Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия


Ба думболи дидори Теҳрон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи 19 январ аз Анкара, пойтахти Туркия дидан хоҳад кард. Дар ин нишаст раҳбароин Тоҷикистону Туркия масоили марбут ба равобити байни ин ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард. Ҷамшед Шарифов, масъули масоили равобит бо Эрону Туркия дар вазорати иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, дар нишасти Анкара ҳайъатҳои ду кишвар бояд зери 5 санади иқтисодӣ имзо гузоранд: "Дар он ҷаласа имзо як қатор созишномаҳо дар назар гирифта шудааст, аз ҷумла созишномаҳои шарикият ва ҳамкорӣ, барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаи саноат, созишнома байни муассисаҳои стандартии ду давлат ва созишнома дар бораи ифтитоҳи намояндагии ожонсии рушди байналмилалии Туркия дар Тоҷикистон. Дар маҷмӯъ, 5 ҳуҷҷати иқтисодӣ."

Оқои Шарифов афзуд, ҷониби Душанбе ба ақиб андохтани замони бозпардохти қарзи Тоҷикистон аз Туркияро ҳам пешниҳод кардааст. Сухан дар бораи 50 миллион доллар қарзе меравад, ки ҳанӯз дар солҳои навадум Душанбе аз Анкара дарёфт карда буд. Ҷамшед Шарифов мегӯяд: "Ҷониби Тоҷикистон реструктуризатсияи ин қарзро пешниҳод карда буд. Мо аз ин 50 миллион 35,9 миллион долларашро истифода кардаем алакай. 14,1 миллионашро мо ҳанӯз истифода набурдаем. Мо алакай қисми асосии қарз ва фоизи истифодаи онро баргардондем. Тахминан 13 миллион доллари қарзи Туркия боқӣ мондааст, ки бояд реструктуризатсия шавад. Лекин мо аз ҷониби туркӣ ҷавоби мушаххас нагирифтаем, ки оё ин масъала баррасӣ мешавад ё на."

Мавзӯъи дигаре, ки феълан байни ду кишвар матраҳ аст, эҳтимоли мушорикати Туркия ва ширкатҳои туркӣ дар барномаҳои сохтани силсилаи нирӯгоҳҳо бар фарози рӯдхонаи Панҷ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аст. Аз ҷумла, сохтани ниругоҳи Кӯкча, ки ҳазинааш дар ҳудуди 400 милён доллар ҳисоб шудааст. Рашид Гулов, раиси департаменти энержӣ дар вазорати энержии Тоҷикистон мегӯяд: "Пиромуни масъалаи сохтани нирӯгоҳҳои барқи обӣ дар маҷрои дарёи Панҷ ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кумиссиюни байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия доир шуда буд ва дар протоколи он навишта шудааст, ки тарафи Туркия ҷиҳати сохтани се нирӯгоҳи барқӣ обӣ дар маҷрои дарёи Панҷ мусоидат мекунад."

Иҷлосияи кумиссиюни ҳамокриҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия дар Душанбе дар нимаи дуввуми моҳи декабр доир шуда буд. Маҳмуд Ойдин, вазири давлатии Туркия дар ин иҷлосия гуфт, ду кишвар мехоҳанд дар соли 2006 мизони тиҷорати дуҷонибаро ба дасти кам 250 миллион доллар бирасонанд. Ҳаким Солиев, вазири иқтисоди Тоҷикистон ба навбаи худ гуфт, Тоҷикистон метавонад ва бояд аз Туркия хеле чизҳоро, ба вижа дар риштаи таъсиси зербинои риштаи саёҳат ва ҷаҳонгардӣ биёмӯзад.Зимнан, ба хотири бунёди зербинои муҳкамтари риштаи ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон қарор аст, тавассути ширкатҳои туркӣ дар ин кишвар аз ҷумла дар Душанбе як силсила меҳмонсароҳо сохта шавад.

Ва ҳам қарор аст, дар ҷараёни сафари президент Раҳмонов ба Туркия байни Душанбеву Истамбул як хатти сайри ҳавоии дигар тавассути ширкати ҳавоии Туркия расман ифтитоҳ шавад. То кунун байни Душанбеву Истамбул ҳафтае як маротиба ҳавопаймоҳои Тоҷикистон парвоз мекарданд. Вале Ашкин Чекмек, котиби севвуми сафорати Туркия дар Душанбе мегӯяд: «Бо ин вуҷуд, мушкили асосӣ он нест, ки қонуни андози Тоҷикистон ба сармоягузорони хориҷӣ мувофиқ набуд, мушкил бештар дар сафарҳои ҳавоист. Сармоягузорони турк наметавонанд бо он шароите, ки ширкати ҳавоии «Тоҷикистон» ба онҳо пешниҳод мекунад, ба ин кишвар биёянд. Сафарҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистон ҳафтае ҳамагӣ як маротиба сурат мегиранд. Ман бар он боварам, ки бо барқарор шудани хатти сайри ҳавоӣ аз ҷониби ширкати Туркия, натанҳо сармоягузорони ин кишвар, балки сармоягузорони тамоми Аврупо ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Зеро назар ба ин ки аз Душанбе то Маскав ва аз он ҷо ба кишварҳои Аврупо парвоз кунӣ, осонтар аст ин кор аз тариқи хатсайри Душанбе-Истамбул анҷом пазирад.»

Мизони тиҷорат байни Тоҷикистону Туркия назар ба Эрону Афғонистон хеле баландтар аст. Вале Ҷамшед Шарифов мегӯяд, омори расмии Душанбе дар ин масъала аз омори расмии Анкара ба маротиб фарқ доштааст: "Тибқи маълумоти омори расмии ҷониби Тоҷикистон, ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба Туркия 143 387 000 доллар ва воридот аз Туркия ба Тоҷикистон 21 869 000 доллари амрикоист. Маълумоти Туркия аммо дигар аст. Онҳо мегӯянд, то моҳи октябр содироти Туркия ба Тоҷикистон 36 миллион ва фурӯшоти Тоҷикистон ба Туркия 33,6 миллион доллар будааст. Тафовут бениҳоят зиёд аст. Сабабаш фарқи қонунҳои гумрук аст дар бораи кишвари зодгоҳи мол. Туркия аз мо асосан алюминий мехарад, ки мо дар омори худ ҳамчун содирот сабташ мекунем. Аммо дар омори Туркия он ҳамчун моли Русия сабт мешавад, чунки ба ширкати РусАл тааллуқ дошта, дар Тоҷикистон танҳо коркарди он анҷом мегирад."

Ин мақоми вазорати иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, Душанбе аз Туркия бештар маводи ниёзи аввал ворид мекунад, дар ҳоле ки 95 дарсади содироти Тоҷикистон ба Туркия аз ҳисоби фурӯши алюминийи аввалия ба даст омадааст.
XS
SM
MD
LG