Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши бозгашт ба “Хонаи ишқ”


Имкон дорад, ҷамъияти ҳиндуҳову сикҳҳо баъди солиёни зиндагӣ дар ғурбат ба зодгоҳи худ дар вилояти Хусти Афғонистон баргарданд.

Паштунҳои Хуст рустои ҳиндуҳову сикҳҳоро Ҳиндуқалъа, вале худи онҳо бо муҳаббат Премнагар ном мебурданд, ки маънояш “Хонаи ишқ” аст. Аммо ин “Хонаи ишқ” оё кай дубора обод хоҳад шуд ва оё кай садои кӯдакони ҳинду сикҳ бар фазои Премнагар танин хоҳад андохт?

Шанкар Лаъл, дорусози 63-солае, ки 20 сол боз дар Ҳинд дар ғурбат ба сар мебарад, хеле мехоҳад ба зодгоҳаш - рустои Премнагар дар канори шаҳри Хуст баргардад. Премнагар, ё “Хонаи ишқ”, ё ба гуфтаи паштунҳо, Ҳиндуқалъа, дар солҳои охир дар баданаи шаҳри Хуст ҳал шуд ва манозили дар авоили солҳои 90 ба маҳзи ҷанги дохилӣ тарккардаи ақалиятҳои сикҳу ҳиндуро акнун афроди зӯрдаст маскан кардаанд.

Аммо Шанкар Лаъл ва раҳбарони дигари ҷамъиятҳои як замон хеле зиндаву фаъоли сикҳу ҳиндуҳои зодаи Хуст чанд ҳафта боз аз мақомоти ин вилоят тақозо доранд, то ин мардуми ғосибро аз манзилҳои онҳо берун кунанд.

Ваъдаи ҳимояте, ки Шанкар Лаъл аз ин мақомот ва ҳам аз раҳбарони қабоили паштун гирифт, ӯро умедвор кардааст, ки авлоди ӯ рӯзе ҳатман ба Хуст бар хоҳанд гашт. Ӯ мегӯяд, ӯву ҳамқавмонаш ин ҳама солҳои ғурбат ҳамеша ба ёди Афғонистон буданд: “Ҳар боре, ки мо хабари хуше дар бораи Афғонистон мешунидем, мисли ид таҷлил мекардем. Ҳар хабари баде, ки аз радио ё телевизион ба гӯши мо мерасид, моро низ дилозурда мекард, чунки ин ватан ватани мову ватани аҷдоди мост.”

Садҳо хонаводаи сикҳу ҳинду, ки феълан дар наздикии Деҳлии нав ба сар мебаранд, азми бозгашт доранд ва Шанкар Лаълу чанд ришсафеди дигарро ба манзури таҳияи шароити ин бозгашт ба Хуст фиристодаанд. Онҳо мехоҳанд дар қадами аввал манзилҳояшон дар Премнагарро пас гирифта, ба хотири таҷлил аз бозгашти худ дар онҷо маъбади бузурге низ бисозанд. Қасди баъдии онҳо гушоиши дӯконҳои фурӯши матоъ, маҳсулоти дорувору баққолӣ ва эҳёи нуфузи як замон дурахшони ин ду ақалияти қавмӣ дар майдони тиҷорати ин минтақаи марзии аз нигоҳи соҳибкорӣ дар ҳоли рушд аст.

Шанкар Лаъл ҳар сари чанд сол барои омӯзиши вазъ аз инҷо дидан мекард, вале ин бор азми қотеъ дорад, ки бо ҷамъи наберагонаш ба Хуст баргардад ва инҷо бимонад. Вақте дар авоили солҳои 90 оташи ҷанг ба домани Хуст расид, сикҳу ҳиндуҳо аз инҷо ибтидо ба Кобул ва сипас ба Ҳинд рахт барбастанд.

Аммо Чаран Сингҳ, ки феълан 48 сол дорад, бо дӯкони доруфурӯшиаш дар Кобул монд. Ӯ мегӯяд, сикҳу ҳиндуҳо то оғози ҷанг бо паштунҳо дар канори ҳам хеле дӯстона зиндагӣ доштанд. Ӯ мӯътақид аст, ки он фазову муҳити ҳусни ҳамҷавориро бо паштунҳо дар Хуст метавон барқарор кард: “Феълан дар Премнагар ягона хонаводаи мо зиндагӣ намекунад. Ҷое ҳам намондааст, ки онҳо маскан кунанд. Тамоми русто як вайроназор шудааст. Маъбади мо аз тири тонку тӯп тахриб шуд. Манзилҳои мо низ ҳама аз байн рафт.”

Сикҳу ҳиндуҳо дар гузашта асосан машғули тиҷорат буданд ва бахши аъзами дӯкону мағозаҳои Хуст моли онҳо буд. Аммо акнун дар ин майдон паштунҳо пешсаф шудаанд, ки аҷдоди онҳо аз тиҷорат парҳез мекард. Як нигаронӣ ҳам ин аст, ки бозгашти сикҳҳову ҳиндуҳо метавонад мояи рақобат байни онҳо ва дигар тоҷирони маҳаллӣ шавад.

Вале дар қалби сокинони пешини Премнагар дар ҳоли ҳозир умед ба бозгашт ва эҳёи зиндагии хуше, ки дар гузашта доштанд, бештар шӯъла мезанад, то ҳар навъ эҳсоси дигари ҳарос ё нигаронӣ. Тибқи ваъда, Премнагар, ё “Хонаи ишқ”-ро бояд то поёни ҳамин моҳи ноябр ба ин ду ақалияти қавмӣ баргардонанд. Шанкар Лаъл ҳам хеле умедвор аст, ки эҳёи дубораи зодгоҳашро ба чашм бубинад.
XS
SM
MD
LG