Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саид Ҷалилӣ - ситораи наве дар осмони сиёсати Эрон


Саид Ҷалилӣ
Саид Ҷалилӣ

Раҳбари ҳайати Эрон дар музокироти ҳастаӣ, зоҳиран ба як ситораи тобнок дар осмони сиёсати Ҷумҳурии исломӣ табдил меёбад.

Саид Ҷалилӣ бо онки ҳамагӣ 47 сол дорад, алакай дар чандин мақоми калидии давлати Эрон ифои вазифа кардааст. Ин сарбози собиқи Сипоҳи посдорони инқилоб, ки дар ҷанги солҳои 80-ум бо Ироқ пои росташро аз даст дод, феълан дабири Шӯрои олии амнияти миллист ва ҳамчун намояндаи раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ муҳимтарин масъалаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломӣ - музокирот бо кишварҳои Ғарб - дар дасти ӯст.

Ба бовари нозирон, эътимоди зиёди Хоманаӣ метавонад Ҷалилиро акнун ба зинаҳои болотари арши сиёсати Эрон барорад ва алакай аломатҳое ҳаст, ки майдонсозӣ барои таъмини чунин пешрафти Ҷалилӣ шурӯъ шудааст.

Бо он ки то интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Эрон ҳанӯз як соли дигар боқӣ мемонад, блогнависони тундрав чанд ҳафта боз маъракаи интернетиеро барои матраҳ кардани номзадии Саид Ҷалилӣ ба интихоботи соли 2013-ум ба роҳ андохтаанд. Ҳамзамон дар матбуоти давлатӣ ҳам нашри матолибе зиёд шудааст, ки ӯро як марди пуркору шарафманд ва бо зиндагие хоксорона тасвир мекунанд.

Муриди Хоманаӣ

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Таҳлилгари эронӣ Шаҳроми Рафизода мегӯяд, айни чеҳрасозӣ қабл аз матраҳ кардани номзадии Маҳмуди Аҳмадинажод ҳам дида мешуд: "Як ҷӯр зум шудааст рӯи оқои Ҷалилӣ дар ҷиноҳи ҳоким. Ҳамон тавре ки дар мавриди оқои Аҳмадинажод пеш аз соли 2005-ум мо ҳамин равандро дар расонаҳо ва дар ҷиноҳи ҳоким медидем, ба назар мерасад, ки дар мавриди Ҷалилӣ ҳам ин қазия такрор мешавад.”

Тасаллути Саид Ҷалилӣ бар саҳнаи сиёсии Эрон соли 2001-ум, бо “сабзидан”-и ӯ аз як мақоми хурди давлатӣ то симати мудири кулли дафтари раҳбари рӯҳонии Эрон оғоз ёфт. Дар соли 2005-ум, Маҳмуди Аҳмадинажод, ки тоза ба қудрат расида буд, Ҷалилиро муовини вазири умури хориҷӣ дар умури Аврупову Амрико таъйин кард. Ду сол баъд ба сурати ғайриинтизор Ҷалилӣ раҳбари ҳайати Эрон дар музокироти ҳастаӣ шуд, ки дар он замон бисёриҳо ба маҳзи таҷрубаи нокофии ӯ аз ин иқдоми Аҳмадинажод интиқод мекарданд.

Аммо он рӯзҳо кайҳо паси сар шуда, Саид Ҷалилӣ, ки ба 3 забон - форсиву англисӣ ва арабӣ - сӯҳбат мекунад, дигар барои мавқеи оштинопазираш дар масъалаи барномаи ҳастаии Эрон, равиши “инқилобиву исломӣ”-и ӯ ва ҳам ба маҳзи “бо ирода ва бо қатъият” пушти сар кардани чанд давраи музокирот тавсиф мешавад.

Сомонаи “Рӯзонлайн” ҳанӯз дар моҳи октябр бо такя ба “як мақоми огоҳ” хабар дода буд, ки як гурӯҳи фармондеҳони Сипоҳи дар Эрон пурнуфузи посдорони инқилоб аз Ҷалилӣ хостааст, то барои ширкат дар интихоботи соли оянда омода шавад.

Рақиби Аҳмадинажод?

