Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Қурбонов: "Иддаои Оҷонсӣ беасос аст"


Сӯҳроб Қурбонов, собиқ раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон иддаои Оҷонсии мубориза бо фасод, ки гӯё моликияти ин созмон бо қиммати пойинтар аз бозор фурӯхта шудаастро рад кард.

Парвандаи баҳси моликияти Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ироа шудааст.

Таҳқиқи муқаддамотии ин парванда, ки тавассути Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон сурат гирифт, мушаххас кардааст, ки иморати Хазинаи бадеии ин созмони эҷодӣ бо нархи 13 маротиба камтар аз қимати бозор фурӯхта шудааст.

Ба гуфтаи Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ин бинои сеқабата 790 000 доллар арзиш дошт, вале ҳамагӣ ба 63 000 доллар фурӯхта шуд.

Сӯҳроб Қурбонов, собиқ раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РО, ироа шудани парвандаи моликияти ин созмон ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанберо таъйид кард ва гуфт, «кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод ба ман хабар доданд, ки парванда ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе фиристода шудааст ва ин парванда марбут мегирад ба баҳси моликияти Иттифоқ.»

Ҷаноби Қурбонов фурӯхта шудани бахше аз бинои Иттифоқи рассмомон дар соли 2006 -ро рад намекунад, аммо дар бораи қиммати он мегӯяд, «ин бино, яке аз табақаҳои Иттифоқи рассомон бо қарори раёсати Иттифоқ хусусӣ карда шуда ва қимати онро идораи НБТИ гузоштааст. Ман дар даст тамоми санадҳоро дорам. Ҳам санаде, ки НБТИ нархро таъйин кардааст ва ҳам дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки аз сӯи Кумитаи амволи давлатӣ, шаҳрдорӣ ва дигар идораҳои дахлдор таҳия шуда буданд.»

Сӯҳроб Қурбонов умедвор аст, ки додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе қазияи марбут ба моликияти Иттифоқи рассомони Тоҷикистонро ба таври мунсифона ва одилона баррасӣ хоҳад кард. Зеро ба таъкиди вай, дигар ниҳодҳо, аз ҷумла Оҷонсии муборриза бо фасод зимни тафтиш мушкили ҷиддиеро дар фаъолияти Иттиифоқи рассомон ошкор накардааст.

Вай бар ин аст, ки парвандаи мазкур бо ташаббуси ҳампешагонаш роҳандозӣ шудааст.

Ҷаноби Қурбонов чанде пеш зимни иттиҳоми баргузории ғайриқонунии анҷумани рассомон пас аз 30 соли сарварӣ ,мақоми раиси иттиҳодияро тарк кард.
XS
SM
MD
LG