунӣ кор кунанд ва аз онҳо ақалан мисли мардуми бумӣ 13 фоиз андоз ситонанд, аз ин ҳисоб солона ба будҷаи ин кишвар 200-250 миллиард рубл(7-8 миллиард доллар) ворид хоҳад шуд. Ин дар муқоиса бо 6,5 миллиард рубле, ки будҷаи Русия аз ҳисоби фурӯши патенту муҷаввизи кор ба даст меорад, 30-35 маротиба бештар аст.
Тибқи тарҳи пешниҳодии ҳукумати Русия, доштани ИНН барои ҳар муҳоҷири хориҷӣ , ҳатто барои раҳрӯбе, ки дар сол аз 2 миллион рубл(тақрибан 65 000 доллар) маоши бештар мегирад, ҳатмист. Яъне барои онҳое, ки моҳона беш аз 5 000 доллар даромад доранд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик аз ин лиҳоз мегӯянд, ин тағйирот шояд ба кору зиндагии артиши бузурги муҳоҷирони тоҷик таъсири зиёде надошта бошад, чунки мардикорони тоҷик дар Русия умдатан корҳои сиёҳро иҷро мекунанд ва шумори хеле андаки онҳо беш аз 5 000 доллар маоши моҳона доранд. Аксари тоҷикон дар Русия андоз намесупоранд, балки бо патент кор мекунанд, ки 1000 рубл аст.