Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми истирдоди Қорӣ-Восит ба Тоҷикистон содир шуд


Додгоҳи шаҳри Волгогради Русия ҳукми истирдоди Абдулвосит Латипов ба Тоҷикистонро содир намудааст.

Додгоҳи шаҳри Волгоград Абдулвосит Латипов, маъруф бо лақаби "Қорӣ-Восит"-ро барои будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия муҷрим шинохта, ҳукми истирдодаш ба Тоҷикистонро содир кардааст. Ин дар ҳолест, Латипов таҳти ҳимояти Додгоҳи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар қарор дорад.

Вай моҳи ноябри соли 2010-ум дар Русия боздошт шуда буд. Ба дунболи боздошташ мақомоти Тоҷикистон аз Русия истирдоди ӯ ба Душанберо дархост карданд.

Мақомоти тоҷик "Қорӣ-Восит"-ро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла одамрабоӣ, куштор ва роҳзанӣ гумонбар медонанд. Хабаргузориҳои русӣ низ бо истинод ба мақомоти амниятии ин кишвар навиштаанд, аъзои гурӯҳи марбут ба Абдулвосит Латипов ба даст доштан дар 25 амали террористӣ муттаҳам мешаванд, ки боис ба марги беш аз 40 нафар шудааст.

Ин гурӯҳ ҳамчунин дар қатли собиқ додситони кулли Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев ва куштори 19 марзбони рус ва чаҳор корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ваҳдат дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи Хадамоти амниятии Русия, аъзои гурӯҳи Абдулвосит Латифов дар солҳои ҷанги дохилӣ дар урдугоҳҳои ҳудуди Эрон ва манотиқи марзи миёни Афғонистону Покистон омӯзиши низомӣ гирифтааст.

Расонаҳи русӣ менависанд, ки Абдулвосит Латипов аз соли 1997 то 2001 муҳофизони яке аз раҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода буд. Вале ҷаноби Тӯраҷонзода қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари рабти Латипов ба худро бепоя ва беасос хонд ва гуфт, Абдулвосит Латипов ҳеҷ гоҳе аз ҷумлаи муҳофизони ӯ набудааст.

Моҳи ноябри соли гузашта мақомоти амниятии Русия Зубайдулло Шоев, узви гурӯҳи “Қорӣ-Восит”-ро ба Тоҷикистон истирдод карданд. Аз ин пеш, мақомоти Русия Боймурод Хоҷаев, узви дигари гурӯҳи “Қорӣ Восит”-ро ба мақомоти Тоҷикистон таслим карда буданд, ки моҳи августи соли 2011 ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон Боймурод Хоҷаев, аз размандагони собиқи мухолифин дар ноҳияи Ваҳдатро ба даст доштан дар ҷиноёти сангин, аз ҷумла куштор дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ муҷрим шинохт.

Хадамоти федералии амниятии Русия гуфтааст, аъзои гурӯҳи Абдулвосит Латипов бо санадҳои тақаллубӣ вориди Русия шуда, тайи чанд соли ахир дар вилояти Челябински ин кишвар ба сар бурдаанд. Бархе аз онҳо дар ин муддат соҳиби ҳаққи шаҳрвандии Русия низ шудаанд.
XS
SM
MD
LG