Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Қирғистон нерӯҳои амниятӣ ва марзбонии худро дар мавзеи Қизиларт бо Мурғоб тақвият дод.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 27 июн ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки бо оғози нооромиҳо дар Хоруғ, мақомоти сарҳадбонии Қирғизистон марзҳои худро дар имтидоди хатти марз бо қитъаҳои Бадахшон, хусусан дар мазеъи Қизиларт, ки бо Мурғоб ҳаммарз аст, тақвият бахшидааст..

Тоҷикистон бо Қирзистон ҳудуди 911 километр марзи муштарак дорад. Вале Хушнуд Раҳматулоев зикр кард, ки дар нуқоти марзҳои тарафи Суғд вазъ ба ҳолати пештара қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол мақомоти тоҷик дар пасманзари ҳодисаҳои Бадахшон, бо мақомоти Афғонистон низ гуфтугӯҳо анҷом додаанд. Рӯзи панҷшанбе президенти Тоҷикистон бо мақомоти амниятии Афғонистон рӯйдодҳои ахири Бадахшонро баррасӣ кард.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 25 июл президент, Эмомалӣ Раҳмон бо Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Афғонистон ва Раҳматулло Набил, раҳбари амнияти миллии Афғонистон
доир ба тақвияти амниятии марзи ду кишвар, ба вижа дар вилояти Бадахшон
сӯҳбате анҷом додааст.

Дафтари матбуоти расиҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин дидор таваҷҷӯҳи бештар ба вазъи амниятӣ ва ҳаводиси Хоруғ зоҳир шуда, масъалаи тақвияти ҳифзи сарҳади ду кишвар дар минтақаҳои баландкӯҳи Бадахшон, аз ҷумла қитъаҳои наздик ба шаҳри Хоруғ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Раҳбарони мақомоти амниятию низомии Афғонистон бо итминон изҳор доштанд, ки барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади муштарак аз ҷониби кишвари худ ва ҷилавгирӣ аз сарҳадшикании гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангиён ва қочоқбарон чораҳои фаврию муассир меандешанд.

Ба иттилои мақомоти афғон, як гурӯҳи ҷангиёну қочоқбарони афғон, ки бо ҷинояткорони сокини Хоруғ ҳамкорӣ доштанд, аллакай дар хоки Афғонистон дастгир шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Бисмиллохон Муҳаммадӣ, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пас аз мулоқот бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфтааст, ки «онҳо нерӯҳои худро дар марз бештар кардаанд, ин ки бо даст додани имконияте, ҷиноятпешагонро дастгир кунанд”.

Ин дуюмин музокироти Раҳмон бо мақомоти баландпояи Афғонистон дар давоми ҳафтаи ҷорӣ аст. Баъди шурӯи амалиёти вижаи нирӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ, президент Раҳмон дар як сӯҳбати телефонӣ бо президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай роҷеъ ба вазъи Бадахшон ва хатароти эҳтимолии убуру мурури марзи муштарак аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи тоҷик радду бадал карданд.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки вазъ дар Хоруғ ва ҳам дар имтидоди марзи Бадахшон ором аст. Вай гуфт, ки гурӯҳҳои қочоқбаре, ки боиси сар задани ин низоъ дар Хоруғ шудаанд, дар хоки Афғонистон нестанд ва шояд дар кӯҳистони наздик ба Хоруғ паноҳ бурдаанд. Айни замон, роҷеъ ба вазъи амниятии Хоруғ ин дипломати афғон гуфт, ки ҳарчанд ду рӯз мешавад дар Хоруғ оташбас ҳукмрон аст, эҳтимоли сар задани даргириҳоиаз нав вуҷуд дорад. Вай гуфт, ки шахсан худаш тасмим гирифтааст Хоруғро бо далелҳои амниятӣ тарк кунад.
XS
SM
MD
LG