Чанде аз ширкатҳои дастраскунандаи маҳсулоти нафтии Тоҷикистон аз "номуайянӣ" дар бозори маҳсулоти нафтии кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд.
Ин ширкатҳо бо ирсоли як нома ба сарвазири кишвар -- Оқил Оқилов аз имзои ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Русияву Тоҷикистон дар бораи бекор кардани боҷи нафтӣ истиқбол намуда, навиштаанд, бо гузашти ҳудудан як моҳ аз имзои санади мазкур, ҳамоно санаи бекор шудани боҷи нафтӣ, ҳаҷм ва номгӯи маҳсулот, инчунин, механизми амалӣ намудани созишнома дақиқ нест.
Бино ба тавофуқе, ки миёни Русияву Тоҷикистон ҳосил шуд, бояд то 1-уми ноябри соли равон кишварҳо Созишномаеро дар ин маврид ба тасвиб мерасонданд. Дар ҳоле, ки тоҷикистониён лағви боҷи содиротии нафтиро интизоранд, ҳукумати Русия қарори нав қабул кардаст, ки ба пояи он, аз 1-уми ноябр интиқолдиҳандагони бензин, аз он ҷумла ба Тоҷикистон барои ҳар тоннаи он 364 доллар боҷи содиротӣ пардохт хоҳанд кард. Боҷи содиротӣ барои маҳсулоти дигари нафтӣ, аз қабили сӯзишвории дизелӣ 267 доллар барои ҳар тонна муқаррар шудаст.
Дар ҳамин ҳол ширкатҳо навиштаанд, ки номуайянӣ дар вазъ рискҳои субъектҳои хоҷагидорро зиёд карда, дар ҳоли идома ёфтан метавонад боиси тағйирёбии нархҳо ва камчин шудани сӯзишворӣ дар бозори дохилӣ шавад, зеро харид ва захираи маҳсулот бо қимати ҳомили боҷ барои моҳҳои наздик салоҳ нест. Ҳамчунин дар номаи ширкатҳо омадааст, ин номуайянӣ боиси боло рафтани шиддати иҷтимоӣ низ шуда метавонад, ки қобили қабул нест.
Дар интиҳо ширкатҳо аз сарвазир хостаанд, ки бо назардошти нуфузи зиёди ширкатҳои мутааллиқ ба Русия дар бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ва ба хотири пешгирӣ аз нобасомониҳо бозори маҳсулоти нафтӣ, ҳамчунин таъмини шаффофият дар амалӣ намудани механизми татбиқи созишномаи мавриди назар, як гуруҳи корӣ ташкил дода шавад.
Ин нома аз сӯи ширкатҳои бузургтарини Тоҷикистон, ба шумули «Умед-88», «Сомон-логистик», «Фароз» ва шаш ширкати дигар, ба истиснои бузургтарин воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ «Газпромнефт – Тоҷикистон» - и Русия ба имзо расидааст.
Дар ҳамин ҳол масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд бегоҳи имрӯз, 30-юми октябр як ҳайати корӣ аз Русия барои баррасии лағви боҷи содиротии маводи сӯхт вориди Душанбе мешавад. Масъулини энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд ният аст, созишнома дар бораи лағви боҷ даҳаи аввали моҳи ноябр имзо шавад. Ба гуфтаи намояндагони вазорат баъди имзои созишнома Тоҷикистон имкон пайдо мекунад, ки чун ду соли пеш сӯзишвории Русияро бе пардохти боҷи содиротӣ ворид намояд.
Русия боҷи содиротиро барои Тоҷикистон моҳи майи соли 2010 ба далели аъзои Иттиҳоди гумрукӣ набудан, ҷорӣ карда, ҳар моҳ вобаста ба нархи нафт дар ҷаҳон ҳаҷми онро поёну боло мебарад.
Айни ҳол бино ба маълумоти расмӣ, Тоҷикистон 80 дарсади маҳсулоти нафтиашро аз Русия ва бақияашро аз Туркманистону Қазоқистон ва Узбакистону Қирғизистон ворид мекунад.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!