Ронандаҳои тоҷик мегӯянд, чанд рӯз боз гумрукчиёни қирғиз ба мошинҳои самти Чин иҷозаи убури сарҳадро намедиҳанд.
Саидшариф Сабуров, як ронандаи мошинҳои борбар дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гумрукчиёни қирғиз дар гузаргоҳи гумрукии «Қарамиқ» миёни ноҳияи Ҷиргатол ва Алай иҷозаи убур аз қаламрави Қирғизистонро намедиҳанд.
Ба қавли ӯ тайи се рӯз тақрибан 15 мошини борбаре, ки ба тарафи Чин бояд ҳаракат мекард дар гузаргоҳи «Қарамиқ» бозистодаанд. Хадамоти гумруки Тоҷикистон тасдиқ кард, ки воқеан дар гузаргоҳи «Қарамиқ» миёни ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон ва Алайи Қирғистон мушкил пеш омадавст.
Ба қавли масъулини Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ахиран ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифт, ки равуо дар гузаргоҳи дуҷонибаи «Қарамиқ» танҳо миёни ду кишвар сурат гирад. Аз ин ру ҳаракати мошинҳое, ки аз Чин ба воситаи "Қарамиқ" ба Тоҷикистон меоянд ва ё аз ин роҳ ба Чин мераванд мамнӯъ шудааст.
Абдураҳим Умаров, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи санадҳои ба имзорасида миёни Тоҷикистону Қирғизистон, гузаргоҳи "Қарамиқ" аз ҷумлаи гузаргоҳҳои дуҷониба маҳсуб мешавад ва гузаргоҳи байналмилалӣ нест. Ба гуфтаи ҷаноби Умаров, миёни Қиғизистону Тоҷикистон гузаргоҳҳои байналмилалӣ ба мисли «Гулистон», «Овчақалачӣ» ва «Қизиларт» амал мекунад, ки равуо аз тариқи онҳо озодона сурат мегирад.
Аммо ронандаҳои тоҷик мегӯянд ҳаракати мошинҳо ба Чин асосан тавассути гузаргоҳи «Қарамиқ» сурат мегирифт ва то чанд рӯзи пеш дар ин масъала ҳеҷ мушкиле вуҷуд надошт.
Дар ҳамин ҳол як намояндаи Раёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки аз овардани номаш худдорӣ кард ба Радиои Озодӣ гуфт, як сабаби дигари маҳдудияти ҳаракати мошинҳои Тоҷикистон дар гузаргоҳи «Қарамиқ» ба поён расидани мӯҳлати созишномаи ҳамкории Чину Қирғизистон дар бахши гумрук мебошад.
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ки марзбонони қирғиз ба онҳо гуфтаанд, ки ҳоло миёни ҳукуматҳои ин ду кишвар гуфтушунид идома дорад ва пас аз тамдиди он, боз убури мошинҳои Тоҷикистон ба тарафи Чин имконпазир хоҳад шуд. Феълан ба қавли ҳамсуҳбати мо, дар гузаргоҳи "Қарамиқ" даҳҳо мошинҳои борбар истодаанд, зеро онҳо аз пеш омадани чунин вазъ иттилоъ надоштаанд.
Дар ҳамин ҳол масъулини Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки ояндаи наздик ин мушкил рафъ хоҳад шуд.