Масъулони сафорати Бритониё дар Душанбе гуфтанд, баёнияи ҷавонони тоҷик, ки дар он аз қатъи додани виза ё раводиди таҳсил ба шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронӣ шудааст, дарёфт кардаанд.
Дар посух ба саволи "Озодӣ" мақомоти сафорат навиштаанд, "агар ҷавонони тоҷик дархости мулоқот кунанд, кормандони сафорат омода ҳастанд, ки бо онҳо вохӯрда ва дарди дили онҳоро бишнаванд."
Сафорати Бритониё сабаби қатъи додани визаи таҳсил барои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар кам будани теъдоди хоҳишмандон арзёбӣ кардааст. Ба қавли мақомоти ин сафорат, ҳар сол ҳудуди 400 шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти виза ариза медиҳанд, ки барои ин теъдод довталабон нигоҳдории ҳама бахшҳои визадиҳӣ хеле гарон будааст.
Вале дар посухи сафорати Бритониё таъкид шудааст, ки онҳо додани раводид барои теъдоди маҳдуде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони давлатӣ, дипломатҳо ва кормандони созмонҳои бритониёиро лағв накардаанд.
Ҳафтаи гузашта бештар аз 400 нафар ҷавон ва донишҷӯйи тоҷик ба унвонии нахуствазири Бритониё, вазири умури хориҷӣ ва сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон дар робита ба қатъи додани визаи таҳсил барои донишомӯзони тоҷик баёния фиристоданд. Дар баёнияи ҷавонон мехонем, "барои гирифтани раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯён, ҷавонон ва сайёҳоне, ки мақсади сафар ба Бритониёро доранд, имкониятҳои одилона дар муқоиса бо шаҳрвандони дигар кишварҳои минтақа дода нашудааст."
Дар идомаи ин баёния ҷавонон гуфтаанд, барои шаҳрвандон ва махсусан ҷавонони тоҷик дарёфти виза аз кишвари сеюм хеле мушкил аст ва онҳо умедворӣ кардаанд, ки мушкили пешомада базудӣ ва мусбат ҳаллу фасл хоҳад шуд.
Сумая Ҳафизова, донишҷӯдухтари тоҷик, ки зери ин баёния имзо гузоштааст, гуфт, "имконияти молии ҷавонони мо хеле маҳдуд аст. Бинобар ин, гирифтани раводид аз кишвари дигар барои ҷавонони тоҷик хеле мушкил мебошад."
Бояд гуфт, дар ду соли пеш ҳам сафорати Бритониё дар Душанбе додани виза ё раводидро ба шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ карда буд. Аммо баъдан таҳти пойфишориҳои Душанбе додани раводид аз сар гирифта шуд.