Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои уламо "талоқҳои телефонӣ"-ро манъ мекунад?


Раиси Кумитаи дин гуфт, Шӯрои уламо ба зудӣ дар мавриди "талоқҳои телефонӣ" фатво содир хоҳад кард.

Зеро ба таъкиди Абдураҳим Холиқов, талоқҳои телефонӣ мухолиф ба шариат ва давлати ин кишвар буда, ба парешонии хонаводаҳо оварда мерасонанд.
Талоқҳои телефонӣ мояи нигаронии амиқи ҷомеа, қабл аз ҳама занони муштипар, ки ба ҳангоми муҳоҷирати мардон тамоми бори зиндагии бар дӯши онҳост, мегардад...


Талоқҳои телефонӣ умдатан аз сӯи муҳоҷирони кории тоҷик иттифоқ меафтад ва онҳо бо фиристодани паёмак ё СМС ҳамсари худро талоқ медиҳанд.

Бегим аз ҷумлаи ҷавонзанони тоҷик аст, ки шавҳараш ӯро тариқи телефон ва он ҳам СМС талоқ додааст. Вай дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, воқеан ин барояш дар зиндагӣ зарбаи сахте буд. Зеро интизор надошт, шавҳаре, ки ҳафт соли ҳаёташро бо ӯ гузарондааст, рӯзе тариқи фиристодани паёми телефонӣ ӯро талоқ медиҳад.

"ТАЛОҚҲОИ ТЕЛЕФОНӢ" ОМОР НАДОРАД

Садбарг, хоҳари шавҳари Бегим, дар ин бора гуфт, "келини мо ин ҳарфро бовар накард, то он замоне ки шавҳараш пас аз ду сол наомад ва бо забонаш калимаи талоқро нагуфт. Вай мегуфт, ин дурӯғ аст ва ман боз зиндагиро идома медиҳам. Ҳатто ягон ашёи хонааашро низ беҷо накард."

Ба мисли Бегим садҳо зан дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ҳастанд, ки шавҳаронашон аз хориҷ, бахусус Русия, тариқи телефон ва он ҳам бо фиристодани СМС онҳоро талоқ додаанд ва зиндагиашон аз ҳам пошидааст. Тайи ду соли ахир ин раванд дар ҳоли густариш буда, мушкилоти иҷтимоиро ба бор овардааст.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси омори расмӣ дар як соли гузашта талоқ ва фурӯпошии оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш будааст ва ба ҳудуди 5 ҳазор расидааст. Аммо бо ин ҳам мақомоти давлатӣ дар мавриди талоқҳои телефонӣ оморе дар даст надоранд.



ЗАН Ё КАНИЗ?

Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Маҷмаи уламои ҲНИТ, сабаби аслии талоқҳои телефониро чунин баршумурд, "мушкили аслӣ мушкилоти муҳоҷират аст. Аз сӯи дигар дар Тоҷикистони мо ва умуман дар Осиёи Миёна ҳуқуқи зан шинохта намешавад ва духтаре, ки ба як хона келин шуда меояд, аз падарарӯс шурӯъ карда, то модарарӯсу дигару дигар дар симои ин духтар канизро мебинад ва як амали ноитоатии арӯс боис ба он мешавад, ки ба ӯ занг мезананд ва дар ниҳоят шавҳар ба ҷойи асли воқеаро фаҳмидан хонумашро зери маломат мегирад ва бар забонаш калимаи талоқро меорад."

Ҷаноби Розиқ ба ин бовар аст, ки маҳз дурии зану шавҳари ҷавон заминаи ҳар гуна баҳонаро барои талоқи онҳо фароҳам меорад. Аз сӯи дигар, вай мегӯяд, баъзе аз муҳоҷирон баъд аз гирифтани зани дуввум дар Русия зани аввали худро дар Тоҷикистон сар медиҳанд ва ин боис ба хархаша дар оилаҳо мешавад, ки дар ниҳоят ба талоқи телефонӣ меанҷомад.

Дар ҳар сурат, талоқҳои телефонӣ мояи нигаронии амиқи ҷомеа, қабл аз ҳама занони муштипар, ки ба ҳангоми муҳоҷирати мардон тамоми бори зиндагии бар дӯши онҳост ва афзун бар ин мақомот гардидааст.

МАВҚЕИ КУМИТАИ ДИН


Абдураҳим Холиқов
Ин аст, ки Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, эълом кард, ки Маркази исломии Тоҷикистон ба зудӣ дар ин робита фатво содир хоҳад кард. Зеро ба таъкиди ҷаноби Холиқов, бояд пеши роҳи чунин амали номатлуб, ки мунҷар ба пошида шудани оила мегардад, гирифта шавад.

