Дар ин муроҷиатнома, ки бо имзои беш аз 40 ҳунарманди саршиноси тоҷик, аз ҷумла Нурулло Абдуллоев, Соро Сабзалиева, Дилором Умарова, Исо Абдурашидов, Қурбони Собир ва дигарон ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ирсол шудааст, тасмими «Тоҷиккино» дар бораи манъи филмҳои туркиро нақзи ҳуқуқи тамошобин, «хизмати хирсона» ва «иқдоми» хандаовар унвон кардаанд.
Моҳи майи соли равон «Тоҷиккино» тарҷума ва нашри 5 филми туркӣ - «Ҳомиён», «Пайроҳаи тақдир», «Мисли Юсуф», Хаёлҳои сабз» ва «Водии гургон» - ро мамнӯъ эълон кард. Ин филмҳо тайи се соли ахир ба пуртеъдодтарин моли дискфурӯшиҳои Тоҷикистон табдил ёфта буданд. Давлат Сафаров, мудири кулли муассисаи давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» гуфт, ҳадаф аз мамнӯъ кардани панҷ филми туркӣ дар Тоҷикистон, ҷилавгирӣ аз таблиғи зӯроварӣ, терроризм ва тундгароӣ аст.
Аммо дар муроҷиатномаи ҳунармандон омадааст, дар шароите, ки дар Тоҷикистон худ филмҳои ватанӣ кам истеҳсол мешаванд, холигоҳи маънавиро филмҳои тарғибгари фаҳшу зӯроварӣ пур кардаанд, дар ҳоле ки филмҳои туркӣ ғояҳои ватандӯстӣ, дифоъ аз адолату ҳақиқат, амнияту офият, диловарию фидокорӣ ва ғайраро тарғиб мекунанд.
«Касоне, ки моҳияту ҷойгоҳ ва ҷанбаҳои тарбиявию ахлоқии ин филмҳоро нодида гирифта, бо ғаразҳои шахсӣ ба онҳо бо интиқод санг заданд, аслан ин филмҳоро тамошо накарда, ба таври худ қазовату маҳкум кардаанд» - омадааст дар муроҷиатнома.
Ҳунармандон мегӯянд, ба далели камбуди маош ва гонорари ҳунарпешагӣ дар телевизиону радио ва театру кинои тоҷикӣ, барои дубляжи филмҳо аз студияҳои «Ҳамсадо», «Симо» ва «Насиҳат» маоши хуб ба даст меоварданд. Аз ин хотир, онҳо аз раисҷумҳур хостаанд, ки ба хотири беҳбуди равобит бо Туркия ва талаботи маънавии мардум, сари фармони ниҳоди зидахл дар бораи манъи пахши филмҳои туркӣ таҷдиди назар кунад.
Иддае аз коршиносон бар инанд, ки дар филмҳои туркӣ ахлоқи исломии қаҳрамонон хеле барҷаста нишон дода шудааст ва иддае ҳам як гуна онро тарғиби пантуркизм дар Тоҷикистон меноманд.