Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раводиди донишҷӯён ба хориҷа маҳдуд мешавад


Дар як нома аз намояндагии кишварҳои хориҷӣ даъват шудааст, мӯҳлати визаи донишҷӯёни тоҷикро маҳдуд кунанд.

Манзур ҳамон визаи семоҳаи донишҷӯёни тоҷик ба кишварҳои хориҷист, ки дар баробари сафар фаъолиятҳои меҳнатиро низ дар назар дорад.

Як масъули вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, дар сурати беш аз сӣ соат иштирок накардани донишҷӯ дар дарс масъалаи хориҷ шудани ӯ аз донишгоҳ дар миён аст. "Донишҷӯёни зиёде дар мавриди сафари тобистонашон ба хориҷа ба мо муроҷиат мекунанд. Аммо тибқи қонунҳои мо, донишҷӯ зиёда аз 36 соат агар дар дарс иштирок накунад, аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад. Бинобар ин, мо хоҳиш кардем, бигузор мӯҳлати ҳамин сафарҳояшон то ду моҳ кӯтоҳ карда шавад",-афзуд манбаъ.

Аммо масъулони ширкатҳои миёнарав, ки барои донишҷӯён имкони иштирок дар барномаҳои "Work and Travel"-ро фароҳам меоранд, мегӯянд, ба ду моҳ поин овардани мӯҳлати саёҳат, имкони кор ёфтани донишҷӯ дар он кишварҳоро номумкин мекунад.

Азамат, яке аз масъулони ширкати “Виза ком” мегӯяд, кордиҳандаҳои амрикоӣ, ки бо ширкати ӯ қарордод бастаанд, кафолат намедиҳанд, ки донишҷӯён дар ин ду моҳ ҷойи кор хоҳанд ёфт. Зеро ин сафари кӯтоҳ ба кордиҳанда манфиати иқтисодӣ намеорад.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, беҳтар аст, донишҷӯёни кишварҳои дигар ба кор ҷалб шаванд, ки раводиди се ё чаҳормоҳа дарёфт мекунанд: "Ҳамин тавр, ягона равзана барои рушду такомули донишҷӯёни мо дар хориҷа маҳкам шуд. Ман ин ҳарфҳоро ҳамчун иштирокчии қаблии ин барнома мегӯям. Акнун донишҷӯёни мо маҷбуранд тобистони худро дар ҳамин ҷо гузаронанд, дигар барномаҳое, ки чунин имконият диҳанд, дар Тоҷикистон нест."

Раҳмат Нозимов, як донишҷӯи тоҷик, ки чанд сол боз мехоҳад аз тариқи барномаи "Work and Travel" ба Амрико сафар кунад, мегӯяд, ин барнома беҳамтост ва имконоти зиёдеро дар ихтиёри донишҷӯёни тоҷик қарор медиҳад.

Ҳарчанд мақомоти тоҷик масъалаи маҳдудияти визаро ба қонунҳои Тоҷикистон дар бораи таълиму тадрис марбут медонанд, вале худи донишҷӯён мегӯянд, ин амал аз нигарониҳое реша гирифтааст, ки мабодо донишҷӯён бо роҳе дар он кишварҳо бимонанд ва ба ватан барнагарданд. Коршиносони тоҷик ҳам мегӯянд, сафару таҳсил дар хориҷ аз орзуҳои ҳамешагии донишҷӯёни кишварҳои собиқ Шӯравист ва маҳдуд кардани раводиди сафар пеши роҳи фирори мағзҳоро намегирад.

Аъзамшоҳи Қӯқандшоҳ, коршиноси тоҷик
Аъзамшоҳи Қӯқандшоҳ, коршиноси тоҷик
Аъзамшоҳи Қӯқандшоҳ, коршиноси тоҷик гуфт: "Мо баръакс барои гирифтани пеши роҳи фирори мағзҳо бояд ба онҳо дар дохили кишвар шароит фароҳам биёрем, на ин ки пеши роҳи ҳиҷрати онҳоро бигирем. Бо дигар роҳ мо мушкили шаҳрвандони соҳибмаълумоти худро бештар мекунему халос."

Дархости вазорати маорифи Тоҷикистон барои коҳиш додани мӯҳлати сафари ҷавонони тоҷик ба хориҷи кишвар дар ҳолест, ки қаблан сафорати Амрико дар Душанбе бо нашри як варақаи иттилоотӣ ба ҷавонони тоҷик ҳушдор дода буд, ки барномаи "Work and Travel" на барои ба даст овардани пул, балки ба мақсади ошноӣ бо фарҳангу анъанаҳои Амрико амалӣ мешавад.

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар ин иттилоия таъкид карда буд, ки ҳар донишҷӯ то ба даст овардани аввалин маош дар Амрико, бояд маблағи кофӣ дар даст дошта бошанд. Зимнан, сафорати ИМА аз ҷумлаи намояндагиҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон аст, ки барномаҳои табодул, махсусан, барои донишҷӯён ва ҷавонони соҳаҳои мухталифро рӯи даст дорад. Танҳо соли 2010-ум сесад ҷавон аз барномаҳои “табодул”- и сафорат бархӯрдор шудаанд.

Ин гуна барномаҳо аз тарафи Олмон, Бритониё, Ҳинд, Эрон ва Русия низ пешниҳод шудаанд. Аммо ҳамон тавр, ки мушоҳида мешавад, аксари ҷавонон ба сафари Амрико ва кишварҳои аврупоӣ бартарӣ медиҳанд. Бар асоси иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳоло бештар аз 4 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG