Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Лайк"-ҳои Озодӣ дар Фейсбук аз 5 ҳазор гузашт


Шумораи онҳое, ки саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбукро писандиданд, аз марзи 5 ҳазор нафар гузашт ва ба 5011 нафар расид.

Саҳифаи мазкур -- (https://www.
facebook.com/radio.ozodi),
ки камтар аз ду сол пеш ба ин шабакаи бузургтарини иҷтимоӣ омад, дар ин муддат тавонист, писандидатарин саҳифаи тоҷикӣ дар Фейсбук шавад ва ба як майдони озоди баҳс дар бораи таҳаввулоти сиёсиву иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон табдил ёбад.

Агар омор дар бораи теъдоди истифодабарандагони Фейсбук дар Тоҷикистон дуруст бошад, яъне тақрибан 50 ҳазор, бештар аз даҳ дарсади онҳо саҳифаи Радиои Озодиро писандидаанд. Саҳифаи Озодӣ дар Фейсбук дар замони нооромиҳо дар шаҳри Хоруғ ҳамроҳ бо вебсайти www.ozodi.org аз манобеи аслии хабар дар бораи ин ҳодисаҳо буданд.

Теъдоди онҳое, ки саҳифаи русии Радиои Озодӣ дар Фейсбукро писандидаанд, (https://www.
facebook.com/pages/Ozodi/
118605218186893)
, низ ба тадриҷ бештар мешаванд. Айни замон ин саҳифа бештар аз 1320 мухлис дорад. Баръакси дигар саҳифаву гурӯҳҳои тоҷикӣ дар Фейсбук, саҳифаҳои Радиои Озодӣ минбарест, барои баҳси созанда ва бидуни тавҳину таҳқир ва ҷанҷолу хархаша, ки ин ҳамаро дар бисёре аз саҳифа ва гурӯҳҳои тоҷикӣ дар Фейсбук мушоҳида мекунед.

Бар асоси муқаррарот, тавҳин дар саҳифаи мо дар Фейсбук иҷоза дода намешавад ва ҳар шарҳе ки дорои дашном ва ё ҳақорат аст, пок карда хоҳад шуд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG