Қурбонов зимни таъйиди ин хабар ба РО гуфт, «рӯзи гузашта Андрей Чибекин, ректори Институти рассомии Украина, баъд раиси Иттифоқи рассомони Украина Владимир Чипелик ва ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов занг зада ин хабарро ба ман расонданд.»
Сӯҳроб Қурбонов, барои хидматҳои шоёнаш дар рушди санъати рассомӣ ва саҳми муносибаш дар густариши фарҳанги зебоипарастӣ, ба узвияти Академияи бадеии Украина интихоб шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки чандин намоиши маҳсули эҷоди ин рассоми саршинос дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ба хусус дар Украина баргузор шуда ва аз сӯи тамошобинон ва ҳаводорони санъати тасвирӣ баҳои баланд гирифтааст.
Зимнан, Сӯҳроб Қурбонов, то ин замон узвияти фаъолияти Академияи бадеиии Русия ва Қирғизистонро дошт ва профессори фахрии Институти бадеии Шонгҳой ва чанде дигар аз муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ аст.