Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабдолов мегӯяд, “таърихро аз байн набаред.”


Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон
Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон

Раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон баркандани ҳайкали Ленин аз маркази Хуҷандро ғайриқонунӣ донист.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфт, "ҳайкалҳо дар марказҳои шаҳру вилоятҳо ва маркази Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давраҳои муайян гузошта шудаанд. Ба ин хотир ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳаққи кандани ҳайкалҳои Ленинро надоранд. Дар масъалаи кандан, аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчонидан ва ғайра бояд қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ содир шавад."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00
Линки мустақим


Ҷаноби Шабдолов ба ин назар аст, ки бояд қарори ҳукумат низ дар бораи баркандани пайкараҳои Ленин асос дошта ва ҳадафи ба ҷое интиқол додани он низ рӯшан бошад.

Замоне ки пайкараи Ленин барканда мешуд... Шаби 30-юми майи соли 2011
Раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон вуҷуди ҳайкалҳои Ленин ва дигар асосгузорони низоми коммунистиро хотираи таърихии миллати тоҷик медонад ва мегӯяд, "таърихро аз мафкураи худ бардоштан бо ҳайкалкӯчонӣ намешавад. Давраи Советӣ, ҳукумати Советӣ, партияи коммунистиро барои мо ҳамонҳо сохтаанд. Каси дигаре ин корро накардааст. Ин хотираи таърихӣ бояд аз ёди мардум наравад. Он давра гузашт ва ислоҳ карда намешавад. Хубиаш фаровон буд, ҳарчанд камбудӣ ҳам дошт."

Шодӣ Шабдолов мутмаин аст, ки маҳз даврони Шӯравӣ ва асосҳои ленинӣ буд, ки имрӯз Тоҷикистон давлати мустақил аст. Ҳатто ба таъкиди ҷаноби Шабдолов, бо он ки Исмоили Сомонӣ давлатеро таъсис дод ва беш аз 100 сол низ пойдорӣ кард, вале барои мо тоҷикон давлатеро ба мерос нагузошт.

Ба ин далел, раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон ба ин назар аст, ки ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар даврони Шӯравӣ ба вуҷуд омад, аз байн нарафт, балки давлати имрӯзии тоҷикон идомаи он аст.


Нигаронии Шодӣ Шабдолов аз он аст, ки муносибат ба таърихи гузашта, ки меҳвари имрӯзӣ аст, дуруст ба роҳ монда нашудааст. Дар ҳоле ки ба таъкиди ӯ "ҳатто дар Аврупо таърихро аз байн намебаранд, балки онро ҳифз мекунанд. Чеҳраҳои таърихӣ, ҳатто агар ба сиёсати имрӯзии ин кишварҳо низ мухолифат дошта бошад, ҳанӯз ҳам дар маркази таваҷҷӯҳи давлатҳои Аврупо қарор дорад. Чун таърихи он миллатҳо аст."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:26 0:00
Линки мустақим


Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъи раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон пешниҳод дорад, то таърихи мардум ва миллати тоҷикро набояд аз байн бурд, балки онро ҳифз кард, то барои ояндагон воқеъият ва маҳаки таърих рӯшан бошад.

Аммо Зулфия Умарова, як масъули ҳукумати шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи кандани ҳайкали Ленин бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон сурат гирфта ва ин муҷассама ҳамроҳ бо дигар ҳайкалҳо дар Боғи Ғалабаи шаҳр гузошта хоҳад шуд.

Шаби 30-юми май, дар паси пардаи торикӣ ва ҳалқаи пулису мақомот дар Хуҷанд муҷассамаи Ленин барканда шуд. Ин пайкара соли 1974 дар замони ҳукумати Шӯравӣ гузошта шуда, бо 24 метр баландӣ бузургтарин ҳайкали доҳии коммунистҳо ба ҳисоб мерафт.

Мақомоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯяд, дар ҷойи пайкараи Ленин, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, бунёдгузори давлати тоҷикон гузошта хоҳад шуд.

Ба қавли онҳо, пайкараи Ленин пас аз тармим чун як ёдгории таърихӣ дар боғи иштирокдорони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар маҳаллаи 18-уми маркази вилояти Суғд ҷой хоҳад гирифт.

"Суқут"-и Ленин дар паси пардаи торикӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG