Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳастаии Эрону МАГАТЭ дар Вена оғоз шуд


Даври нави музокироти ҳастаии Эрон ва Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ имрӯз, 14-уми май, дар Вена оғоз шудааст.

Гузоришҳо ҳокист, ки музокиракунандагони МАГАТЭ қасд доранд, дар гуфтугӯҳои худ бо ҷониби эронӣ ба дархости худ барои гирифтани иҷозаи боздид аз таъсисоти Порчин пофишорӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки Саид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, рӯзи якшанбе дар иртибот бо муноқишаи ҳастаии ҷумҳурии исломӣ гуфт, "мақомҳои ғарбӣ даст аз роҳбурди фишор ва иддаоҳои нодуруст бардоранд." Вай илова кард, "мақомҳои ғарбӣ диққат кунанд, бархе изҳорот ғайрисозанда аст."

Бозрасони МАГАТЭ ва бархе манобеи дигар мегӯянд, эҳтимоли он меравад, ки "Эрон саргарми пок кардани шавоҳиди омезишҳои атомӣ аз таъсисоти низомии Порчин дар ҷанубу шарқи Теҳрон бошад", вале Эрон ин иддаоро рад кардааст.

Хабаргузории Ройтерз рӯзи душанбе аз пофишории дубораи музокиракунандагони Оҷонс бар боздид аз Порчин хабар дод ва дар ин робита як дипломати ғарбӣ гуфтааст, "агар Теҳрон дар гуфтугӯҳои Вена посухҳои боварибахш диҳад, қудратҳои ҷаҳонӣ қатъан онро нишонаи дилгармкунанда хоҳанд донист."

Ин дипломат, ки номаш зикр нашудааст, афзуда, ки шикасти эҳтимолии гуфтугӯҳо дар Вена ба маънои пешбинии натиҷаи мушобеҳ (монанд) барои музокироте, ки қарор аст, дар Бағдод анҷом шавад, нест.

Гуфтугӯҳои дурӯзаи Эрон ва МАГАТЭ, ки пас аз се моҳи таваққуф рӯзи душанбе дар Вена ва пушти дарҳои баста оғоз ёфт, дар остонаи даври дувуми музокироти Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар Бағдод сурат мегирад. Ин музокироти ҷумҳурии исломӣ ва Русия, Амрико, Чин, Бритониё, Фаронса бар иловаи Олмон рӯзи 24-уми май дар пойтахти Ироқ доир хоҳад шуд.

Алӣ Акбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон, моҳи гузашта ва пас аз даври аввали музокирот дар Истанбул гуфта буд, Ғарб дар фосилаи боқимонда то музокироти Бағдод дар ҷиҳати эътимодсозӣ ҳаракат карда ва дар ин роҳ нисбат ба рафъи таҳримҳо алайҳи Эрон иқдом кунад. Аммо дипломатҳои ғарбӣ мегӯянд, аввал бояд Эрон қадамҳои мушаххас ва воқеиро дар ростои раъфи нигарониҳои байнулмилалӣ бардорад.
XS
SM
MD
LG