Вазири дифои Исроил гуфтааст, ҷумҳурии исломии Эрон дастоварди наве дар арсаи ҳастаӣ надошта, танҳо ба пешниҳоди намоиш пардохтааст.
"Эрон иғроқ мекунад ва барномаи ҳастаии худро дар вазъияте беҳтар аз он чи ки ҳаст, нишон медиҳад. Барои маросими "намоишҳои эронӣ" набояд аҳамияте қоил шуд",-афзудааст ӯ.
Мақомоти Иёлоти Муттаҳида низ ҷогузории сӯхти ҳастаӣ дар реактор аз сӯи Теҳронро "чизи тоза ва муҳим" надонистаанд.
Рӯзи чаҳоршанбе, 15-уми феврал, аввалин бор дар Эрон маводи сӯхти истеҳсоли дохилӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ин нахустин мила ё хӯлаи маводи сӯхти ҳастаиро раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод вориди реактор кард.
Ҳамчунин рӯзи чоршанбе Эрон эълон кард, ки дар ҷавоб ба таҳримҳои мамолики ғарбӣ содироти нафт ба шаш кишвари аврупоиро қатъ хоҳад кард. Вале мансабдорони эронӣ таъкид кардаанд, ки қатъи содирот фавран ба амал нахоҳад омад.
Сухангӯи Комиссари бахши энерегетикии Комиссияи Аврупоӣ гуфт, агар содироти нафт аз Эрон қатъ шавад, ин кишварҳо, яъне Фаронса, Юнон, Итолиё, Португалия, Ҳолланд ва Испониё аз Арабистони Саудӣ нафт ворид хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҳайати музокиракунандаи Эрон Саид Ҷалилӣ дар номае ба раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Аштон навиштааст, ки Эрон ҳозир аст музокироти барномаи ҳастаиаш дар чорчӯби панҷ ҷамъи якро аз сар бигирад.