Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба радиои "Озодӣ" гуфт, тарҳи мазкур бо маблағгузории Хадамоти анҷом дода шудааст ва барои санҷиш интизор меравад дар охирҳои моҳи сентябр нахустин гуфтугӯи онлайни видеоиро бо Хадамоти муҳоҷирати вилояти Маскав баргузор кунанд.
Ин нахустин таҷрибае ҳаст ва Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад аз сафарҳои пурхарҷи ҳайатҳо ба вилояту шаҳрҳои Русия худдорӣ кунад ва аз роҳи Skype ҳамаи масоили марбут ба муҳоҷират, шурӯъ аз пайдо намудани ҷои кор то имзои қарордоду соизишномаҳоро танзим намояд.
Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, агар ин барнома натиҷаи мусбат диҳад, пас аз Русия бо кишвари Белорусия низ равобит ва тамос аз тариқи Skype-ро ба роҳ хоҳанд монд.
Дасрасӣ ба интернети бесим мушкили аксари муҳоҷирони тоҷикро осонтар намудааст ва ҳоло онҳо бо пайвандони худ бо ин васила дар тамос мешаванд. Акнун онҳо бо хешу табори худ онлайн дар тамос шуда, аз шабакаҳои иҷтимоӣ назири Фейсбук, Мой Мир ва василаҳои иртиботи назири Skype низ истифода мекунанд.
Тибқи омори расмӣ шумори истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафар арзёбӣ мешавад. Шумори истифодабарандагони Интернет сарфи назар аз илова шудани андози аксизӣ ва боло рафтани қиммати он, рӯ ба афзоиш аст.