Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷми тиҷорат миёни Душанбе ва Анқара афзудааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳаҷми табодули коло миёни Тоҷикистон ва Туркия дар нӯҳ моҳи аввали соли ҷорӣ, 436 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Ба гузориши хабагузории «Анотолиа»-и Туркия, ин нуқтаро Идрис Наим Шоҳин, вазири умури дохилии Туркия рӯзи 30-юми ноябр дар даври ҳаштуми нишасти Кумитаи байниҳукуматии иқтисодии Туркия ва Тоҷикистон, ки дар Анқара баргузор шуд, баён доштааст.

Оқои Шоҳин умедворӣ кардааст, ки имзои созишномаҳои нав ба рушди ҳамкориҳои бештар миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахши тиҷорат, туризм, ҳамлу нақл, беҳдошт ва энержӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвар дар чанд соли ахир тавсеа пайдо карда ва ҳоло дар бахшҳои тиҷорату саноат, сохтмон ва хадамоти мухталиф дар Тоҷикистон даҳҳо ширкати туркӣ кор мекунанд.

Туркия аз ҷумлаи кишварҳоест, ки аз ворид шудани Тоҷикистон ба СҶТ ҳимоят кард. Ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2011 миёни Тоҷикистону Туркия дар бораи ҳимояти Туркия аз Тоҷикистон барои даромадан ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат протоколе ба имзо расида буд. Туркия баъд аз Русия ва Чин саввумин кишваре аст, ки бо Тоҷикистон равобити хуби тиҷоратиро ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон Тоҷикистон ва Туркия узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд. Ин созмон дар соли 1985 аз сӯи Эрон, Покистон ва Туркия ташкил шуда ва пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои тозаистиқлоли Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон низ ба ин созмон пайвастанд. Бо шумули Афғонистон, ҳоло дар ин созмон даҳ кишвар аъзо аст.
XS
SM
MD
LG