Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна ноамнӣ метавонад ҳаёти осоиштаро барҳам занад?


Рӯйдодҳои Хоруғ бори дигар нишон доданд, ки чӣ гуна ҷангу ноамнӣ метавонад дар они воҳид барномаҳои ҳазорон нафарро барҳам занад.

Чунончӣ, духтараки бадахшӣ Сония дар кӯчаҳои Душанбе парешон монда, аз як сӯ намедонад, ки дар Хоруғ чӣ мегузарад ва аз сӯи дигар қатъи робитаи телефонӣ масъалаи пули таҳсили ӯро норӯшан боқӣ гузошт. Ин ҳам дар ҳолест, Сония бори аввал ба Душанбе омадааст ва ин шаҳр барояш бегона аст:

«Бо падару модарам алоқа канда шуд пас аз оғози амалиёт. Анун намедонам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба куҷо супорам, чунки бояд аввал бо волидонам машварат кунам. Алоқаи интернет низ канда шудааст, бонкҳо аз кор мондаанд ва волидонам наметавонанд ба ман пул фиристанд. Тариқи ронандаҳои таксии масири Душанбе- Бадахшон ҳам намешавад хат фиристонд, чунки онҳоро ба шаҳр ворид шудан намегузоранд».

Сония изҳор дошт, ки ба оғози имтиҳонҳои қабул рӯзҳои башумор мондааст, вале бинобар набуди иртибот ҳуҷҷатҳояшро ба ягон донишгоҳ насупурдааст, чунки маблағи таҳсил дар дасташ нест ва қарор буд онро волидайнаш тариқи бонк ба вай фиристанд.

Дар ин байн даргириҳои охир миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ беш аз ҳама раванди қабули довталабон ба мактабҳои олии худи Бадахшонро халадор кардааст.

Он гуна, ки Равшанбек Сарабеков, котиби масъули Коммисияи қабули донишгоҳи давлатии Хоруғ ба РО гуфт, раванди ҳуҷҷатсупорӣ ба шӯъбаву факултетҳои ин донишгоҳ ба кундӣ сурат мегирад ва нисбат ба соли гузашта чанд маротиба камтар аст. Ба таъкиди вай, агар соли гузашта ба донишгоҳ 2 ҳазор довталаб ҳуҷҷат супорида бошад, ҳамакнун ин рақам дар ҳоли ҳозир ба 400 нафар мерасад, ки панҷ баробар камтар аст:

«Мо дар тӯли як ҳафтаи охир ҳуҷҷатҳои довталабонро бо иллатҳои амниятӣ қабул намекардем. Имрӯз боз ба кор шурӯъ кардем, довталабон омада истодаанд. Ҳар сол маҳз дар ҳамин даҳ рӯзи охири моҳи июл довталабон ба донишгоҳ ҳуҷҷат месупориданд».

Ҷаноби Сарабеков афзуд, имрӯз умдатан довталабон аз ноҳияи Ишкошим, ки чанд рӯз имконияти вориди Хоруғ шуданро надоштанд ба донишгоҳ ҳуҷҷат супориданд. Аммо бо ин ҳам, дар пайи ҳаводиси ахир имкон дорад дар бархе аз шӯъбаҳо ва факултетҳо камбуди довталаб ба мушоҳида расад.

Алидод Расулов, мудири раёсати макотиби олии Тоҷикистон гуфт, бо дастури вазорати маорифи Тоҷикистон қабули ҳуҷати довталабон то 10 август дароз карда шудааст: «Тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф бо назардошти ҳаводиси охир мӯҳлати қабули довталабон то 10-уми август дароз карда шуд. Аммо барои он донишгоҳҳое, ки миқдори зиёди довталабон ҳуҷҷат супоридаанд, мо ба таври истисноӣ иҷозат хоҳем дод, ки 1-уми август имтиҳоноти қабулро оғоз кунанд».

Ҷаноби Расулов ба саволи мо, ки оё ба он довталабоне, ки дар Хоруғ банд монданд ва имкони дертар супоридани ҳуҷҷатҳояшон дар макотиби олии пойтахт дода мешавад ё не ҷавоби рад дод ва гуфт, ҳама довталабон дар доираи қоидаҳои амалкунанда вориди донишгоҳҳо хоҳанд шуд. Вале магар айби ин довталабон аст, ки дар Хоруғ гурӯҳҳои саркаш мавҷуд будаанду акнун ҳукумат мехоҳад, онҳоро аз байн барад?
XS
SM
MD
LG