Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутъа: Никоҳи муваққат ё "зинои қонунӣ"?


Уламои аҳли суннат ва ҷамоат дар Тоҷикистон мегӯянд, бояд занон ҳангоми издивоҷ бо хориҷиён ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Дар қонунгузориҳои Тоҷикистон дар бораи никоҳи муваққат ишорае нарафтааст. Давлати Тоҷикистон никоҳеро расмӣ мешуморад, ки дар Идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ё ЗАГС сабти ном ёфтааст.

Ин аст, ки ҳуқуқдонҳои тоҷик мегӯянд, никоҳи динӣ, чи доимӣ бошад, чи муваққат, дар назди мақомоти расмӣ эътибор надорад. Вале ин мавзӯъ бештар рӯҳониёнро нигарон кардааст, ки онҳо дар баробари қонунҳои давлат ба қонунҳои шариат ва аҳкоми мазҳаби худ низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

Бархе аз уламои аҳли тасаннун аз занони мусалмони Тоҷикистон даъват доранд, то дар издивоҷ бо пайравони аҳли ташшаюъ, ки миёни онҳо никоҳи мутъа (сиға ё муваққат) маъмул аст, аз эҳтиёт кор бигиранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи рӯҳонии тоҷик, Эшони Абдулбасир, баъзе афрод метавонанд аз камсаводии динӣ ва соддагии занони тоҷик дар ин маврид ба нафъи худ сӯистифода кунанд.

Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷик, ҳам мегӯяд, бояд духтарону занони тоҷик ҳангоми издивоҷ бо пайравони мазоҳиби дигар қарордоди пешакӣ бубанданд. Вагарна, ба гуфтаи ӯ, чанд муддате дар никоҳи онҳо монда, сипас дар нимароҳи зиндагӣ бо ду дасти холӣ хоҳанд монд.

Никоҳ, аммо барои замони муайян

Никоҳи сиға ё муваққат дар Тоҷикистон маъмул нест. Аммо дар чанд соли ахир дар нишасту бархостҳо ва суолу ҷавоб бо рӯҳониёни тоҷик ин мавзӯъ бештару бештар матраҳ мешавад. Эшони Абдулбасир мегӯяд, аҳли тасаннун никоҳи муваққатро қабул надоранд ва онро камтар аз "зино" ҳам намешуморанд.

Эшони Абдулбасир (Саидов)
Эшони Абдулбасир (Саидов)
Ин рӯҳонии тоҷик гуфт, бино ба бовари уламои аҳли суннат ва ҷамоат никоҳе, ки барои замони муайяне баста мешавад, поя надорад ва ҳаром аст. “Касе, ки агар ҳамин гуна никоҳ ва ҳамхобагӣ мекунад, зино ба шумор меравад. Яъне, ин навъи никоҳ аз зино фарқе надорад”,-афзуд ӯ. Эшони Абдулбасир мегӯяд, аҳли суннат ва ҷамоат никоҳеро эътироф мекунанд, ки зану мард барои зиндагии якҷоя то дами марг аҳд мебанданд: “Агар бо ҳамин ният никоҳ кунанд, дуруст мешавад. Вале нияти зиндагии якмоҳа ё думоҳаро дошта бошанд, дуруст нест.”

Издивоҷи "бофазилат"

Издивоҷи муваққатро "мутъа" ё "мунқатеъ" ва ё "сиға" ҳам меноманд. Ин издивоҷ аз он сабаб мутъа номида шудааст, ки "мард аз зан дар муддате, ки қарор бастаанд, нафъу лаззат ва таматтӯъ мебардорад.” Чунин никоҳ дар миёни пайравони шиа роиҷ аст ва бар хилофи мавқеи аҳли суннат онҳо ин навъи никоҳро "бофазилат" мешуморанд. Уламои аҳли шиа дар даҳҳо навори видеоӣ ин мавзӯъро шарҳ дода, ба ин боваранд, ки чунин никоҳ дар баробари никоҳи доимӣ дуруст аст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:30 0:00
Линки мустақим


Ҳуҷҷатулислом Каримӣ, яке аз рӯҳониёни аҳли ташшаюъ дар Эрон, дар вебгоҳи “Мушовир” ба ин мавзӯъ пардохта ва чунин таъкид кардааст: “Издивоҷи муваққат як издивоҷест дар канори издивоҷи доим. Ҳамаи афроде, ки издивоҷ накардаанд, метавонанд ин корро анҷом бидиҳанд. Ҳатто мардҳое, ки ҳамсар доранд, низ метавонанд издивоҷи муваққат намоянд. Аз назари фатвои фуқаҳо мушкиле ва қайду шарте надорад. Албатта, дар баъзе ривоятҳо наҳй шуда, ки он ривоёт қобили баррасист. То ҳоло ҳар кадоме далели худро доранд.”

Назари ҷавонони тоҷик

Зубайдуллоҳи Розиқ
Зубайдуллоҳи Розиқ
Дар шабакаи Ютюб низ наворҳои дигареро ҳам пайдо карда ва тамошо кардан мумкин аст, ки сокинонии одии Эрон назари худро дар бораи никоҳи сиға баён доштаанд. Агар як гурӯҳи кӯчаки онҳо мухолифаташон дар баробари ҳамчунин издивоҷро баён доштаанд, аммо аксарият аз он истиқбол кардаанд. Вақте ин мавзӯъро бо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Мой мир"-и русӣ дар миён гузоштем, чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам назари худро дар бораи никоҳи сиға баён доштанд.

