Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир: «Мухолифи коҳиш ва ҷаҳиши нархи маводи сӯхт ҳастам»


Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, баъди лағви боҷи содиротии Русия, набояд коҳиши якбораи қимати маводи сӯхтро интизор шуд.

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, рӯзи 29-уми январ, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, интизор меравад, ки созишнома оиди лағви боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия моҳи феврал имзо шавад. Ӯ афзуд, ки коҳиши якбораи нархи маводи сӯхтро интизор шудан лозим нест. Раҳимзода эътироф кард, ки агар омилҳои дигар таъсир накунанд, лағви боҷи маводи сухти русӣ нархҳоро дар Тоҷикистон ҳудуди 10 – 15 дарсад арзон мекунад.

Дар мавриди пешниҳоди вазорати молия, ки хостааст, аксиз зимни воридоти як тонна маводи сӯхт то ба 90 евро боло бурда шавад, Раҳимзода гуфт, ки дар ҳоли ҳозир тарафдори ин иқдом нест. Ӯ муҳим хонд, ки ин пешниҳод ҳаматарафа омӯхта шавад ва «бояд мутмаин бошем, ки ин болоравии нархҳоро ба бор намеорад.» Раҳимзод илова кард, ки ҳамчун иқтисоддон тарафдори эътидол дар бозор ва мухолифи ҷаҳишу коҳиши якбораи нархҳо аст.

Дар баробари ин вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ба ин нуқта таъкид кард, ки баъди лағви боҷи содиротии русӣ, дар кишвар талошҳо барои раҳоӣ аз пойбандӣ ба маводи сӯхти кишварҳои ҷудогона қатъ нашаванд: «Дар ҳар сурат диверсификатсияи бозор даркор аст. Бо мурури замон баъди коркарди захираҳои худӣ, вобастагии Тоҷикистон аз маводи сӯхти хориҷӣ умуман бартараф хоҳад шуд.»


Ҳимояти Раҳимзода аз лағви имтиёзҳои вуруди мошин ба Тоҷикистон


Шариф Раҳимзода,
рӯзи 29–уми январ, дар шаҳри Душанбе инчунин изҳор дошт, ки аз ҷонибдорони лағви имтиёзҳо зимни воридоти мошин ба Тоҷикистон мебошад. Ба гуфтаи вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон тартиби нави воридоти мошин ба кишвар хароҷоти қишри дороро бештар мекунад, вале ба буҷаи мардуми миёнаҳол таъсире нахоҳад дошт.

Ӯ афзуд, тартиби нав асосан хароҷоти афродеро зиёд мекунад, ки мошинҳои гаронарзиш мехаранд: «Онҳое, ки бо 100 ҳазор доллар мошин мехаранд, имконият доранд 20 дарсади дигар боҷи давлатро низ пардохт кунанд.»

Бар асоси тартиби нав, аз 1-уми феврали соли равон зимни воридоти мошин, чӣ барои истифодаи шахсӣ ва чӣ бо ҳадафи тиҷорӣ, яъне барои фурӯш, тартиби ягонаи боҷу андозбандӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Барои ҳар мошине, ки ба кишвар ворид мешавад, 18 дарсад андоз аз арзиши изофа, 5 дарсад боҷи гумрукӣ ва 10 дарсад андози аксиз хоҳанд ситонд.

Шарифзода, мегӯяд ин тартиб ба мошинҳои навбаромад, онҳое, ки тайи 5 соли охир истеҳсол шудаанд, рабт дорад вале мошинҳое, ки маъмулан қишри миёнаҳоли Тоҷикистон истифода мекунад, бо тартиби пештара ворид мешаванд.

Шарифзода гуфт, аз тартиби имтиёзноки вуруди мошинҳо ба Тоҷикистон, соҳибкорони алоҳида сӯиистифода мекарданд. Шарифзода тавзеҳ дод, ки тоҷирони мошин шиносномаҳои аҳли як деҳаро ҷамъ карда, бо мақсадҳои тиҷорӣ аз тартиби боимтиёзи вуруди мошин ба Тоҷикистон истифода мекарданд.

Ба гуфтаи ӯ, тоҷирон дар Тоҷикистон маъмулан мошини худро дар гумрук шахсӣ нишон дода, аз тартиби боимтиёзи воридоти мошин истифода мебурданд, ки акнун аз ин имкон маҳрум хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG