Идораи шиносномадиҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд додани шиноснома (паспорт)-ҳои хориҷиву биометриро ба далели набуди варақа ё бланк ва "мушкили фаннӣ" қатъ кардаанд. Ин аст, ки дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ афроди зиёде ҷамъ омада, рӯзҳо барои дарёфти шиноснома навбат мепоянд.
Бахтиёр, як сокини ноҳияи Исфара, мегӯяд, як моҳ боз натавонистааст шиносномаи хориҷӣ бигирад. Ӯ дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, муддати 40 рӯз Идораи шиносномадиҳии шаҳри Исфара ва вилоятӣ дар Хуҷанд ба вай ваъда додаанд, ки шиносномаи хориҷӣ медиҳанд, аммо дар охир аз қавли худ гаштаанд.
Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, "гуфтанд, ки барои шиносномаи хориҷӣ бланк надоранд. Дар Хуҷанд шиносномаи биометриро дар як ҳафта мегирӣ гуфтанд, аммо вақт гузашт, боз ҳам надоданд." Бахтиёр мегӯяд, бар иловаи он ки ба ӯ шиносномаи хориҷӣ надоданд, маблағҳои ба хадамоти шиносномадиҳии Исфараю Хуҷанд додаашро низ ба ин зудӣ баргардонданӣ нестанд.
Ҳоло дар Идораи шиносномадиҳии вилояти Суғд ҳудуди 250 нафар барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва биометрӣ дар навбат истодаанд, ки бештари онҳо зоирони Ҳаҷ мебошанд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, "аксарияти онҳо дар як ҳафта шиноснома мегирем гуфта, 225-долларӣ додагаанд. Аммо ҳеҷ кас ҳоло шиноснома нагирифтааст. Аз он тараф ҳукуматҳои маҳаллӣ аз онҳо талаб доранд, ки агар дар давоми се рӯз шиносномаи хориҷиатонро пешниҳод накунед, аз рӯйхати ҳаҷравандагон хат мезанем."
Аз Идораи дини ҳукумати Суғд инро, ки ба ҳаҷравандагон дастури зуд гирифтани шиносномаи хориҷиро додаанд ва дар акси ҳол аз рӯйхати ҳаҷравандагон берун хоҳанд кард, рад намуданд. Мазбут Воҳидов, сармутахассисси ин идора гуфт, "ин ҳарфҳо асос надоранд. Мо ягон хел супориш надодем, ки ҳатман дар чанд рӯз шиносномаи биометрӣ бигиранд. Танҳо аз онҳо хоҳиш кардем, ки нусхаҳои шиносномаҳои тоҷикӣ ва хориҷии худро пешниҳод кунанд."
Ба хотири огоҳ шудан аз сабабҳои мушкили гирифтани шиносномаи хориҷӣ рӯзи душанбеи 4-уми июн ба Хадамоти шиносномавӣ ва ба қайдгирии раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Суғд рафтем. Дар толор чанд нафар ҳозир буданд ва бархе барои гирифтани шиноснома санад месупориданд. Аммо миёни онҳо каси шиносномагирифта ба назар намерасид.
Яке аз онҳо, ки худро Ҳабиб, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, муаррифӣ кард, дар суҳбат бо мо гуфт, барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ омада, вале посухи рад гирифтааст: "Гуфтанд, фардо ё пасфардо хабар гирам. Ба шиноснома додан, ки шурӯъ карданд, маро ба навбати 243-юм мегузоранд." Шӯҳрат ном сокини Хуҷандро дар Хадамоти вилоятии шиносномадиҳӣ барои гирифтани шиносномаи биометрӣ умедвор кардаанд: "Гуфтанд, ҳуҷҷатҳоро ба онҳою ба бонк 75 доллару 80 сомонӣ супорам, дар 15 рӯз шиносномаамро омода карда медиҳанд."
Ба гуфтаи мусоҳибони мо, Хадамоти шиносномадиҳӣ барои дар 3 рӯз гирифтани шиносномаи биометрӣ аз шаҳрвандон 225 доллар ва барои дар як ҳафта омода кардани шиноснома 150 доллар талаб мекунанд. Вале оё сабаби таваққуф дар додани шиносномаи хориҷиву биометрӣ ба шаҳрвандон, махсусан зоирони Ҳаҷ дар чист? Посухи ин суолро аз Музаффар Алиҷонов, сардори раёсати хадамоти шиносномавию ба қайдгирии раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Суғд пурсидем. Ӯ кӯтоҳ гуфт, "сабаби асосиаш ҳамин аст, ки бланкаи ҳамон паспорт нест... Ман ба Шумо баъд гап мезанам."