Оқои Шоев, ки аз соли 2001 ба ин сӯ дар пайгарди қонунӣ қарор дошт, моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Челябинск боздошт шудааст.
Ниҳодҳои интизомии Русия мегӯянд, Зубайдулло Шоев узви гурӯҳи Абдулвосит Латифов, маъруф бо лақаби “Қорӣ Восит” аст, ки ин гурӯҳ дар қатли сарбозони Русия дар Тоҷикистон, куштори кормандони пулис дар ноҳияи Ваҳдат ва гаравгонгирии муовини раиси Бонки миллӣ муттаҳам дониста мешавад.
Бино ба иттилои ниҳодҳои интизомии Русия, Зубайдулло Шоев чанд соли ахир дар шаҳри Челябинск кору зиндагӣ мекард. Ба қавли онҳо, оқои Шоев машғули кор дар сохтмонҳо буд ва бовар дошт, ки “ҷиноятҳои қаблияш фаромӯш мешаванд”.
Аз ин пеш, мақомоти Русия Боймурод Хоҷаев, узви дигари гурӯҳи “Қорӣ Восит”-ро ба мақомоти Тоҷикистон таслим карда буданд, ки моҳи августи соли ҷорӣ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон Боймурод Хоҷаев, аз размандагони собиқи мухолифин дар ноҳияи Ваҳдатро ба даст доштан дар ҷиноёти сангин, аз ҷумла куштор дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ муҷрим шинохт.
Хоҷаев, ки бо асноди ҷаълӣ дар Челябинск ба сар мебурд, соли гузашта боздошт шуд ва ӯро дар авоили соли ҷорӣ ба мақомоти Тоҷикистон супурданд.
Ҷониби Русия ҳамчунин Абдулвосит Латифов, мулаққаб ба "Қорӣ Восит"-ро боздошт карда, вале то ҳол ба мақомоти Тоҷикистон таслим накардааст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, онҳо асноди лозимро таҳия карда, аз Русия тақозои истирдоди ӯро намудаанд.