Ин муҳокимаи додгоҳӣ рӯзи 2-юми ноябр дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Баррасии ин парванда ҳанӯз дар авохири моҳи сентябри соли ҷорӣ шурӯъ шуда буд ва Икром Сиддиқов, вакили маҷлиси вилояти Бодканди Қирғизистон бо қочоқи симоби сурх муттаҳам мешуд.
Ду нафаре, ки дар ҳамдастӣ бо Икром Сиддиқов муттаҳам мешуданд, яке Чингиз Абдураҳмонов, сокини Бодканд ва дуюмӣ Ёқубҷон Ҳомидов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон мебошанд, ки мутародифан ҳар яке ба муддати 9 ва 8 соли маҳкум ба зиндон шудаанд. Ҳар се аз маҳкумшудагон дар маҳбаси низоми шадид, нигаҳдорӣ хоҳанд шуд.
Маҳкумияти Икром Сиддиқов ба 10 соли зиндон дар ҳолест, ки аз ин қабл гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси шаҳри Бодканди Қирғизистон аз додгоҳи Исфара хоста буданд, Икром Сиддиқовро бо риояи ҳаққи дахлнопазирияш, аз боздошт раҳо кунанд.
Вакилон (депутатҳо)-и қирғиз ҳамчунин ба хотири раҳо кардани Сиддиқов то замони бекор кардани ҳаққи дахлнопазирии ӯ, ба мақомоти мухталифи Тоҷикистон муроҷиат карданд, вале посухи мусбат дарёфт накардаанд.
Икром Сиддиқов се моҳи пеш зимни қочоқи 90 кило симоби сурх аз сӯи пулиси Тоҷикистон дар шаҳри Исфара боздошт шуда буд. Дар ин кор, ба гуфтаи мақомот, Сиддиқовро як шаҳрванди дигари Қирғизистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд. Мақомоти интизомии Суғд онҳоро "гурӯҳи ҷиноии фаромиллӣ" номидаанд.