Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Румӣ ҷои Ленинро гирифт


Муҷассамаи Ҷалолиддини Румӣ
Муҷассамаи Ҷалолиддини Румӣ

Дар майдони марказии ноҳияи ба номи Румӣ, дар ҷойи ҳайкали Ленин муҷассамаи нави Мавлоно Ҷалолиддини Румиро гузоштанд.

Муҷассамаи Мавлоно Румӣ дар маҳалле барафрохта шуд, ки қаблан он ҷо ҳайкали Владимир Ленин, поягузори давлати Шӯравии собиқ, воқеъ буд. Аммо баркандани пайкараи Ленин бархе аз сокинони маҳаллиро нороҳат кардааст.

Фарҳангшинос Неъмат Шералиев, аз сокинони солманди минтақа, мегӯяд, барафрохтани муҷассамаи Мавлоно Румӣ дар ноҳияе, ки номи ӯро дорад, зарур буд, аммо набояд дар ивазаш ҳайкали «доҳии пролетариатҳои ҷаҳон» барканда мешуд: «Кандани ҳайкали Ленин нишонаи бефарҳангии мост, ин як ҷаҳлу ҷоҳилият аст. Шикастҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо мурури замон дармон меёбанд. Аммо шикасти маънавӣ ҳеҷ гоҳ. Мардум, ки дучори шикасти маънавӣ шуд, таърихро фаромӯш мекунад, ҳайкалҳоро зери по месозад. Донишманде ҳам гуфтааст, ки агар мо ба сӯйи гузаштагони худ, таърихи худ санг ҳаво диҳем, фардо ба сӯйи худи мо санг хоҳанд андохт. Намояндагони як миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг, ки мо худро меросбари ин фарҳанг меномем, набояд чунин рафтор кунанд…»

Ба гуфтаи ҷаноби Шералиев, Владимир Ленин ҷузъе аз таърихи умумии кишварҳои пасошӯравӣ ва Тоҷикистон буда, баркандани ҳайкали ӯ нишони беэҳтиромӣ ба таърихи сад соли охир хоҳад буд.

Вале мақомоти ҳукумати ноҳияи Румӣ мегӯянд, майдони марказии ноҳия ҷойи муҷассамаи Мавлоно Румист, ки ноҳия номи ӯро дорад, на ҷойи муҷассамаи Ленин, ки ин пайкара холӣ аз арзишҳои баланди фарҳангию меъморӣ буд.

Руҳулло Ҳакимов, раиси ноҳияи Румӣ, гуфт, тарҳи бозсозии майдони марказии ноҳияи Румӣ ва муҷассамаи Мавлоноро фонди бадеии вазорати фарҳанги Тоҷикистон
Руҳуллоҳ Ҳакимов, раиси ноҳияи Румӣ
Руҳуллоҳ Ҳакимов, раиси ноҳияи Румӣ
бо сарфи ду миллион сомонӣ анҷом додааст. Ҷаноби Ҳакимов афзуд, дар умури бозсозии майдони собиқи ба номи Ленин ва имрӯза Румӣ бештар ҷавонон ширкат варзида, касе барои баркандани ҳайкали Ленин мухолифати ҷиддӣ нишон надодааст:

«Мо касеро маҷбур накардем, ки омада дар бунёди пайкараи Мавлоно Румӣ ва боғи атрофи он ширкат варзанд. Ҳар рӯз, то нисфи шаб, 200-300 нафар сокини ноҳия худашон ихтиёран омада, дар умури бозсозӣ иштирок карданд. Ҳеҷ кас мухолифи баркандани ҳайкали Ленин набуд, ҳама аз муҷассамаи Ҷалолиддини Румӣ истиқбол карданд…»

ДАР ҶУСТУҶӮИ ҶОЙ БАРОИ ЛЕНИН

Раиси ноҳияи Румӣ афзуд, ки ҳайкали Ленинро дар осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия муваққатан ҷойгир кардаанд. Вай ба сокинони «норозӣ»-и баркандани ҳайкали Ленин қавл додааст, ки ояндаи наздик ин муҷассама ва пайкараҳои чеҳраҳои дигари саршиноси замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар боғи марказии фароғати фарҳангии ноҳия қомат хоҳанд афрохт.

Аммо Ҳабибулло Раҷабов, мудири осорхонаи ин ноҳия, мегӯяд: «Ҳайкали Ленин дар осорхона нест. Барои ҷойгир кардани муҷассамаи Ленин дар осорхона имконоти фаннӣ даст намедиҳад, зеро фаршҳои кӯҳнаю фарсудаи осорхона вазни ин муҷассамаро бардошта
наметавонистааст. Ҳоло муҷассамаи Ленин, ки ҳангоми барканданаш як дасташ шикастааст, дар рӯйи ҳавлии идораи роҳу нақлиёти маҳаллӣ хоб аст…»

То замони баркандани ҳайкали Ленин, ҷойи ӯ дар майдони марказии ноҳия, дар рӯ ба рӯйи бинои ҳукумати маҳаллӣ қомат афрохта буд. Ҳамакнун ҷойи ӯро муҷассамаи Мавлоно Румӣ иваз кардааст.

Бархе аз сокинони маҳаллӣ мегӯянд, бояд барои ҳайкали Румӣ мавзеъи дигаре интихоб мешуд, чун дар миёни хосу ом майдони маркази ноҳия бо муҷассамаи Владимир Ленин «зеб дошта» ва ба номи ӯ шинохта шудааст.
XS
SM
MD
LG