Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат номи ҷавони дар Русия фавтидаро эълон кард


Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Маскав
Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Маскав
Субҳи якшанбе дар шифохонаи ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав шарҳванди Тоҷикистон Ҷумъахон Азизов, ки як рӯз пеш аз тири афсарони полиси Русия ҷароҳат бардошта буд, вафот кард. Ба қавли табибон Азизов аз сараш тир хӯрда буд ва наҷот додани ӯ хеле душвор буд. Чор нафари дигар, ки ҳамроҳ бо Азизов боздошт шудаанд, сиҳату саломатанд. Бо дастури Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Маскав, дипломатҳои тоҷик ба ноҳияи Одинтсово рафта, таҳқиқи қазияро пайгирӣ доранд.
Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммади Эгамзод ба Радиои Озодӣ гуфт: Азизов Ҷумъахон Ҳафизович соли таваллудаш 1987 зодаи деҳаи Фурӯзобаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ва чор ҳамроҳи ӯ: Шарифов Шӯҳрат Шерович, Саидшоҳи Шоҳвалӣ, Аҳмадхони Хайраҳмад ва Ҷабборов, ҳамагӣ сокинони вилояти Хатлон мебошанд.
Рӯзи шанбе хабаргузории Интерфакс бо такя ба иттилоъ аз сарраёсати полиси вилояти Маскав гузориш дода буд, ки ҳангоми боздошти ронандаи як мошин сабукрав афсарони полис аз силоҳи оташфишон истифода бурда, як нафарро бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол доданд.
Ба навиштаи ҳамин хабаргузорӣ субҳи барвақти 12-уми январ дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав мошини ВАЗ 21093 мошини полисро дида, кӯшиш кард аз он фирор намояд.
Вале афсарони полис онро дарёб намуда, пеши роҳашро гирифтанд.
Афсарони полис иддао доранд, ки ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо яке аз боздоштшудагон бо корд ба онҳо муқовимат намуд ва афсарон ибтидо ба ҳаво тир холӣ намуда, сипас ӯро ҳадаф қарор додаанд. Полис таҳқиқи зарурати истифодаи силоҳ аз ҷониби афсари полисро оғоз намудааст.
XS
SM
MD
LG