Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттифоқи рассомон баъд аз 7 моҳ раис "пайдо" кард


Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар симои наққоши шинохтаи тоҷик Фаррух Хоҷаев раиси нави худро пайдо кард.

Яксаду бист вакили анҷумани ғайринавбатии созмони мазкур бо овоздиҳии ошкоро ҳайати 15-нафарии раёсати Иттифоқи расомонро раҳбари худ интихоб карданд, сипас ин ҳайат пас аз як машварат аз номзадии Хоҷаев ҳимоят кард.

Ҷаноби Хоҷаев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар ҳолате раҳбарии Иттифоқи рассомони Тоҷикистонро ба ӯҳда мегирад, ки ин созмон дар вазъи ошуфтагию парокандагӣ қарор дорад. Вай афзуд, «дар ҳоли ҳозир бе ёрии рассомони дигар ва машварати онҳое, ки аллакай дар чунин вазифа кор кардаанд, барои ман хеле мушкил хоҳад буд. Кори асосие, ки ман бояд анҷом диҳам, ин қабла аз ҳама муттаҳид сохтани ҳамаи рассомон аст, зеро ҳоло ҳар яке аз онҳо ҳар гуна назар доранд. Ва агар ҳамаи мо якҷоя шавем, фикр мекунам, барои мо ягон кор мушкил нахоҳад буд.»

Фаррух Хоҷаев, ки хатмкардаи омӯзишгоҳии рассоми Душанбе ва Донишгоҳи полиграфии шаҳри Лвов аст, асарҳояш дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ шудаанд. Вай яке аз мухолифони асосии Сӯҳроб Қурбонов, раиси пешини Иттифоқи рассомон ба шумор мерафт, ки 7 моҳ қабл зери фишор ба истеъфо рафт. Моҷаро замоне сар зад, ки Сӯҳроб Қурбонов аз тарафи гурҳӯи рассомон ба ғасби моликияти иттифоқ айбдор шуд ва парвандааш ба Додгоҳи иқтисодии Душанбе
Фаррух Хоҷаев, раиси тозатаъйини Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон.
Фаррух Хоҷаев, раиси тозатаъйини Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон.
интиқол ёфт. Аммо худи Қурбонов, ки қариб 30 сол ин иттиҳоди ҷамъиятиро раҳбарӣ кардааст ва даъвои мунаққидонашро беасос меномид, дар Анҷумани ғайринавабтии созмон ширкат надошт.

То имрӯз Иттифоқи рассомони Тоҷикистон 170 аъзо дорад, ки онҳо асосан дар Душанбе ва Хуҷанду Хатлон фаъолият мебаранд.

Дар ҳамин ҳол Насибахон Эшонова, ки дар анҷумани имрӯза раҳбари шӯбаи ин созмон дар Хуҷанд интихоб шуд гуфт, ин риштаи ҳунари кишвар дар 20 соли ахир ба мушкилоти зиёд печид ва симоҳо низ тағйир карданд. Вай афзуд: «ҳамчун рассом Сӯҳроб Қурбонов, нафари боистеъдод вв моҳир аст. Аммо чун ташкилотчӣ ва сардор роҳбарӣ карда натавонистанд. Ва тӯли ин қадар сол барои ривоҷи санъати тасвирӣ коре анҷом надоданд. Ва мо чун рассом дар тӯли 20 сол ҳатто имкон надоштем кори худро ба тамошобинон намоиш бидиҳем».

Зоҳиран Насибахон Эшонова танҳо нафаре нест, ки аз фаъолияти имрӯзаи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон изҳори норозигӣ мекунад. Зимни баргузории Анҷумани ғайринавбатӣ, аъзои ин иттифоқ асабӣ ба назар мерасиданд ва замони матраҳ кардани мавзӯъҳои мухталиф, баҳсҳо хеле тезутунд ҷараён мегирифтанд. Ҳар яке мухолифи дигарӣ сухан мегуфт ва бархе ҳатто бо нишони эътироз толорро тарк карданд. Бисёриҳо аз шарҳу тафсири иҷрокунандаи вазифаи раис Вафо Назаров низ норозӣ буданд ва ҳамзамон пешниҳодҳои навро ҳам намепазируфтанд.

Рассоми тоҷик ва вакили анҷуман Бахтиёр Қаҳҳоров мегӯяд, «пеш аз ҳама бояд ба инобат гирем, ки рассомон нафарони ҳассосанд ва дигар ин, ки то ҳанӯз заҳри муноқишаву низоъҳо боқӣ мондаанд. Ҳатто ҳамин асабоният ва муноқишаҳо то ҷое ба фоидаи кор ҳам ҳаст, яъне ин аз он дарак медиҳад, ки онҳо бетараф нестанд. Вале фикр мекунам агар дар муҳити нав ҳамаи рассомон муттаҳид шаванд, ҳар яке таҷрибаи худро пешниҳод созад, ин барои рушди соҳа муҳим хоҳад буд.»

Дар анҷумани ғайринавбатии рассомони Тоҷикистон ба ҷуз аз интихоби раёсат ва раис ҳамчунин ба Низомномаи созмон баъзе аз тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла аз ин ба баъд раҳбари созмон танҳо як дафъа барои панҷ сол интихоб мегардад ва ягон моликияти ҷамъиятии иттифоқ фурӯхта намешавад. Ин дар ҳолест, ки дирӯз бо қарори Додгоҳи иқтисодии бознигарӣ 5 иншооти мансуб ба иттифоқ, ки қаблан аз сӯи собиқ раҳбари он фурӯхта шудаанд, ба ин созмон баргардонида шудаанд.
XS
SM
MD
LG