Русия дар бист соли охир маҳалли аслии кории садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст, ки бо фирор аз бекорӣ ба он ҷо мераванд. Тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ, соли 2012 аз Русия ба Тоҷикистон 3,8 миллиард доллар маблағ ирсол шудааст, ки бахши аъзами он ҳаққи муҳоҷирони корӣ мебошад.
Омори расмӣ мегӯяд, ки соли гузашта беш аз 800 ҳазор сокини Тоҷикистон бо ҳадафи дарёфти кор ба беруни кишвар муҳоҷират кардаанд ва макони асосии кори тоҷикистониҳо Русия мебошад. Дар сурати ба ҳақиқат ҷавобгӯ будани омори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, ҳар муҳоҷири дуюми тоҷик дар ин кишвар эҳтимолан ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебарад.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба мақомоти муҳоҷирати Русия иттилоъ дод, ки 38 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шудаанду то як муддат ҳаққи бозгашт ба ин кишварро надоранд.
Дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ Анвар Носиров, сардори раёсати иҷозатномадиҳӣ ва Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ин рӯйхат ва тағйиру иловаҳо ба қонунҳои назораткунандаи муҳоҷират ба Русия ташреҳ доданд. Гардонандаи сӯҳбат Искандари Хоҷа Мирзода