Маҳмуди Аҳмадинажод
Маҳмуди Аҳмадинажод
Ӯ як муриди воқеии Хоманаӣ шинохта шуда, бо талоши ҳадди аксараш барои иҷрои дастурҳои ин раҳбари рӯҳонии Эрон маъруф аст. Ин ду нукта, ба ақидаи Шаҳроми Рафизода, Саид Ҷалилиро як номзади мақбул дар чашмони “мақоми муаззами раҳбарӣ”, ки қарори маълум, собиқаи кандани болу пари онҳоеро, ки алайҳи ӯ ҳатто мухолифати андаке меварзанд, дорад, ҷилва медиҳад.

Шаҳроми Рафизода мегӯяд: “Аз он ҷое, ки ӯ моил нест, давлатро ба дасти касоне бисупорад, ки бо худаш дучори зовия ё мушкил ҳастанд, ба назар мерасад, дар миёни гузина (интихоб)-ҳои маъдуде дар баробари оқои Хоманаӣ , Ҷалилӣ яке аз онҳоест, ки ба итоати маҳз аз Хоманаӣ эътиқод дорад. Бино бар ин, ин моҷаро эҳтимоли номзад шудани эшон ба мақоми раёсатҷумҳуриро тақвият мекунад.”

Дипломати собиқи эронӣ Ҳусейн Ализода мӯътақид аст, ки парвози Ҷалилӣ ҳадди ақал дар амри ба ҳошияи саҳнаи сиёсӣ рондани Аҳмадинажод, ки бо Хоманаӣ барои қудрати бештар вориди набард шудааст, кумаки қобили мулоҳизае хоҳад кард: "Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки он сарбози пешин худ ба худ зоеъ шуд, як чеҳраи воқеӣ алъон падидор шуд ва ба гумони ман, Ҷалилӣ қабл аз музокироти Истанбул ҳам намояндаи Хоманаӣ будааст ва бо тасвиби ӯ тамоми музокиротро пеш мебурд.”

Бино ба хабарҳо, Ҷалилӣ дар хатти машши Теҳрон дар Истанбулро маҳз дар як дидори тӯлонӣ бо худи оятуллоҳ Хоманаӣ машварат карда буд. Бо ин ҳол, хабарҳое ҳам ба даст меоянд, ки гӯиё тими Аҳмадинажод таҳдид аз ҷониби Ҷалилиро эҳсос карда, барои хунсо карданаш талош меварзад. Вале як хабарнигори муқими Теҳрон бидуни бурдани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, ояндаи Ҷалилӣ тақрибан рӯшан аст ва “агар вазъ дигар нашавад, раисиҷумҳури оянда ӯст.”

Худи Ҷалилӣ ҳадсу гумонҳо дар бораи муносиботаш бо Аҳмадинажод ва эҳтимоли рафтанаш ба интихоботро то ҳол ягон бор дар мазҳари ом ташреҳ накардааст. Ҳусейн Ализода иқдом кардани Ҷалилӣ барои ширкат дар интихоботро баъид медонад ва мегӯяд, “дар байни шахсиятҳои дигаре, ки метавонанд вориди корзор шаванд, ӯ маъруфияти чандоне надорад.” То кунун танҳо Мӯҳсин Ризоӣ – фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорон, ки дар интихоботи соли 2009-ум низ бо Аҳмадинажод вориди рақобат шуда буд, эҳтимоли ширкаташ дар интихоботи соли 2013-ро ҳам сарфи назар накардааст.

Ҳусейн Ализода мегӯяд, шояд ҳадаф аз маъракаи пуштибонӣ аз Ҷалилӣ бахше аз талошҳои режими Эрон барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба интихоботи оянда ба хотири таъмини ширкати бештари мардум ва ба ин васила, иддаои машрӯъияти ин раъйгирӣ бошад. Ин нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон баъд аз корзори пурбаҳси соли 2009-ум аст, ки эълони пирӯзии Аҳмадинажод мунҷар ба мавҷи эътирозҳое шуд, ки Ҷумҳурии исломӣ дар 30 соли таърихаш шоҳид нашуда буд.
XS
SM
MD
LG