Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯш роҳи бензин ба Тоҷикистонро бастанд


Марзи Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Марзи Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Сокинони вилояти Ӯши Қирғизистон монеи ҳаракати мошинҳои ҳомили бензин ба сӯи Тоҷикистон шуданд.

Ҳудуди 50 сокини деҳаи Қарамиқи ноҳияи Алайи вилояти Ӯши Қирғизистон дар ҳудуди ҳамин деҳа садди роҳи 15 "Камаз"-и ҳомили бензин шудаанд, ки ба тарафи Тоҷикистон ҳаракат мекарданд.

Сокинони деҳаи Қарамиқ рӯзи ҷумъа ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки қатори мошинҳои борбарро имкон намедиҳанд, ки аз дохили кишвар маводи сӯхтро берун баранд. Онҳо даъво кардаанд, ки "Камаз"-ҳои сангин роҳҳои мошингарди навоҳиро низ хароб мекунанд.

Аз рӯзи панҷшанбе ба ин тараф "Камаз"-ҳо ҳомили бензин дар инҷо истодаанд ва ҳар яке ҳудуди 40 тона бензин доштааст. Ронандагони мошинҳо гуфтаанд, ки маводи сӯхтро аз Ӯш ба Ҷиргатол ва аз онҷо ба дохили Тоҷикистон мебаранд.

Аммо мақомоти марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, ки роҷеъ ба ин қазия иттилоъ надоранд ва танҳо аз тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ шуданд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ҳанӯз рӯшан нест, ки ин мошинҳои ҳомили маводи сӯхт ба кадом ширкат ё ниҳод тааллуқ доранд.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон, барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи сӯхт дар хати марзи муштараки ин ду кишвар ва ҳам дар шоҳроҳи Хуҷанд Душанбе, гурӯҳҳои сайёри худро ба роҳ мондааст.

Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 13-уми сентябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки Хадамоти гумрук дар бахши вилоятии худ дар Суғд сохтори гумрукии худро мутамарказ кард ва фаъолияти гурӯҳҳои зудамал алайҳи ҷиноятҳои гумрукии ноҳияҳоро ба ихтиёри бахши вилоятӣ вогузошт. Ва дар ин росто гурӯҳҳои сайёр ва зудамали гумрукиро ба марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон сафарбар кард.

Натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои сайёр нишон додааст, ки ба таври қобили мулоҳиза расман ворид шудани маводи сӯхт ба Тоҷикистон бештар шудааст. Ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар мавзеъҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 150 роҳҳои пинҳоние вуҷуд дорад, ки гуруҳҳои қочоқӣ талош мекунанд аз Қирғизистон маводи сӯхт ба Тоҷикистон ворид кунанд.

Бино ба иттлои раёсати марзбонии Тоҷикистон, дар моҳи апрели соли равон марзбонони Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон 4 мошин бо 90 тонна маводи сӯхти қочоқиро боздошт кардаанд. Ин талоши қочоқи маводи сӯхт дар минтақаи марзии Бодканд, ки бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст, сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG