Аммо ҷашни "80-солагии Хоруғ", ки гуфта мешуд сарфи назар аз амалиёти низомӣ дар Бадахшон бо иштироки мақомоти баландпоя баргузор хоҳад шуд, акнун бидуни ширкати президент мегузарад. Мақомот мегӯянд, ин маърака моҳи октябр таҷлил мешавад.
Дар ҷараёни сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон боздид аз корхонаи нави дӯзандагӣ барои 200 коргар дар Хоруғ ва дидору гуфтугӯи ӯ бо сокинони шаҳр дар назар аст. Ба иттилои мақомот, дар баробари намояндагони идораҳои ҳукуматӣ ҳамчунин 40-нафарӣ аз маҳаллаҳои шаҳр ба мулоқот бо раисиҷумҳур даъват шудаанд.
Сокинон интизор доранд, ки дар дидору гуфтугӯ бо шахси аввали ҷумҳурӣ суҳбати ошкоре ҷараён бигирад. Аммо мақомоти вилоятӣ аз меҳмонони даъватӣ хоҳиш кардаанд, ки дар ҷараёни мулоқот аз "аз шӯру ғавғо дар назди микрофон" худдорӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол манобеи мақомоти маҳаллӣ имкони мулоқоти раисиҷумҳур бо собиқ намояндагони мухолифинро, ки номҳояшон дар ҳаводиси охир садо доданд, рад карданд. Ҳарчанд қаблан мақомот афв шудани ширкатдорони ҳаводиси Хоруғро аз имкон дур намедонистанд.
Сафари раисиҷумҳур аз ноҳияи Рӯшон ва ширкат дар маросими ба истифода додани мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои хонандагон ва таъсиси интернат барои калонсолон оғоз мешавад. Дар маркази навтаъсиси ноҳияи Шуғнон, воқеъ дар деҳоти Поршинев, лентаи рамзии бинои мақомоти маҳаллӣ ва бонкҳо бурида мешавад.
Бо мо дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳ бошед!