Онҳо мегӯянд, ки ӯ тамоми дороии ин ниҳод, бо шумули бинои чаҳортабақа дар маркази пойтахт ва вилояти Суғдро аз худ кардааст. Ин гурӯҳ ҳамчунин мегӯяд, ки акнун Иттиҳодия тақрибан пароканда шуда, наққошон барои баргузории намоишҳои худ ҷой надоранд.
Дилсардии рассомон
Олим Рабиев, раиси Бунёди мусаввирони Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин боргоҳ, ки дар гузашта ҷойи кор ва дидорбинии аҳли ҳунар буд, солҳои ахир бо фаъолияти “номафҳуму машкук”-и худ рассомонро дилсард ва водор кард, ки бо пули ҷайби худ Бунёди мусаввирон ва устохонаи дигар таъсис диҳанд.
Ӯ афзуд: «Ба ғайр аз бинои иттиҳодияи пойтахт, боз бинои Иттиҳоди рассомони Суғдро низ фурӯхтааст. Ҳоло рассомони Суғд сарсону саргардонанд. Мо ҳамин бунёдро ҳам ба хотири каме ҷамъ кардану кор додани рассомон ташкил кардем. Ман тамоми ҳуҷҷатҳоро ҷамъ кардаву далелҳо гирд овардаам. Ҳоло мо эҷодкориро монда, ҳуҷҷатбозӣ карда истодаем, то ин ки роҳ надиҳем ба ғорат шудани боқимонда моликияти иттиҳодия. Ин дафъа медонем чӣ кор кунем».
Бинои чаҳорошёнаи Иттиҳоди расомон, воқеъ дар хиёбони Рудакӣ, дар аввали солҳои 60-уми қарни гузашта бунёд ва ба ихтиёри Иттиҳоди рассомон вогузор шуд. Сӯҳроб Қурбонов, ки ҳоло ҳамтоҳояш ӯро ба дастдарозӣ ба дороии иттиҳод муттаҳам кардаанд, сӣ сол пеш раҳбари ин боргоҳ интихоб шуд. Авохири соли гузашта гурӯҳе аз наққошон дар ҷаласаи раёсати иттиҳод масъалаи истеъфои Сӯҳроб Қурбонов ва бозгардони моликияти идораро матраҳ карданд. Аммо ин талаб иҷро нашуд, зеро тибқи оиннома раҳбари иттиҳодияро танҳо анҷуман аз мақом сабукдӯш мекунад.
Наққошон: "Насли ҷавон бояд сари кор биояд"
Гурӯҳи наққошони норозӣ аз фаъолияти Иттиҳодия ва раиси феълии он бо ишора ба солхӯрдагии раис талаб доранд, ки ӯ ҷойи худро ба насли ҷавон бидиҳад. Онҳо ҳушдор додаанд, ки агар Сӯҳроб Қурбонов бо ихтиёри худ аз мақом наравад, рассомон масъаларо то ба раисиҷумҳур хоҳанд кашид.
Фаррух Неъматзода, рассоми шинохтаи тоҷик, гуфт: «Ман шахсан даъво дорам, ки тамоми моликияти ғораткардаашро Қурбонов баргардонад ва дар назди қонун ҷавоб диҳад. Вай моли мардум аст ва бояд барои мардум хизмат кунад. Бовар кунед, ҳатто правленияе, ки даъват мекунад, ҳама балегӯйҳои худашро ҷамъ кардаву ҳарфи ягон каси дигарро ба назар намегирад».
Қурбонов:" Ҳамаи ин корҳо аз бахилӣ мебошад"
Аммо Сӯҳроб Қурбонов даъвои ҳамкорон ва иттиҳомот алайҳи худро тавтеа бар пояи ҳасудӣ унвон кард. Ӯ гуфт: «Ҳамаи ин корҳои онҳо аз бахилӣ мебошад. Масалан, мегӯянд, ки ман ҳама чизро фурӯхтам ва ё харидам. Онҳо аз бекор ва нолозим истодан харидаву обод кунем, хуб нест магар? Чӣ магар ҳоло ҳам СССР ҳаст, ки моро дастгирӣ кунад? Гапи дигарашон ин аст, ки ман се бор ҷоизаи Рӯдакӣ гирифтаму онҳо не. Охир барои ҷоизаи Рӯдакӣ кор кардан даркор, меҳнат кардан даркор. Гап задану тӯҳмат карда гаштан қатӣ мешавад магар? Инҳо барои чӣ аз иттиҳодия дур мегарданд, чунки намехоҳанд андоз супоранд. Аз роҳҳои дигар асарҳояшонро мефурӯшанду дар фикри манфиати худашонанд. Пурсед, ки барои иттиҳодия онҳо чӣ кор кардаанд?».
Оқои Қурбонов ошкоро баён дошт, ки Иттиҳодияи расомон як идораи ҷамъиятист ва дар шароити душвори бӯҳронӣ нигоҳ доштани чаҳор ошёнаи бино зарур нест. Ӯ гуфт, бо ин ҳадаф ҳамроҳ бо ҷонишинаш Юсуфҷон Сангов ду қабати биноро бо иҷозаи раёсат хусусӣ карданд. Сӯҳроб Қурбонов мегӯяд, ки баъд аз таъмир ва ороиши замонавӣ то ҷашни 20-солагии истиқлолият, толорҳои намоишгоҳ ба рӯи ҳавасмандони ин ҳунар боз хоҳад шуд.
Баҳси дерина ҳанӯз идома дорад
Сӯҳроб Қурбонов дар ҳоле барномаи ифтитоҳи намоишгоҳҳои наву замонавиро тарҳрезӣ кардааст, ки ҷониби муқобил талош дорад, ин масъаларо то ба қасри раисиҷумҳур расонад. Ҳудудан ду соли пеш гурӯҳи норозӣ аз фаъолияти Сӯҳроб Қурбонов, ки ба гуфтаи ҳамтоёнаш, зимоми қудратро ба осонӣ аз даст доданӣ нест, аз рӯи фаъолияти ӯ ба додгоҳ муроҷиат кард, вале муваффақ нашуд. Додгоҳ роҳи сулҳро ба онҳо нишон дод ва аз қазия шона холӣ кард.