Теъдоди зиёди онҳо гуфтанд, ки никоҳи муваққатро қабул надоранд, чун ба гуфтаи онҳо ин навъи никоҳ дуруст нест. Як ҷавон ҳатто ин суолро дар миён гузошт, ки "никоҳи сиға чӣ гуна никоҳ аст?" Вале яке аз ин назарнависон гуфт, ҷонибдори никоҳи мутъа мебошад, дар ҳоле ки ба бовари ӯ, касе то ҳол исбот накарда, ки ин никоҳ кай ва чӣ гуна мансух шудааст.

Исмоилиҳо чӣ мегӯянд?

Пайравони Исмоилия, як шохаи мазҳаби аҳли ташшаюъ, ки дар Тоҷикистон ҳам ба сар мебаранд, мегӯянд, онҳо чунин издивоҷе надоранд ва онро эътироф ҳам намекунанд. Сардорбек Ҳазорабеков, мутахассиси Идораи дини ҳукумати вилояти Бадахшон, гуфт, пайравони Исмоилия ба ҳангоми никоҳ аҳд мебанданд, ки то охири умр ба якдигар содиқ монда, дар канори ҳам зиндагӣ ба сар хоҳанд бурд.

Ӯ афзуд, танҳо дар сурати аз ҳам талоқ гирифтан ва ё дар сурати фавти шавҳар ё зан, яке аз онҳо ҳақ дорад, ки бо нафари дигаре издивоҷ карда, ба зиндагии худ идома бахшад.

Аз дидгоҳи ҳуқуқдонҳо

Бо ин ҳол, мавзӯи издивоҷи муваққат натанҳо дар миёни рӯҳониёни тоҷик, балки ҳуқуқдонҳои кишвар ҳам то ҳадде матраҳ аст. Зафар Қурбонов, ҳуқуқдони тоҷик, кори илмии худро дар бораи никоҳи мутъа ва ё сиға навиштааст. Қурбонов бо такя ба ҷустуҷӯҳои илмии худ мегӯяд, ин навъи никоҳ дар оғози пайдоиши дини мубини Ислом вуҷуд дошт, аммо баъдан, вақте ки аз он мардон ба нафъи худ зиёд сӯистифода карданд, мансух гардид. Ин ҳуқуқдони тоҷик гуфт, ҳадаф аз никоҳи муваққат дар оғози пайдоиши Ислом ба маънои сарпарастии тифлону заноне буд, ки падару ҳамсарони онҳо ба ҳангоми ҷанг бо аҳли куфр кушта шудаанд, на лаззати нафсонӣ бардоштани мардон аз занон.

Зафар Қурбонов
Зафар Қурбонов
Дар китоби "Никоҳи мутъа аз нигоҳи аҳли суннат ва ҷамоат", ки онро торнамои "IslamHouse" нашр кардааст, омада, ки "иҷоза барои издивоҷи мутъа дар ибтидои Ислом ин буд, ки он ҳангом адади мусулмонон кам буд ва бинобар фишорҳои пайиҳами душманон, ҳар кас наметавонист таклифаҳои ҳамсардорӣ ва оиларо бардошт кунад. Ҳолати иқтисодии онон ба дараҷае поён буд. Он ҳангом шариат бо мадди назар ба ҳама ҳолатҳои шадиди онон, муваққатан издивоҷи мутъаро мубоҳ гардонида буд, то аз онон сахтиҳо рафъ гардад ва мушкилоти издивоҷ ҳалли худро ёбад. Дере нагузашта аз он наҳй кард ва такроран бар наҳйи он исрор ва пойфишорӣ намуд.”

Эҳтиёт...

Ин нуктаро Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷик, низ таъкид карда ва мегӯяд, аҳли тасаннун ба ин боваранд, ки паёмбари Ислом хӯрдани гӯшти хар ва издивоҷи муваққатро дар ҷанги Хайбар манъ кардаанд. Зафар Қурбонов, ҳуқуқдони тоҷик, ба паҳлуи дигари мавзӯи никоҳи муваққат дахл карда ва гуфт, фарзандоне, ки аз никоҳи мутъа ба дунё меоянд, ҳаққи гирифтани меросро нахоҳанд дошт. Ӯ ба ин назар аст, ки чунин бархӯрд бо фарзандон нақзи ҳуқуқи дастрасии онҳо ба мерос мебошад.

Ин мавзӯъ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бархе аз занони тоҷик дар чанд соли пеш ба консулгарии Эрон дар Душанбе муроҷиат карда ва ҳамсарони худро, ки шаҳрвандони Эрон будаанд, ҷустуҷӯ карданд. Шавҳароне, ки бо онҳо ду ё се моҳ оиладорӣ карда ва сипас ғайб задаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба чунин мушкил рӯҳониёни аҳли тасаннун дар Тоҷикистон мегӯянд, бояд занони тоҷик дар издивоҷ бо атбои хориҷӣ аз эҳтиёт кор гирифта, бо онҳо ё шартномаи никоҳ имзо кунанд ва ё дар баробари никоҳи динӣ никоҳи расмӣ низ бикунанд, ки минбаъд дар кӯчаи сарсонӣ наафтанд.
XS
SM
MD
LG