Дар ин қонун гуфта шудааст, агар Амрико ва муттаҳидонаш аз сӯи Эрон мавриди таҳдид қарор бигиранд, Иёлоти Муттаҳида метавонад, аз нерӯи низомӣ дар муқобили ҷумҳурии исломӣ истифода намояд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Амрико бо 299 райъи мувофиқ дар баробари 120 раъйи мухолиф буҷаи низомии 642 миллиарду 500 миллиондоллариро барои соли оянда қабул карданд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбе (17-уми май) 201 вакили Маҷлиси намояндагони Амрико аз Барак Обама, раисиҷумҳури ин кишвар хостанд, то фишорҳои иқтисодӣ ва димпломатӣ бар зидди Эронро афзоиш диҳад.
Аз ин пештар сафири Иёлоти Муттаҳида дар Исроил гуфта буд, тарҳи ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон омода шудааст. Ӯ дар гуфтугӯ бо радиои Артиши Исроил баён дошт, "беҳтар он аст, ки масъалаи ҳастаии Эрон аз тариқи дипломатӣ ва бо истифода аз аҳромҳои фишор ҳаллу фасл шаванд, на бо истифода аз нерӯи низомӣ. Вале ин мавзӯъ бад-он маънӣ нест, ки истифода аз нерӯи низомӣ комилан дар дастури кор нест. Ин интихоб алъон дар дастур нест, вале қобили иҷрост.”
Аммр Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия гуфт, иқдоми низомӣ бар зидди Эрон ва Сурия метавонад ба ҷанги ҳастаӣ дар минтақа сабаб шавад. Вай таъкид кардааст, "намехоҳам касеро битарсонам. Вале ҳама бояд ин нуктаро дар ёд дошта бошанд."
Амрико ва муттаҳидонаш Ҷумҳурии исломии Эронро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар ҳоли сохтани силоҳи атомист. Иддаое, ки Эрон борҳо рад кардааст. Дар ҳамин ҳол, қарор аст, Юкиа Амано, мудири Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, рӯзи якшанбе бо сафари кории якрӯза вориди Эрон шавад. Бино ба иттилои расмӣ, зимни ин сафар Юкиа Амано бо Сайид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон ва дигар мақомоти расмӣ гуфтӯгу мекунад.
Сафари Юкиа Амано ба Теҳрон дар остонаи даври нави музокироти қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон дар мавриди барномаҳои баҳсбарангези атомии ин кишвар сурат мегирад, ки рӯзи 23-юми май дар Бағдод сурат хоҳад гирифт. Айни замон дипломатҳои ғарбӣ гуфтаанд, Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ ва Эрон дар масъалаи шеваҳои рафъи нигарониҳо аз барномаҳои атомии Эрон ба пешрафт даст ёфтаанд.