Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду пулиси Мурғоб дар Қирғизистон боздошт шудаанд


Ба қавли масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ду маъмури пулисе, ки дар марз бо Қирғизистон дастгир шудаанд, собиқ кормандони ШКД-и Мурғобанд.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 25-уми октябр, ба Радиои Озодӣ гуфт, ду маъмури пулис, ки дар марзи Қирғизистон бо 24 кило ҳероин боздошт шудаанд, собиқ кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мурғоб мебошанд.

Дирӯз, 24-уми октябр, мақомоти Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Қирғизистон гуфтанд, ки ду корманди бахши умури дохилии ноҳияи Мурғобро дар гузаргоҳи Гардебаи ноҳияи Олой боздошт карданд. Ба қавли онҳо, аз пинҳонгоҳи махсуси мошини "милисаҳо" шаш бастаи ҳероинро, ки ба 24 кило баробар буд, кашф ва мусодира кардаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВУД, мегӯяд, ин маъмурони пулис - капитани милиса Асалбек Боронбоев ва подполковники милиса Маҳкам Лашкаров ҳастанд, ки рӯзи 20-уми октябр барои ҳамкорӣ бо гуруҳҳои ҷиноии шаҳри Хоруғ аз системаи Вазорати умури дохилӣ хориҷ карда шуданд. Дар қатори онҳо, ҳафт милисаи дигари Бадахшон аз мақомҳои худ барканор шуда, бархеи дигар танбеҳ гирифтаанд.

Вазири умури дохилӣ, Рамазон Раҳимов, ки рӯзи 20-уми октябр бо кормандони Раёсати умури дохилии Бадахшон мулоқот доштааст, аз маъмурони пулиси минтақа даъват кардааст, ба иҷрои рисолатҳои худ "софдилона" муносибат кунанд.

Ҳафтаи пеш баробари вазири умури дохилӣ инчунин Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи Тоҷикистон низ ба шаҳри Хоруғ рафта буданд. Гуфта мешавад, зимни сафари роҳбарони аршади мақомоти қудратӣ дар Бадахшон, масоили халъи силоҳ ва мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ шудаанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG