Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акси баҳсбарангези милисаи тоҷик дар Facebook


Як акси хабарнигори Радиои Озодӣ, дар саҳфаи Фейсбук баҳси зиёди хонандагонро ба бор овард.

Акси як милисаи тоҷик, ки дар маркази шаҳри Душанбе ба хоб рафтааст, вокуниши зиёди хонандагонро дар сафҳаи Фейсбук ба вуҷуд овард.

Аммо аксари назарнависон нисбат ба он ки матни ҷиддӣ бинависанд, бештар ин ҳолати пулисро ба шӯхӣ гирифтаанд. Вале иддае ҳам гуфтаанд, шояд ӯ аз хастагӣ ба ин ҳол расида, каме истироҳат мекунад ва ё шояд ҳам мариз шудаасту беҳол.

Бо ин ҳол, Алӣ Эҳсонов, яке аз ин назарнависон гуфтааст, ки "Дар кӯчаҳои Душанбе гирифтор беҳ, Ки дар хона бинӣ дар абрӯ гиреҳ."

Зарина шӯхиомез дар пайи ин акс навишта, ки "Ҳамаро тинҷ кардам, акнун камтар дам гирам."

Ситора Нуриддинова гуфтааст, шояд ӯ мариз аст ва ё аз хастагӣ ба ин ҳол расида. Вай гуфтааст, аммо писанда задан ба ӯ гуноҳ аст."

Диловар Иззатулло, яке дигар аз назарнавиосн гуфтааст, "худша ба хоб андохтааст. Лекин ба таги чашмаш мошинҳоро нигоҳ дорад, ки яке ягон гуноҳ кардан, давида меравад."

Дилшод Шарапов навиштааст, ки "хизмат осон нест!!!"

Аммо ба назари Шумо, ин ҳолати пулис аз хастагист ё он чӣ, ки корбароин Фейсбук навиштаанд ва ё ҳам чизи дигар? Лутфан назароти худро дареғ надоред.
XS
SM
MD
LG