Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Бритониё: "Дарёфти виза соддатар хоҳад шуд"


Робин Орд-Смит, сафири Бритониэ дар Тоҷикистон (аз тарафи чап)
Робин Орд-Смит, сафири Бритониэ дар Тоҷикистон (аз тарафи чап)

Робин Орд-Смит гуфт, базудӣ роҳи осонтари дарёфти виза барои шаҳрвандони одии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.

Робин Орд-Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, дар як сӯҳбати кӯтоҳаш бо хабарнигорон дар Хуҷанд гуфт, роҳи осонтари дарёфти виза барои сокинони одии Тоҷикистонро ҷустуҷӯ доранд.

Ба қавли ӯ, яке аз роҳҳо ин хоҳад буд, ки "шаҳрвандон ҳуҷҷатҳояшонро дар Душанбе ба сафорати мо супоранд ва мо ҷиҳати дарёфти виза ба сафорати марказӣ (дар Қазоқистон) равон кунем. Баъд ба шаҳрвандон раводидро дар Душанбе супорем."

Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон хеле пештар додани виза ё раводид ба донишҷӯёну сайёҳони тоҷикро қатъ карда буд. Сафорат танҳо ба мақомоти давлатӣ, дипломатҳо ва кормандони созмонҳои бритониёӣ дар Душанбе виза медиҳаду тамом.

Аз рӯи низоми нав, шаҳрвандони одӣ барои дарёфти виза бояд ба сафорати Бритониё дар Қазоқистон ё Русия муроҷиат кунанд. Моҳи феврали соли ҷорӣ гурӯҳи донишҷӯиёни тоҷик дар Бритониё бо ирсоли номае ба сафорати ин кишвар дар Душанбе аз ин мушкил изҳори нигаронӣ ва ҳалли онро дархост карда буданд.

Сафири Бритониё дар Тоҷикистон сабаби тартиби нави визадиҳиро чунин шарҳ дод, ки "шумораи хоҳишмандони дарёфти виза дар Тоҷикистон каманд ва нигаҳдории бахши визадиҳӣ дар сафорат гарон аст." Вале ҷаноби Орд-Смит ҳамзамон таъкид кард, ҳеҷ гуна маҳдудият барои шаҳрвандони одии тоҷик барои дарёфти раводиди Бритониё ҷорӣ нашудааст ва онҳо мутобиқи қонун ва тартиб мисли дигар шаҳрвандон раводиди ин кишварро гирифта метавонанд.

Сафири Бритониё дар Тоҷикистон дар посух ба саволи мо дар мавриди ин ки чаро солҳои охир фаъолияти сафорати кишвараш дар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, дастгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва расонаҳои мустақил заифтар ба назар мерасад, гуфт, наметавонад, дар мавриди фаъолияти сафирони пешин сӯҳбат кунад. Аммо он чи ба фаъолияти вай дар ин мақом тӯли 7 моҳи гузашта дахл дорад, гуфт, дар бораи масъалаи риоияи ҳуқуқи башар суҳбатҳои зиёде бо мақомоти Тоҷикистон анҷом додааст. Вай афзуд, “мавқеи Бритониё дар масъалаи ҳуқуқи инсон ба давлати Тоҷикистон хеле хуб маълум аст. Мо дар ин самт бо Иттиҳоди Аврупо ва СММ ҳамкории зич дорем."

Сафири Бритониё аз садамаи нақлиёти хабарнигори бахши тоҷикии Би-би-сӣ Искандари Фирӯз изори таассуф карда, гуфт, ҳатман ба аёдати ӯ хоҳад рафт. "Ҳар ёрие, ки аз дасти мо меояд, барои сиҳатии ӯ дареғ нахоҳем дошт",-гуфт ӯ.
XS
SM
MD
LG