Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таъхир"-и сиёсӣ дар имзои санадҳои миёни Душанбеву Маскав?


Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе. Моҳи октябри соли 2012.
Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе. Моҳи октябри соли 2012.

Имзои созишномаҳо байни Тоҷикистон ва Русия, ки қарор буд сар аз 1-уми январи соли 2013 вориди амал шаванд, бинобар бархе "мушкилиҳо" ба таъхир афтодааст.

Бисёриҳо интизор доштанд, ки созишҳои мазкур дар ивази идомаи ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон, ба шаҳрвандони тоҷик сабукиҳое хоҳанд овард.

Барои намуна, бино ба ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Русия ва Тоҷикистон, Созишномаи интиқоли маводи нафтӣ ба имзо мерасид ва боҷи гумрукӣ аз фаровардаҳои нафтии Русия бардошта мешуд. Ҳуҷҷати дигар Созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия буд, ки мӯҳлати қаблии сабти номро аз 7 ба 15 рӯз тамдид мекунад, низ бояд пас аз 1 январ ба ҳукми қонун медаромад.

Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯянд, Созишномаи интиқоли маводи нафтӣ дар ҳоли ҳозир омода шуда, бо ҷониби Русия мувофиқа мешавад. Дар раёсати ҳамкориҳои хориҷии вазорат ба «Озодӣ» гуфтанд, ки он чӣ марбути ин раёсат буд, яъне омода кардани худи санад анҷом ёфта, ҳоло тарҳ дар раёсатҳои дигар баррасӣ мешавад.

Аскаралӣ Раҷабов, сарвари Сарраёсати таҳлили конюнктураи бозор ва танзими фаъолиятҳои тиҷорӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар ин раёсат нақшаи тадобири иҷро кардани Созишномаи мазкур банд ба банд омода мешавад: «Ҳанӯз ин нақша ба охир нарасидааст. Мутахассисони мо сари ин кор мекунанд, ки дар ҳоли ба имзо расидани Созишнома онро чӣ тавр амалӣ хоҳанд кард. Ин ҳам ба он хотир аст, ки собит шавад, Созишнома танҳо дар рӯи коғаз неву дар амал ҳам чӣ тавр татбиқ мешавад.»

Аммо бино ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо, ки аз тафсилоти музокирот огаҳӣ дорад, Русия ба пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон, бахусус, моддаи 6- и созишнома, ки ба масъалаи реэкспорт ё содироти дигарбора ба кишвари сеюм рабт дорад, мувофиқат намекунад. Вай афзуд, ихтилофи назар ин ҷост, ки русҳо мехоҳанд, ширкати «Газпромнефт» низ дар ин тиҷорат нақш дошта бошад, аммо ин ба нафъи ширкатҳои Тоҷикистон нест. Ба қавли ин манбаъ, рӯзи 3-юми январ ҷаласаи гурӯҳи корӣ дар ҳузури сарвазири Тоҷикистон баргузор мешавад ва тасмими ниҳоӣ сари Созишнома гирифта хоҳад шуд.

Аммо дар мавриди имзо нашудани Созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, Анвар Бобоев, муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, ин санад ду ҳафта қабл ба Русия фиристода шуда, ҳеҷ як ихтилофи назар вуҷуд надорад, аммо имзояш ба далели истироҳати рӯзҳои иди Соли нав ба таъхир афтод: «Ҷониби Русия тақрибан 10 рӯз имзои ин санадро мавқуф гузошт. Умедворем, ки дар фосилаи 10 то 15 январ он ба имзо мерасад. Мо мунтазири ҷониби Русия ҳастем, ки кай тариқи вазорати корҳои хориҷӣ расман ба мо ҷавоб мегӯянд.»

Аммо ҳамсӯҳбати мо, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, Русия ба хотири бештар нафъ бурдан аз созишномаҳо, дидаву дониста раванди музокиротро ба қафо меандозад ва мунтазир ин аст, ки кай Тоҷикистон Созишномаи шароит ва будубоши пойгоҳи низомии 201-ро ба имзо мерасонад ва тасвиб мекунад. Вай афзуд, ҳукумати Тоҷикистон ҳам то имзо шудани созишномаҳои марбут ба нафту газ ва муҳоҷират, ин созишномаро барои тасвиб ба парлумон нахоҳад фиристод.
XS
SM
MD
LG