"Дар ҳақиқат ин масъаларо дар якҷоягӣ бо Шӯрои уламо баррасӣ кардем. Ин ҳам аз назари ислом ва ҳам аз назари давлат номумкин аст, ки тариқи телефон оиларо вайрон кард. Оиларо бунёд кардан кори осон нест. Кумита дар ин самт корҳоеро анҷом дода истодааст. Қарори дахлдор, фатворо Маркази исломии Шӯрои уламо бе ягон мушкилӣ содир хоҳад кард"
,-афзуд ӯ.

Бархе аз донишмандон ва шахсиятҳои рӯҳонии Тоҷикистон содир шудани фатво тавассути Шӯрои уламои ин кишвар дар заминаи талоқҳои телефониро қадами ҷиддӣ дар ҷиҳати ҳизфи оила ва оиладорӣ ва аз ҷумла мақому мартабаи зан дар ҷомеа медонанд.

"ТАЛОҚ БОЯД ЗАРАР НАОВАРАД"

Умаралӣ Назарзода
Умаралӣ Назарзода, раиси Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, дар ин бора мегӯяд, "Бигузор марде, ки занро ба зиндагии якҷоя даъват намуда ва бо вай ҳузурӣ никоҳ кардааст ва чунин тасмиме дорад, пас, ба хотири зиндагии якҷоя, ки дошт ва ҳамчунин қадру қиммати зан, бояд дар наздаш нияташро эълом кунад."

Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, аз шахсиятҳои рӯҳонии Тоҷикистон, суннати талоқро чунин шарҳ медиҳад, "суннати талоқ ҳамин аст, он касе, ки бо он хонум зиндагӣ карда наметавонад бояд биояд бубинад, бо ӯ маслиҳат кунад. Дар рӯзгори пайғамбарон низ талоқ воқеъ шудааст. Барои ҳамин талоқ навъе шавад, ки ба ҳар ду тараф зарар наоварад."

Дар бархе аз кишварҳо муқарароте аст, ки дар сурати шаш моҳ бо ҳам зиндагӣ накардани зану мард, ақди никоҳи онҳо ба таври автоматӣ лағв ва ё бекор мешавад.

ТАЛОҚ ВА ҚОНУНҲОИ ДУНЯВӢ

Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода
Аммо ин гуна муқарарот дар қавонин Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ба гуфтаи Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдони тоҷик, танҳо талоқи марду зан он гоҳ ба таври автоматӣ бекор мешавад, ки яке аз тарафҳо фавт кунад.

Аммо ҷаноби Юсуфов мегӯяд, додрасҳо ҳамеша талош мекунанд, то тарафҳоро то ҳадди имкон барои ҳифзи оила даъват намоянд, ки, албатта, замон мехоҳад: "Ҳифзи оила дар Тоҷикистон аз сиёсатҳои умдаи давлат аст. Ба ин далел, ҳар замон онҳоро даъват мекунанд, ки ба мусолиҳа биоянд ва баррасии парвандаи онҳо ин аз се то шаш моҳ мӯҳлат мехоҳад."

Ҳамакнун суоли матраҳ ин аст, оё фатвое, ки Шӯрои уламо содир хоҳад кард ва агар ин тасмим ба хотири манъи мавориди талоқҳои телефонӣ бошад, аксарияти мардум онро қабул мекунанд ё хайр?

Ҳоҷӣ Салоҳиддин, яке аз соҳибназарони умур, дар ин бора мегӯяд, "аксарият қабул надоранд, ҳарчанд илоҷ надоранд. Ҳоло ҳам ягон далели шаръӣ нест барои манъ кардани талоқ. Дар оят ҳам нест ва замони ҳазрати пайғомбар телефон набуд ва ба ин хотир гуфтагӣ аст, ки талоқ воқеъ мешавад, ба нутқ. Инро далел карда домуллоҳои имрӯза гуфтанд, ки хоҳ вай телефонӣ аст ва ё хоҳ нома, яъне катбӣ талоқ воқеъ мешавад."

ФАТВОҲОИ НОКОМИЛ

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта низ Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар мавриди манъи рафтани занон ба масҷид фатво содир карда буд, ки мухолифатҳоеро ба бор овард. Занони намозгузор ҳарчанд ин фатворо қабул надоштанд, аммо ноилоҷ буданд.

Ин аст, ки бархе аз уламои дин ва онҳое, ки аз мунтақидон ҳастанд, пешниҳод доранд, ки Шӯрои уламои Маркази исломиро лозим аст, то бо шахсиятҳои варзидаи исломӣ машварат кунад ва бо далелу бурҳони қотеъ фатвое содир кунад, ки ҳам мавриди пазириши ҷомеа қарор бигирад ва ҳам боис ба обрӯи ин ниҳоди мазҳабӣ гардад.

Ҳарчанд ба таъкиди ин соҳибназарон Маркази исломии Шӯрои уламои дин, вобастаи Кумитаи дини назди Ҳукумати Тоҷикистон аст ва ин далели он аст, ки ин сохтор дар тасмимгириҳои хеш мустақил нест.
XS
SM
MD
LG