Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия мехоҳад дар Тоҷикистон нирӯгоҳ бунёд кунад


Дар ин бора зимни панҷумин нишасти муштараки Кумиссиюни иқтисодии Тоҷикистону Туркия дар шаҳри Душанбе миёни мақомоти зирабти ҳарду кишвар мувофиқа ҳосил шуд. Ҳаким Солиев, вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар аснои нишаст инчунин гуфт, ки миёни Тоҷикистону Туркия 29 санади байнидавлатӣ, аз он миён 14 созишномаи ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ва тиҷорат ба тасвиб расидааст, аммо бахши аъзами ин ҳуҷҷатҳо феълан татбиқ намешавад. Вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ҳамчунин аз вазъи мубодилаи мол миёни ин кишварҳо изҳори нигаронӣ кард:

«Бо назардошти вазъи иқтисодӣ ва имконоте, ки Туркия дорад, ҳаҷми моле, ки аз Туркия ба Тоҷикистон ворид мешавад, хеле ночиз аст. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Туркия чораҳои мушаххас андешем. Мо мехоҳем махсусан дар самти бунёди ниругоҳҳои хурд ва соҳаи нафту кимиё ва истихроҷи газ бо ҷониби Туркия ҳамкорӣ ва сармояи ин кишварро ҷалб кунем. Доир ба ҳамкориҳо дар бахши ҷаҳонгардӣ ҳаминро мехоҳам зикр кунам, ки танҳо дар соли равон ҳудуди 21 миллион сокини кишварҳои олам аз Туркия дидан карданд ва ин ба иқтисоди Туркия 15 миллиард доллари амрикоӣ фоида овард. Аз ин рӯ, мо дар мавриди ҷалби ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон бояд аз таҷрибаи Туркия омӯзем.»

Дар навбати худ, Маҳмуд Ойдин, вазири давлатии ҷумҳурии Туркия ва раҳбари ҳайати расмии ин кишвар гуфт, кишвараш дар роҳи рушди туризм ба Тоҷикистон ёрӣ мерасонад ва барои ин нарму соддатар кардани низоми раводид муҳим аст. Туркия дар ин робита тасмим дорад, дар сохтмони чанд меҳмонхонаи ба талаботи замон ҷавобгӯ дар шаҳри Душанбе саҳм гузорад. Ба гуфтаи оқои Ойдин, Туркияро низ сатҳи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодияш бо Тоҷикистон қонеъ намекунад ва аз ин лиҳоз ҷонибҳо талош хоҳанд дошт, то дар соли оянда мубодилаи мол миёни ин ду кишвар ба 250 миллион доллари амрикоӣ баробар шавад.

Дар аснои нишасти Кумиссиюни муштараки иқтисодӣ ҳамчунин масъалаи кушодани хатти сайр миёни Душанбе ва Анқара, пойтахти Туркия тавассути ҳавопаймо мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт. Файзалӣ Султонов, муовини раиси ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикистон» дар ин робита мегӯяд, пас аз ба имзо расидани як созишномаи байниҳукуматӣ миёни ду кишвар, имкон дорад, аз моҳи январи соли оянда ин тасмим амалӣ гардад.

Ашкин Чакмак, котиби сеюми сафорати Туркия дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ин далел, ки мақомоти Тоҷикистон дар қонуни андоз як идда тағйирот ворид карда ва тибқи он сармоягузорони хориҷӣ аз баъзе намудҳои андозсупорӣ озод шуданд, мақомот ва соҳибкорони Туркияро хуш омад ва имкон дорад, аз ин ба баъд сармоягузорони Туркия ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар кунанд:

«Бо ин вуҷуд, мушкили асосӣ он нест, ки қонуни андози Тоҷикистон ба сармоягузорони хориҷӣ мувофиқ набуд, мушкил бештар дар сафарҳои ҳавоист. Сармоягузорони турк наметавонанд бо он шароите, ки ширкати ҳавоии «Тоҷикистон» ба онҳо пешниҳод мекунад, ба ин кишвар биёянд. Сафарҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистон ҳафтае ҳамагӣ як маротиба сурат мегиранд. Ман бар он боварам, ки бо барқарор шудани хатти сайри ҳавоӣ аз ҷониби ширкати Туркия, натанҳо сармоягузорони ин кишвар, балки сармоягузорони тамоми Аврупо ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Зеро назар ба ин ки аз Душанбе то Маскав ва аз он ҷо ба кишварҳои Аврупо парвоз кунӣ, осонтар аст ин кор аз тариқи хатсайри Душанбе-Истамбул анҷом пазирад.»

Ба гуфтаи Ҳаким Солиев, вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, авоили соли оянда боздиди расмии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз Туркия дар назар аст ва зимнан чор созишномаи байниҳукуматӣ дар бахши иқтисод ва тиҷорат ба тасвиб хоҳад расид.

Панҷумин нишасти Кумиссиюни муштараки иқтисодии Тоҷикистону Туркия то рӯзи 22 декабр идома мекунад ва дар пайи ин нишаст қарор аст, як созишномаи байниҳукуматӣ имзо ва нишасти хабарӣ барои расонаҳои дохилу хориҷ баргузор шавад.

Тибқи иттилоъи Кумитаи давлатии омор, дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми мубодилаи мол миёни Тоҷикистону Туркия беш аз 125 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Аз Тоҷикистон ба Туркия ба маблағи 20 миллион доллар алюминиум ва аз Туркия ба ин кишвар асосан гилхок, шакар, хӯрокворӣ, қолинҳо ва коғаз, инчунин фанновариҳо ва маводди кимиёвӣ ворид мешавад.
XS
SM
MD
LG