Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайкали Ленинро аз боғи Қӯрғонтеппа канданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Коммунистони тоҷик барканда шудани муҷассамаи Ленинро дар шаҳри Қӯрғонтеппа "амали нангин" унвон карданд.

Исмоил Талбаков, вакили порлумон ва ҳамзамон муовини раиси Ҳизби коммунист, гуфт, тасмими шаҳрдории Қӯрғонтеппа барои баркандани ҳайкали Ленин нишонаи беэҳтиромӣ ва нохун задан ба эҳсоси ҳазорон ҷонибдори ин ҳизбу шахси "доҳӣ" аст.

Ӯ афзуд, "набояд фаромӯш кард, ки шаҳри Қӯрғонтеппа ва дар маҷмӯъ, водии Вахш, маҳз тибқи барномаи ҳизби коммунисти Шӯравӣ дар аввалҳои асри XX обёрӣ ва азхуд карда шуд. Имрӯз боис ба таассуф аст, дар шаҳре, ки ободию зебоияш маҳсули идеяи Ленин ва ҳукумати Шӯравист, имрӯз барои ӯ ҷойи по намондааст."

Муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон илова кард, мақомоти шаҳри Қӯрғонтеппа бо баркандани муҷассамаи "доҳии пролетариатҳои ҷаҳон", қонуни марбут ба ҳифзи ёдгориҳои меъмории Тоҷикистонро нақз кардаанд. "Масъули нигоҳубин ва ҳифзи муҷассамаю ёдгориҳо, ки арзиши баланди фарҳангию таърихӣ доранд, ҳокимиятҳои маҳаллианд ва шаҳрдории Қӯрғонтеппаро мебояд ба зудтарин фурсат барои пайкараи Ленин мавзеи дигари мувофиқе пайдо намояд. Ҳамон гуна, ки мақомоти вилояти Суғд кардаанд",-таъкид дошт Талбаков.

Исмоил Талбаков (нафари аввал аз тарафи рост)
Исмоил Талбаков (нафари аввал аз тарафи рост)
Дар ҳамин ҳол, Ҷӯрахон Расулов, мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳрдории Қӯрғонтеппа, гуфт, азбаски Владимир Ленин асосгузори коммунизм шинохта шудааст, мақомоти маҳаллӣ борҳо ба раҳбарияти Ҳизби коммунист муроҷиат карда, хостори мусоидат дар ҳалли сарнавишти пайкараи ӯ шудаанд. Аммо, ба иддаои ӯ, азбаски ҷониби Ҳизби коммунист ба ин масъала беэътиноӣ нишон доданд, ҳукумати маҳаллӣ тасмим гирифтааст, дар оянда тамоми муҷассамаҳои марбут ба Шӯравиро дар мавзеи дигар ҷойгир кунад.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, "ҳар ҷо ки ҳайкали Сталину Ленин ё дигар шахсиятҳои намоёни даврони Шӯравӣ мондааст, бояд ҷамъ оварда шуда, дар роҳраве ҷойгир шаванд. Онҳо ҳам намунае аз таърихи давлати Шӯравиянд, ки Тоҷикистон ҷузъе аз он кишвари абарқудрат буд. Аммо дар бораи барканда шудани ҳайкали Ленин аз боғи марказии Қӯрғонтеппа то ба Шабдолов муроҷиат кардем. "Худатон медонед, ҳукумат медонад, ку "попробовать" кунеду Ленинро бардоред…" гуфта, гапҳои пасту баланд зад..."

Ҷӯрахон Расулов
Ҷӯрахон Расулов
Агар ҳам баркандани муҷассамаи Ленин дар шаҳри Қӯрғонтеппа бархе сокинони солманд ва коммунистонро нороҳат намудааст, гурӯҳе аз ҷавонони маҳаллӣ аз ин тасмими шаҳрдорӣ истиқбол мекунанд. Сӯҳроби Сафариён, ҷавоне аз Қӯрғонтеппа, мегӯяд, "калонсолон мегӯянд, ин муҷассама арзиши баланди фарҳангӣ дорад, аммо аксари ҷавонон ҳоло чунин фикр намекунанд. Намедонам, то куҷо Ленин дар гулгулшукуфии Тоҷикистони Шӯравӣ саҳм гузоштааст, аммо шояд беҳтар аст, ба ҷойи вай муҷассамаи пешвоёни миллату давлати худро бигузорем, на русҳоро."

Муҷассамаи Владимир Ленин, ки бузургтарин пайкараи ӯ дар водии Вахш маҳсуб мешуд, солҳои 60-уми асри гузашта дар боғи марказии фароғати фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа қомат афрохта буд ва шаҳрдории Қӯрғонтеппа ҳоло мехоҳад, дар ин мавзеъ сохтмони бинои театри бузурги миллиро оғоз кунад.

Қурбонбой Муллоев, сармеъмори шаҳрдории Қӯрғонтеппа, гуфт, барои сохтмони бузургтарин театри миллӣ дар Тоҷикистон беш аз 25 миллион сомонӣ маблағи давлат сарф шуда, сохтмони он бояд то панҷ соли оянда ба итмом бирасад. Ӯ афзуд, дар боғи фароғати фарҳангии Қӯрғонтеппа дар баробари ҳайкали Ленин ҳамчунин нимпайкараи Раҳмон Мӯрчаев, масъули пулиси шаҳр дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ҷой дошт, ки низ барчида мешавад.

Дигар дар ин ҷо ҳайкали Ленин нест...
Дигар дар ин ҷо ҳайкали Ленин нест...
"Чархофалакҳоро ба самти дигари боғ кӯчонида, қисмате аз боғро барои сохтмони театр холӣ кардем. Он ҷо муҷассамаи Ленин ҳам халал мерасонд. Нимпайкараи ҷанговари интернатсионалист Раҳмон Мӯрчаевро дар асоси қарори раиси шаҳр ба мактаби миёнаи №11 хоҳем бурд, ки он ҷо Мӯрчаев замоне дарс ҳам гуфтааст",-афзуд ӯ. Аммо дар вилояти Хатлон дар чанд соли охир чандин мавриди баркандани муҷассамаҳои Владимир Ленин сабт шудааст. Соли гузашта дар майдони марказии ноҳияи ба номи Румии вилояти Хатлон дар ҷойи ҳайкали баркандаи Ленин муҷассамаи нави Мавлоно Ҷалолиддини Румиро гузоштанд. Он замон бархе аз сокинони маҳаллӣ ба баркандани пайкараи Ленин мухолифат нишон дода, гуфтанд, ки Владимир Ленин ҷузъе аз таърихи умумии кишварҳои пасошӯравӣ ва Тоҷикистон буда, баркандани ҳайкали ӯ нишони беҳурматӣ ба таърихи сад соли охир мебошад.

Аз бойгонӣ: "Суқут"-и Ленин дар Хуҷанд

"Суқут"-и Ленин дар паси пардаи торикӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG