Рӯзи якшанбе (5-уми август) раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, иброз дошт, ки аз куштори ҳафт нафар дар ибодатгоҳи сикҳҳо дар аёлати Висконсин "хеле ҳам ғамгин" аст. Дар изҳороти Обама бо таассуф таъкид шудааст, ки ҳамла дар макони ибодати сикҳҳо ба вуқӯъ пайвастааст.
Пулиси шаҳраки Оак Крики канори шаҳри Милуоки мегӯяд, фарди силоҳбадаст оташ кушода, шаш нафарро ба қатл расонд. Баъдан афсарони пулис ӯро ҳам ба қатл расондаанд. Раисиҷумҳури Амрико ваъда додааст, ки маъмурияти зери раҳбарии ӯ дар таҳқиқи ин қазия кумак хоҳад расонд.
Моҳи гузашта дар шаҳри Аврораи аёлати Колорадои Амрико як силоҳбадаст ҳангоми намоиши филм болои кинотеатр ҳамла карда, 12 нафарро ба ҳалокат расонд. Дар ин ҳуҷум даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Коршиносон тахмин мекунанд, ки ҳамлаҳои ахир президент Обама ва рақиби ӯ дар интихоботи президентии моҳи ноябр Мит Ромниро маҷбур хоҳанд кард, ки дар барномаҳои пешазинтихоботии худ масъалаи назорати силоҳ дар Иёлоти Муттаҳидаро матраҳ намоянд.
Ба қавли пулиси Висконсин ҳамла болои ибодатгоҳ соати 10-у 30 дақиқаи субҳ замони ибодати сикҳҳо ба амал омад. Дар пайи ҳамла пулис ибодатгоҳро иҳота намуда, дар он кофтукоби муфассал гузаронд. Баъдан афсарони пулис гуфтанд, ки силоҳбадаст танҳо буд, вале ному насаби ӯро ошкор накарданд.
Дини сикҳҳо тахминан 500 сол пеш дар ҷануби Осиё поягузорӣ шуда, ҳоло тахминан 27 миллион нафар пайрави он ҳастанд, ки аксаран дар Ҳиндустон ба сар мебаранд. Дар Амрико тақрибан 500 ҳазор пайрави ин дин иқомат доранд.
Сикҳҳо риш ва мӯйсари худро наметарошанд ва бар илова дар сар салла доранд.
Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи сикҳҳо мегӯянд, баъд аз ҳамлаҳои террористии моҳи сентябри соли 2001-ум ҳамлаҳо болои сикҳҳо зиёд шудаанд. Ба навиштаи эътилофи сикҳҳо, ки қароргоҳаш дар Вашингтон аст, пас аз ҳамлаҳои сентябри соли 2001-ум дар Амрико камаш 700 ҳамла болои сикҳҳо ҷой доштааст. Ба қавли ҳамин манбаъ, зоҳиран ҳамлаҳо бо эҳсоси зиддиисломӣ робита доранд.
Сикҳҳо мусулмон нестанд, вале ба қавли ҳомиёни ҳуқуқи сикҳҳо ришу салла онҳоро ба ҳадафи ҳамлаҳои гурӯҳҳои зиддиисломӣ табдил медиҳад.